Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кран шикаст. Дар сохтмоне дар Душанбе як нафар маҷрӯҳ шуд.ВИДЕО


Шоми 2 ноябр дар натиҷаи шикастани крани бинокорӣ дар маҳалли сохтмони баландошёнае дар маркази Душанбе, як нафар маҷрӯҳ шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар маҳалли ҳодиса қисме аз крани борбари шикаста дида мешавад. Аз миёни сохторҳои давлатӣ дар ҷои ҳодиса намояндагони полиси ноҳияи Сино қарор доштанд ва вазъро мавриди санҷиш қарор доданд.

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки эҳтимолан крани сохтмонӣ шикасту ронандаи он ба замин сарозер шуд. Ӯро дафъатан ба бемористон интиқол доданд. Дар бораи осеб дидани афроди дигар дар ин ҳодиса хабаре нест. Ҳанӯз мушаххас нест, ки сабаби рух додани ин ҳодиса дар чист.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки баландошёнае, ки дар ҳудуди он ин ҳодиса рух дод, эҳтимолан марбут ба ширкати сохтмонии “Муҳаммад-2009” аст, ки дар кӯчаи Бухоро ва наздик ба Кумитаи гумруки Тоҷикистон чанд бинои истиқоматии баландошёнаро бунёд мекунад. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, баъди таъхири тӯлонӣ дар сохтмони ин бино, тахминан даҳ рӯзи пеш корҳои сохтмонӣ аз сар гирифта шуд. Кран дар ҳолате шикаст, ки корҳои сохтмонӣ дар баландии ошёнаи 7-уми бино ҷараён дошт.

Кран шикаст. Дар сохтмоне дар Душанбе як нафар маҷрӯҳ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Вокуниши масъулини ширкат феълан маълум нест

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар маҳалли ҳодиса қисме аз крани борбари шикаста дида мешавад. Аз миёни сохторҳои давлатӣ дар ҷои ҳодиса намояндагони полиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор доштанд ва вазъро мавриди санҷиш қарор доданд.

Вокуниши масъулини ширкат ба ин ҳодиса феълан маълум нест. Як масъули ин ширкати сохтмони нимтамом, ки ҷараёни ҳодисаро назорат мекард, бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: «Тросс ё сими кран канда ва ин боиси шикастани кран шуд. Ронандаи кранро ба бемористон бурдем, муоина карданд, ҳолаш хуб аст».

Агар воқеан ҳам ин бино марбут ба ширкати “Муҳаммад-2009” бошад, ин ҳамон объекти сохтмониест, ки соли 2011 иҷозати сохтмонро ба даст оварда буд. Вале баъди шурӯи сохтмон, ки бо маблағҳои саҳҳомдорон - соҳибони манзилҳои оянда шурӯъ шуд, ин корҳо боздошта шуд ва сӯҳбат аз мушкилоти молии ширкат рафт.

Моҳи январи соли ҷорӣ баъди шикоятҳои зиёди саҳҳомдорони бунёди манзилҳои ин ширкати марбут ба бародарон Ҳакимовҳо, шаҳрдори Душанбе Рустами Эммомалӣ ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ супориш дод, ки дар анҷоми корҳои сохтмонии иншооти нотамом мусоидат кунанд. Соли 2016 Радиои Озодӣ ҳам гузориш дода буд, ки ба сабаби пардохт нашудани маошҳои семоҳаи коргарон дар ин объект корпартоӣ кардаанд.

Гузориши видеоӣ аз соли 2016:

Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Ҳафтае пеш дар Роғун чор нафар дар садамае даргузашт

Дар як ҳафтаи охир ин дуюмин ҳодисаи садама дар объекти сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст. 26 октябри имсол ҳам бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар наздикии сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун чаҳор нафар фавтида ва шаш тани дигар маҷруҳ шудаанд. Масъулин гуфтанд, ки ин як ҳодисаи тасодуфӣ буд ва "аввал як нақлиёти хурди мусофирбар ҳангоми интиқоли 9 коргари нирӯгоҳ ба маҳалли сохтмон ба садама дучор шудааст. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафари дигар дар бемористон ҷон додаанд. Дар ҳодисаи дигар як "Камаз" ба дарё афтода, ронандааш ҳалок шудааст".

XS
SM
MD
LG