Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирӣ ё ҳимоят аз соҳибкорон 300 рӯзи ислоҳот эълон кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр дар паёми дусоатааш ба порлумон, инчунин, гуфт, ҳамагуна санҷиши фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ аз тарафи Додситонии кул, Оҷонсии мубориза бо коррупсия, идораи андозу Палатаи ҳисоб ва гумрук дар солҳои 2019-2020 манъ карда шавад.
- Ба Додситонии кулли Тоҷикистон дастур дода шуд, нисбат ба ҳамаи мақомот, ки ба фаъолияти соҳибкорон дахолат мекунанд, чораҷӯӣ кунад.
Ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо.
Бисёре аз соҳибкорони тоҷик аз тафтишу санҷишҳои пайвастаи мақомот, аз ҷумла идораи андозу сӯхторнишонӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, агар ба зудӣ муносибат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ беҳтар нашавад, тиҷорат на танҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар ба берун хоҳанд рафт.
Дар оғози моҳи декабри имсол гурӯҳе аз соҳибкорон аз вилояти Суғд бо навиштани як номаи дастҷамъӣ ба унвонии раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ичунин, вазири саноат шикоят карда буданд, ки дар назди корхонаи онҳо "постгоҳҳои андоз" гузошта шудааст.
Нахустин вокунишҳо ба паём:
Тоҷикистон – аз аграрӣ ба саноатӣ
Президент Раҳмон инчунин дар паёми имсолаи худ пешниҳод кард, ки саноатӣ кардани кишвар ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон шавад. То ба ҳол таъмини амнияти ғизоӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва даст ёфтан ба истиқлоли энержӣ се ҳадафи муҳими ҳукумати Тоҷикистон номбар мешуд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, то соли 2030 саҳми саноат дар рушди кишвар бояд ба 22 дар сад расонида шавад.
Раиси ҷумҳур ҳамзамон пешниҳод кард, ки соли оянда воридоти ашёи хом аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар бозор 64 дар сади ҳаҷми онро пули нақд ташкил медиҳад, ки хеле зиёд аст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон феълан дар ҷаҳон аз лиҳози тавлиди нерӯи барқи “тоза” дар ҷойи шашум қарор дорад. “Баъди пурра ба кор даровардани нерӯгоҳи "Роғун" Тоҷикистон метавонад ба ҷойи як ё дувум барояд. Ин саҳми Тоҷикистон дар раванди ҳифзи муҳити зист дар ҷаҳон аст", - афзуд ӯ.
- “...дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.”
Омӯзгорон аз "аттестатсия" гузаранд
Раиси ҷумҳур афзуд, ки давоми ду соли ахир лимити барқ дар саросари кишвар аз байн рафта ва Тоҷикистон тавонист ба берун аз кишвар барқ содир кунад. Ӯ гуфт, бо такмил шудани нерӯгоҳи "Роғун" ва татбиқи тарҳи минтақавии CASA-1000, иқтидори содиротии барқи Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба ислоҳот дар соҳаи маориф низ даъват намуд ва пешниҳод кард, ки ҳамаи устодон дар се сол як дафъа аз “аттестасия” гузаранд. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳи пасти таълим дар мактабҳову донишгоҳҳоро Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти аслии арсаи маориф донист.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ ва русиро аз омилҳои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон номид ва пешниҳод кард, ки соатҳои дарсии ин забонҳо дар мактабҳо бештар карда шаванд. "Барои он, ки дар сафи кишварҳои мутамаддин ҷой гирем, бояд сатҳи маърифатнокии ҷомеа баланд бошад", - афзуд ӯ.
- “...кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд.”
Даъват ба ислоҳоти додгоҳӣ ва муқовимат бо терроризм
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба ислоҳот дар сохторҳои додгоҳиву ҳуқуқӣ таъкид кард. Вай, инчунин, хост, мақомот ҳарчи зудтар тарҳи қонуни муқовимат бо терроризмро таҳия карда ва ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
“Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост”, - афзуд раиси ҷумҳур.
Қабл аз ироаи паём бархе аз сокинон гуфта буданд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба порлумон бештар ба масъалаи кишоварзӣ, ҳимоят аз муҳоҷирон, кам кардани андоз, наҷоти синфи миёна, озодии бештар ба расонаҳо ва кумак ба матбуоти даврӣ тамаркуз кунад.
Ба андешаи бархе аз сокинони Тоҷикистон, дар суханронии президент чанд масоиле сарфи назар шуд, ки барои рушди сиёсии кишвар мусоидат мекунад. Аз ҷумла, ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, кишвар ба фазои бозтари сиёсӣ ва фаъолияти ҳамаҷонибаи сохторҳои демократӣ ниёз дорад.
Ӯ гуфт, "боис ба таассуф аст, ки дар робита ба такмили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва тадбирҳои ҷиддӣ барои мубориза бо фасод ва зуҳуроти дигари номатлуби ҷомеаи Тоҷикистон дар ин паём матраҳ нашуданд. Ҳамчунин боиси таассуф аст, ки раиси ҷумҳур бо изҳори камбудҳо дар ҷомеа роҳҳои ҳалли онро пешниҳод накард."
Чанд пешниҳоди мардум пеш аз паём:
Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 16 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент, гурӯҳҳои вижа таъсис дода мешаванд, ки нуктаҳои суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум шарҳ медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.