Паёми президент ва орзуи Турдибеков

Шоҳид Турдибеков, сокини 53-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ки солҳо боз дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст, барои шунидани шарҳи паёми президент дар Маскав даъват шуд. Ӯ барои расидан то Маскав аз минтақаи Жуковский 45 километрро тай кард. Барои ӯ шунидани паёми солонаи президент баҳона буд. Турдибеков мехост, ҳузури нақди намояндагони Тоҷикистонро барои ҳалли мушкили худаш истифода кунад.

Вакилони порлумон паёми президентро ба муҳоҷирон расонданд, аммо маълум нест, ки онҳо паёмҳои муҳоҷиронро барои шароити беҳтари кор ва пуштибонии ҳукумат аз ҳудуди як миллион шаҳрванди кишвар ба президент мерасонанд ё на.

"40 ҳазор рубли маро диҳед"

Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 13-уми январ аз вакилони порлумони Тоҷикистон, ки нуктаҳое аз паёми президентро ба гурӯҳи муҳоҷирон шарҳ медоданд, хост, то дар баргардондани 40 ҳазор рубл маоши думоҳааш аз як корфармои рус кумак кунанд.

Бардошти Шоҳид Турдибеков аз суҳбати вакилон ин аст, ки президент дар паёмаш барои сокинон зиндагии хубе ваъда кардааст. Ӯ рӯзи 16-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, албатта, зиндагии шоиста дар Тоҷикистон орзуи ҳар як муҳоҷир аст, вале ҳоло ӯ ба маблағи ҳаққи кораш ниёз дорад, ки ноодилона пардохт нашуд. Вакилон ба Шоҳид Турдибеков ваъда карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират арзи ӯро ба додситонии Русия мерасонанд.

"Аз Русия бихоҳед, патентро аз байн барад"

Шоҳид Турдибеков солҳо боз барои кор ба Русия меояд ва зиндагии ҳамсару се фарзандашро мечархонад. Ӯ дар як корхона посбон аст ва моҳе 30 ҳазор рубл мегирад. "Нархи патент 4300 рубл буд. Ҳоло 500 рубли дигар зиёд шуд. Нисфи маошамон дар патент сарф мешавад. Дар ҳамин вохӯрӣ гуфтем, ки Тоҷикистон як кор кунад, ки Русия патентро барҳам диҳад, зиндагии мо хуб мешавад", - гуфт Шоҳид Турдибеков.

Вакилони тоҷик дар Маскав

Иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирони корӣ вобастагии шадид дорад. Муҳоҷирон соли 2014 ба ватан 4 миллиард доллар ва соли 2018 бо назардошти таҳримҳои зидди Русия ва коҳиши иқтисоди он 1 миллиларду 900 миллион доллар фиристоданд. Будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 2,5 милилард доллар аст. Аммо муҳоҷирон бисёр вақт аз ин озурда мешаванд, ки саҳми онҳо аз ҷониби ҳукумат зиёд қадрдонӣ намешавад.

Паём ҳарфе дар бораи муҳоҷирон надошт, аммо...

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, охири соли гузашта ба порлумон ва мардум паём дод ва ин маросим тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш шуд. Тибқи маъмул ҳар сол намояндагони порлумон гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳанд ва паёми раиси ҷумҳурро ба дуртарин гӯшаҳои Тоҷикистон мерасонанд. Гурӯҳи намояндагони порлумон ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки Шоҳид Турдибеков бо онҳо дар Маскав мулоқот кард, бо ҳадафи шарҳи паёми президент ба Русия рафтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи ироаи паёми солона

Аммо муҳоҷирон аз намояндагони ҳукумат ба суолҳои худ посух хостанд. Онҳо аз мушкилоте сӯҳбат кардаанд, ки ҳалли онҳо бе дахолати ҳукумати Тоҷикистон имкон надорад.

Ҳокимҷон Холиқзода, вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар чанд шаҳру навоҳии Русия бо муҳоҷирон сӯҳбат кардааст, рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳоҷирон аксаран аз кӯтоҳ будани мӯҳлати сабти буду бош дар Русия шикоят доштанд ва хостанд, ки порлумон бояд роҳҳои қонунии ҳалли ин проблемаро ҷустуҷӯ кунад".

Дар паёми солонаи президент ҳарфи мустақиме дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ гуфта нашуд, вале Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар паём нуктаҳое ҳаст, ки бевосита ба муҳоҷирон рабт дорад. Ӯ гуфт, се соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва сабукиҳо ба соҳибкорони истеҳсолиро муҳоҷирон метавонанд барои беҳтар кардани зиндагиашон дар ватан истифода кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Манъи рондани таксӣ ғорати навбатии муҳоҷирон аст”. ВИДЕО, САДО

“Бисёр муҳоҷироне ҳастанд, ки аз деҳот ҳастанд. Онҳо шояд паёмро тамошо накардаанд. Дар сӯҳбат ин чизҳо гуфта шуд, то онҳо ҳам барои ободии ватан ва ҳам барои беҳтар кардани зиндагиашон дар ватан кӯшиш кунанд. Ин имконияти бисёр хуб аст, ки бояд муҳоҷирон огоҳ бошанд”, - фзуд ӯ.

Манъи ҳиҷоб ва ҳабс барои “лайк”

Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое дастрас мекунанд, ки хушҳолкунанда нест. Мавзӯи меҳварии сӯҳбати аксари муҳоҷирон, ба гуфтаи Баҳодур Каримов, муҳоҷири 24-солаи тоҷик, ҳоло манъи ҳиҷоб барои бонувон дар Тоҷикистон, ҳабс кардан барои як "лайк" ва мушкили парвоз ба кишвар аст. Ин мавзуъҳо, ба гуфтаи ӯ, бисёриҳоро аз рафтан ба Тоҷикистон ва сароямогузории хурд бозмедорад.

Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, воқеан дар ҷараёни сӯҳбат аз ҷониби муҳоҷирон дар бораи манъи ҳиҷоб суол шуд.

“Вакилон гуфтанд, ки ҳеҷ қонун қабул нашудааст ва аз муҳоҷирон хостанд, ки ба иғво дода нашаванд. Албатта, таъкид шуд, ки аз гурӯҳҳои ифротгаро худатонро дур бигиред. Одамонро барои лайк мондан не, балки барои ҷонибдорӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд”, -шарҳ дод ин намояндаи ҳизби ҳоким дар Русия.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Убайдуллоев: Тақдири 345 000 муҳоҷири тоҷик дар Русия “номаълум аст”. САДО

Муҳоҷирони корӣ ба сурати умум як нерӯи муташакил нестанд ва дар ғурбат бештар ба хешон, ҳамдеҳаҳо ва ҳамшаҳриҳои худ такя мекунанд. Чанд талоши истифодаи онҳо ба сифати нерӯи муташакили сиёсӣ нофарҷом буд. Аз муҳоҷирон маъмулан вақти овоздиҳӣ дар интихобот ёд мекунанд.

“Аз нигоҳи сиёсӣ таъсиргузор нестанд, аммо...”

Боир Саидов, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфт, ба сурати умум муҳоҷирони тоҷик аз лиҳози сиёсӣ нерӯи таъсиргузор нестанд, вале аз лиҳози иқтисодӣ нерӯи таҳрикдиҳандаи зиндагӣ дар кишвар ҳастанд. Ба қавли Саидов "доду ситад"-и байни муҳоҷирон ва ҳукумат баробар нест. Муҳоҷион бо интиқоли пул ба хонаводаҳояшон бори ҳукуматро осон мекунанд, аммо ҳукумат талаби муҳоҷиронро камтар иҷро мекунад.

“Мушкили нафақаи онҳо пас аз бозгашт ба ватан ҳал нашуд. Бимаи тиббӣ надоранд. Бештар ниёз ба ҳимояи иҷтимоӣ доранд. Маълум нест, ки дар ватан онҳо аз кадом ҳисоб нафақа хоҳанд гирифт. Инҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон таъсиргузор ҳастанд, вале на аз ҷониби кишвари мизбон ва на аз ҷониби кишвари худашон пуштибонӣ намешаванд", - гуфт Боир Саидов.

Вакилони порлумон паёми президентро ба муҳоҷирон расонданд, аммо маълум нест, ки онҳо паёмҳои муҳоҷиронро барои шароити беҳтари кор ва пуштибонии ҳукумат аз ҳудуди як миллион шаҳрванди кишвар ба президент мерасонанд ё на.