Як узви собиқи Фронти Халқӣ аз мақомот хост, шарти иштироки довталабон дар интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистон содда шавад. Қувваталӣ Муродов аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ талаб кард, ки гаравпулӣ ва теъдоди имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳоро коҳиш диҳанд. Инчунин, ӯ гуфтааст, набояд салоҳияти президент ва раиси ҳукуматро як нафар дар ихтиёр дошта бошад.
Чаро чунин пешниҳод карданд?
Дар шароити Тоҷикистон ҳар кас наметавонад дар маъракаи интихоботӣ иштирок кунад. Ба шарте ки боз ҳам ба мақсади ҷавлонзанӣ набошад ё сохташуда аз ҷониби ҳукумат набошадАбдумалик Қодиров
Муродов рӯзи 1-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният доранд аз миёни фаъолони собиқи Фронти Халқӣ як нафарро ба ҳайси номзади президентӣ дар соли 2020 пешбарӣ кунанд. “Барои ҳамин, пешниҳод дорем, ки ҷамъоварии имзо ҳадди ақалл то 150 ҳазор кам карда шавад. Барои афроди худпешбарӣ ҷамъоварии имзоҳо то 25 ҳазор кофӣ бошад”, - афзуд ӯ.
Феълан барои пешниҳоди номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ҷамъоварии беш аз 210 ҳазор имзои афроди қобили раъй зарур аст. Ҳамин талабот буд, ки соли 2013, дар интихоботи ахири президентӣ, номзади ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ Ойниҳол Бобоназарова, ба гуфтаи мақомоти КМИР, натавонист шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад. Он замон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ки бо ҳамин далел, номзадии Бобоназарова ба қайд гирифта намешавад, вале худи мухолифон ангезаҳои сиёсиро далели аслии аз қайд маҳрум мондани номзади нерӯҳои оппозитсия унвон карданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Салоҳияти конститутсионии президенти кунунӣ ба охир мерасад"
Як хости дигари Қувваталӣ Муродов ин аст, ки гаравпулии номзадҳо барои сабтиноми онҳо кам карда шавад. Қувваталӣ Муродов мегӯяд, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди онҳо, номзади узви Фронти халқии собиқ дар интихоботи президентии соли 2020 Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. "Тасмими дар интихоботи ояндаи президентӣ ширкат кардани узви ин фронт дар он аст, ки пас аз ду соли дигар салоҳияти конститутсионии президент ба охир мерасад", - шарҳ дод ӯ.
Ин фаъоли собиқи Фронти Халқӣ чанд рӯз қабл ба номааш аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷавоб гирифтааст. Ният дорад, барои ислоҳи қонуни интихоботи президент ва соддатар кардани ин маъракаи муҳим ба порлумон низ муроҷиат намояд.
Ҷавоби КМИР ба номаи Муродов
Комиссияи марказии интихобот ба номаи Қувваталӣ Муродов гуфтааст, аъзои собиқи Фронти Халқӣ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар интихоботи президентиро доранд. Дар номаи КМИР, ки нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, гуфта мешавад, "номзадҳо ба мақоми президентӣ метавонанд на камтар аз 25 рӯз қабл аз маъракаи интихобот ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд".
Ин узви собиқи Фронти халқӣ ба таври мушаххас дар бораи барномаҳои ин гурӯҳ дар интихоботи ду соли оянда тафсилот надод, аммо гуфт, онҳо мехоҳанд, дар ҳаёти сиёсии кишвар ширкат дошта бошанд. Вай гуфт, ба он хотир дар ин марҳала чунин пешниҳод карданд, ки ду сол баъд салоҳияти конститутсионии раиси ҷумҳур ба поён мерасад.
Ҳар кас наметавонад, ки...
Дуруст соли 2020 мӯҳлати ду давраи 7-солии президентии Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасад. Бо инки қонуни интихоботи президентӣ моҳи ҷорӣ бо таҳрири нав ба тасвиб расид, ҳанӯз ҳеҷ нафар дар бораи имкони эҳтимолии ширкаташ дар интихобот изҳори омодагӣ накардааст.
Таҳлилагарон мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон ширкати афроди ҷудогона ва намояндаҳои ҳизбҳои сиёсиро дар интихоботи президентӣ иҷозат медиҳад, вале то ҳол ҳеч интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ё порлумонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашудааст. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, гуфт, барои ширкат дар интихобот бояд номзадҳо барномаи ҷиддии интихоботӣ дошта бошанд, ки тавонанд мардумро ба худ ҷалб кунанд. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, ҳизбҳои сиёсӣ бояд номзадҳои худро омода кунанд.
“Ба ҳар ҳол, феълан дар шароити Тоҷикистон ҳар кас наметавонад дар маъракаи интихоботӣ ширкат кунад. Ба шарте ки боз ҳам ин чиз ба мақсади ҷавлонзанӣ набошад ва ё аз ҷониби ҳукумат сохташуда набошад”, - шарҳ дод ӯ.
"Интихобот рақси рӯи ях нест"
Абдумалик Қодиров гуфт, интихобот “рақси рӯи ях нест”, балки як маъракаи сиёсӣ аст ва сарфу харҷи ҷиддӣ талаб мекунад.
Бино ба Қонуни асосии Тоҷикистон як шахс наметавонад беш аз ду дафъа номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шавад. Аммо пешниҳоди лағви маҳдудиятҳо барои ширкати раиси ҷумҳури кунунӣ ба ҳайси “Пешвои миллат” дар интихоботҳои президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ин имконро низ боқӣ мегузорад, ки дар интихоботи соли 2020 номзадиашро пешбарӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар ин муддат қонуни интихобот се дафъа нав шудааст.