Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марг дар зери чархи мошини муфаттиш


Додситони кулли Тоҷикистон дар нисбати Иззатулло Шамсуллозода, муфаттиши собиқи додситонии ноҳияи Ховалинг барои ба ҳалокат расонидани ду сокини ноҳияи Восеъ дар як садамаи нақлиётӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб чоршанбеи 1-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса шаби 14-уми июл дар шоҳроҳи деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ноҳияи Восеъ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Иззатулло Шамсуллозода ҳангоми ҳаракат аз самти

Як ҳуқуқшиноси мустақил мегӯяд, ин ҳам як бахши фасод аст, чунки бархе кормандони ҳифзи қонун "ба умеди ин ки рӯзе ба кӯмаки ҳамдигар мерасанд", талош мекунанд аз сангин шудани ҳолати ин шахс пешгирӣ кунанд.

Данғара ба сӯи Ховалинг, Рамазон Асламови 33-сола ва Фатҳулло Расулови 25-соларо зер кардааст. Бар асари ин садама Рамазон Асламов дар бемористон ва Фатҳулло Расулов се рӯзи баъд ҷон додаанд. Гуфта мешавад, ки ҳар ду қурбонии ин ҳодиса ҳини вуқӯи садама таҳти таъсири машрубот будаанд.

Манбаъ афзуд, ки тафтишоти ин ҳодисаро додситонии вилоят оғоз кард ва баъди фавти қурбонии дуввум, Додситонии кулл тафтиши онро ба дӯш гирифт. Дар ҳоли ҳозир Иззатулло Шамсуллозода аз кор озод карда шуда, "дар ихтиёри кадрҳо" гузошта шудааст. Худи Иззатулло Шамсуллозода барои шарҳи ин ҳодиса дастрас набуд.

Ҳодисаи ҳамсон дар Кӯлоб: муфаттиш аз "об хушк" баромад

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Фирдавс Ҳалимови 15-сола зери чархи мошини муфаттиши корҳои дохилии ин шаҳр монд ва баъди интиқол ёфташ ба бемористон, ҷон дод.

Саҳнаи пахш кардани Фардавси 15-сола
Саҳнаи пахш кардани Фардавси 15-сола

Баъди даргузашти Фирдавс Ҳалимов, додситонии шаҳри Кӯлоб дар нисбати капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиёти Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб тафтиш оғоз кард. Баъди чанде эълон карданд, ки дар ин ҳодиса капитани милиса гунаҳгор набуда, ҳодиса бо сабабҳои "техникӣ" рух додааст.

Шикоят фоида надорад?

Додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле санҷиши парвандаи парвандаи муфаттиши додситонии Ховалингро рӯи даст гирифтааст, ки хонаводаи ду сокини Восеъ дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, ки алайҳи муфаттиш Иззатулло Шамсуллозода даъвое надоранд, зеро "шикоят кардан фоидае надорад".

Яке аз наздикони Фатҳулло Расулови 25-сола 1-уми август гуфт, ки падару модари Фатҳулло ва Рамазон аз ҳодисаи ба сари наздиконашон омада шикоят намекунанд ва чора дидан дар нисбати муҷримро ба мақомот ҳавола кардаанд.

Хонаводаи Фатҳулло Расулов ва Рамазон Асламов дар ҳоле аз шикоят аз болои муфаттиш даст кашиданд, ки хонаводаи Фирдавс Ҳалимови 15-сола барои ба муҷозот кашида шудани капитан Саъдмумин Исломов талош карданд, аммо ин муфатттиш аз "об хушк баромад" ва ҳеҷ ҷазое нагирифт.

Масъулони додситонии минтақаи Кӯлоб низ дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Саидмӯъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии давлатии автомобилии ин шаҳрро, ки гумонбари марги наврасе дар пайи садамаи автомобилӣ дониста мешуд, бегуноҳ эълон кард.

Ба гуфтаи додситонӣ, баъди ташхиси дубора низ Маркази ташхиси тиббию додгоҳии вилояти Хатлон хулоса дод, ки "Саидмӯъмин Исломов имкони пешгирӣ аз садамаро надошт" ва аз ҷавобгарӣ озодаш кардаанд.

Як ронандаи оддӣ мебуд...

Зимнан, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ба ҷои ин муфаттишон як ронандаи оддӣ мебуд, кайҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда ва боздошташ мекарданд. Ҳоло наздикони ду нафар низ бовар надоранд, ки Иззатулло Шамсуллозода муҷозот шавад.

Дар Тоҷикистон аз тарзи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ, ки дар онҳо гумонбарон ваё содиркунандагони ҷиноят кормандони ҳифзи қонун мебошанд, зиёд интиқод мешавад. Мунаққидон мегӯянд, ки кормандони ҳифзи қонун ваё додгоҳҳо талош мекунанд ҳамкорону ҳамтоёнашонро ба ҷавобгарӣ накашанд ва бо истифода аз имкониятҳо дар қонун роҳҳои сабуккунандаи ҷазо барои ҳамтоёнашонро татбиқ кунанд.

Як ҳуқуқшиноси мустақил мегӯяд, ин ҳам як бахши фасод аст, чунки бархе кормандони ҳифзи қонун "ба умеди ин ки рӯзе ба кӯмаки ҳамдигар мерасанд", талош мекунанд аз сангин шудани ҳолати ин шахс пешгирӣ кунанд. Дар чунин ҳолат сокинони оддӣ ба татбиқи одилонаи қонун нисбати ҳама аъзои ҷомеа бовар намекунанд ва аз ин ҷиҳат эътимодашон ба давлат коста мегардад.

Садамаҳои фоҷеабор бо ширкати фарзандони мақомдорони баландпояву бонуфуз, ки дар солҳои гузашта рух додааст, пайваста мавриди таваҷҷӯҳи матбуот аст. Вале дар бисёр ҳодисаҳо дида шудааст, ки омилони ҷиноятҳои сангини мисли кушта шудани инсон дар зери чархи мошини писари вазир ё шахси наздик ба ҳукумат бо сабуктарин ҷазо раҳо шудаанд.

Мавзӯи садамаҳои автомобилӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам шудааст. Бо як ташаббуси ӯ муҷозот барои вайрон кардани қоидаи роҳ, садамаҳои автомобилӣ ва куштори инсонҳо дар натиҷаи чунин амалҳо сангинтар шудааст. Мақомот мегӯянд, дар 10 соли ахир дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо ҳудуди 4,5 ҳазор нафар сокинон ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG