Файзулло Сангалиеви 65-сола, раиси маҳаллаи Арчаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод, 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, рӯзи 8-уми январ худро дар зери шифти хонааш ба дор овехт ва сокинони ин деҳаи хурдро ҳайрон кард.
- Нурулло Файзуллоев, раиси ҷамотаи деҳоти Меҳробод, рӯзи 11-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Сангалиевро рӯзи чоршанбе дар қабристони Арча дафн карданд.
Баъди онки ҷанҷолҳо сар шуд, раиси маҳалла ба назди ман омад. Вай гуфт, ки ягон бор кораш ба милиса наафтодааст, чӣ кор кунад. Гуфтам, ҳар вақте даъват карданд, хабардор кун, ман ҳам ҳамроҳат меравам.
Шикояти ҳамсоя: Маро зад
Чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса Файзулло Сангалиев ба идораи пулис даъват шуд ва мақомот раиси маҳалларо ба он муттаҳам карданд, ки бе иҷозаи Идораи барқи ноҳия ба деҳа хатти барқ кашидаст. Деҳаи Арча 16 оила дорад ва ҳамагӣ баъди ҷанг, баъди соли 1997, тадриҷан ба ин мавзеъ кӯчида, барои худ маҳалли зист бунёд кардаанд. Онҳо барқ надоштанд ва баъди машварат аз ҳар хоҷагӣ 1000 сомонӣ ҷамъ карданд ва аз деҳаи ҳасмсоя хатти барқ кашиданд. Мегӯянд, ки пули барқро ҳар моҳ мусупориданд.
Файзулло Сангалиевро баъди шикояти яке аз сокинони деҳа ба идораи милиса даъват карданд, ки дар заминаи насупурдани пули обу барқ бо раиси маҳалла ҷанҷол дошт. Ин сокини маҳалла, ки хонаводаи Сангалиев ӯро Манучеҳр Саъдуллоев муаррифӣ карданд, гуфтааст, ки раиси маҳалла ӯро латту кӯб кард.
"Мегуфт, ман шарманда мешавам"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: На барқ, на обу роҳ. "Тақдири шӯр"-и Иттиҳоди Данғара. ВИДЕОХонаводаи Файзулло Сангалиев мегӯянд, ба дунболи ин ҷанҷолҳо масъалаи бе мувофиқаи идораи барқи ноҳия ба деҳа кашидани хатти барқ пайдо шуд ва Сангалиевро бисёр афсурда кард. Яке аз хешони ӯ, ки нахост номаш ошкор шавад, иддао кард, "корманди пулис ба марҳум Сангалиев таҳдид кардааст, ки барои интиқоли ғайриқонунии барқ ба деҳа ӯро ба кунҷи зиндон мебарад".
"Баъди ҳамин гуфт, ки дар ин қадар умр додгоҳро надида будам, бо риши сафедам чӣ хел маро маҳкам мекунанд, ман шарманда мешавам”, - нақл кард хеши Сангалиев.
Нурулло Файзуллоев, раиси ҷамоати Меҳробод тасдиқ кард, ки кашидани хатти барқ ба маҳаллаи Арча бе мувофиқаи идораи барқ сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, "баъди онки ҷанҷолҳо сар шуд, раиси маҳалла ба назди ман омад. Вай гуфт, ки ягон бор кораш ба милиса наафтодааст, чӣ кор кунад. Гуфтам, ҳар вақте даъват карданд, хабардор кун, ман ҳам ҳамроҳат меравам. Бисёр инсони хуб буд, ба касе кор надошт, намедонам чаро худкушӣ кард”.
ВКД: Худкушӣ ба бозпурсӣ рабт надорад
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳақиқат Файзулло Сангалиев ба мақомоти умури дохилии ноҳияи Файзобод даъват шуда буд ва дар заминаи даъвои ҳамсоя баёнот дод. Вале ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, рабти худкушии ӯ баъди бозпурсӣ тасдиқи худро наёфта ва ин даъво асос надорад.
Додситонии ноҳияи Файзобод аз рӯи ҳодисаи худкушии Сангалиев парванда боз кардааст.
Файзулло Сангалиев соҳиби 4 фарзанд буд ва ҳамсараш се сол пеш аз дунё гузаштааст.
Арча яке аз маҳаллаҳои дур аз маркази ноҳияи Файзобод аст. Дар ин маҳалла, ба қавли раиси ҷамоати деҳоти Меҳробод, 16 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Ин маҳалла як мактаби то синфи нуҳ дорад ва баъди хатми синфи нуҳ хонандагон ба маҳаллаҳои бузургтар барои идомаи таҳсил мераванд.
Деҳкадаҳои бе обу барқ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бо мусоидати сафорати Русия оилаи Бековҳо соҳиби барқ шудМасъалаи бунёди деҳаҳои нав ва кӯчидани хонаводаҳо аз як минтақа ба минтақаҳои нообод ва насби хатти интиқоли барқу об ва муҳайё сохтани зербиноҳои дигар барои зиндагӣ аз ҳисоби худи сокинон танҳо хоси маҳаллаи Арча нест. Деҳкадаҳои бе обу барқ дар гӯшаҳои дур аз шаҳру навоҳӣ ҷой доранд. Ба мавзеъҳои нообод асосан онҳое мекӯчанд, ки аз имкони ками иқтисодӣ бархӯрдоранд. Мақомоти маҳаллӣ аз мавҷудияти ин мавзеъҳои нав хабар доранд, аммо барои ободонии онҳо пул надоранд.
Аҳолии кишвари кӯҳдомани Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон ба 9 миллион расид, бо суръат афзоиш дорад ва бинобар пешгӯҳои мақомот то соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид.