Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз марги даҳ нафар дар Файзобод. Беш аз 1 млн $ барои об


Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) рӯзи 28-уми сентябр иттилоъ дод, ки ният дорад барои таҷдид ва азнавсозии шабакаи обрасонӣ дар ноҳияи Файзобод 1 миллиону 200 ҳазор доллар қарз бидиҳад. Масъулони ин бонк гуфтанд, ин маблағ ба хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияи Файзобод дода мешавад, ки масъули таҷдид ва азнавсозии шабакаҳои обу корез дар ин ноҳия аст.

Онҳо гуфтанд, 1 миллиону 200 ҳазор доллар барои лоиҳаи шабакаҳои обрасонӣ ва корези Файзобод ҳанӯз кофӣ нест ва барои иҷрои пурраи ин тарҳ дар маҷмуъ 4 миллион доллар зарур аст.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳоле аз азмаш барои ихтисоси 1 миллиону 200 ҳазор доллар барои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дар Файзобод эълон кард, ки ду сол қабл маҳз ҳангоми тармими қубури оби худсохт аз ҷониби аҳолӣ фоҷеа рух дод.

Рӯзи 3-юми апрели соли 2015 дар панҷкилометрии деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод 10 нафар ҳангоми тармими қубури об зери ярч монданд. Ҳангоми аз лой берун кашидани қубур ҷарӣ аз боло чаппа шуда, боис ба ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла 8 ҷавон шуд.

Баъд аз амалиёти ҷустуҷӯи ҷасадҳо баъди як ҳафта ҷасади 8 нафар аз зери хок берун шуд ва бо ҳамин амалиёт хотима ёфт.

XS
SM
MD
LG