Садама дар роҳи Ҳисор. Корманди БДА худро гунаҳкор намедонад. ВИДЕО

Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) ба таҳқиқи садамаи нақлиётие оғоз кардааст, ки бо иштироки нозири он прапоришки калони милиса Ғаффор Ғуломов дар роҳи ноҳияи Ҳисор рух додааст.

Тайи ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд

"Аз донишгоҳ ба хона бармегашт"

Дар ин ҳодиса дар ҳудуди маҳалали Чоряккорон, Фараҳноз Раҳматоваи 18-сола осеб дида, феълан таҳти назари пизишкон дар бемористони Қарияи Болои Душанбе аст. Табибон гуфтанд, устухони коси Фараҳноз Раҳматова аз ду ҷой шикаста, сараш осеби ҷиддӣ дидааст. Ҳодиса бегоҳи 6-уми декабри имсол рух додааст.

Фараҳноз Раҳматова дар соли дувуми Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ва дар риштаи забони чинӣ таҳсил мекунад. Вай дар рӯзи ҳодиса аз дарс ба хонаашон (Чоряккорон) бармегашт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Корманди БДА дар муолиҷаи духтари ҷабрдида саҳм мегирад, вале мегӯяд, бегуноҳ аст

"Падару амакҳояш ронанда ҳастанд ва маро мефаҳманд"

Манобеъ дар Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Ҳисор рӯзи 12-уми декабр гуфтанд, ки садама аз беэҳтиётӣ рух додааст ва хулосаи ниҳоиро тафтишот баён хоҳад кард. Прапоршики калони милиса Ғаффор Ғуломов низ иддао дорад, ки ҳодиса тасодуфӣ буд ва ӯ баъди садама духтарро ба бемористон бурда ва барои табобаташ кумак мекунад.

“Аз тарафи Ҳисор ба сӯи шаҳр мерафтам. Соат панҷи бегоҳ буд. Чанд нафар аз роҳ давида мегузаштанд, ки “фалокат” рух дод. Табобати Фараҳноз Раҳматоваро бар дӯш гирифтам. Падару амакҳои духтар ронанда ҳастанд ва ҳатман маро мефаҳманд”, - шарҳ дод ӯ.

Шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд. Бархе аз афроде, ки бегоҳи шашуми декабр лаҳзаи садамаро шоҳид буданд, гуфтанд, мошини нозири БДА бо суръати баланд меомад ва Фараҳнозро ба масофаи деҳ метр дур партофтааст.

Яке аз шоҳидон бе зикри номаш гуфт, “нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ савори “Мерседес” буд ва зоҳиран як мошини “Опел”-ро таъқиб мекард”. Вале Ғаффор Ғуломов мегӯяд, бо суръати маъмулӣ ҳаракат дошт ва ҳеҷ ронандаро таъқиб намекард. Вай гуфт, “вақте роҳгузарҳо ба чашмам афтоданд, ки масофа хеле кам монда буд”.

Зуҳрия Насриддинова

"Нозири БДА ва фарзандонаш дар паҳлӯи мо ҳастанд"

Вақте ба Корпуси панҷуми бемористони Қарияи Боло рафтем, Фараҳноз Раҳматоваро аз Шуъбаи эҳё (реаниматсия) ба утоқи маъмулӣ гузаронданд. Зуҳрия Насриддинова ва Иззатулло Шарифов – наздикони Фараҳноз Раҳматова – гуфтанд, ки феълан пизишкҳо ба табобати сари ӯ машғуланд, ки осеби ҷиддӣ дидааст.

Наздикони Фараҳноз гуфтанд, дар ҳоли ҳозир нисбат ба Ғафор Ғуломов даъвое надоранд. “Ба мо саломатии Фараҳноз муҳим аст. Ҳоло вазъи ӯ андак беҳтар шуда, ба худ омадааст ва канда-канда гап мезанад. Ҳам корманди БДА ва ҳам фарзандонаш дар канори мо ҳастанд. Дар пайдо кардани доруҳо кумак мекунанд”, - гуфтанд онҳо.

Иззатулло Шарифов

Садамаҳо

Солҳои охир дар манотиқи кишвар чанд садамаи нақлиётӣ бо иштироки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ сабт шудааст. Аз ҷумла, шаби 8-уми ноябри имсол старшина Аъзам Амиршоев, корманди БДА-и шаҳри Кӯлоб, сокини 44-солаи ҳамин шаҳр Қурбоналӣ Ҳакимовро пахш кард. Дар натиҷа Ҳакимов даргузашт.

Зимнан дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Моҳи июли соли 2017 дар як изҳороташ президент Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки дар 7 соли гузашта дар кишвар беш аз 10,5 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух додааст.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар мезананд.