Ҳукумати шаҳри Душанбе беназмиҳо дар "Фестивали оши палав" дар пойтахтро "таассуфовар" хонд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз раёсати иттилооти шаҳрдорӣ рӯзи 12-уми ноябр гуфт, дар пайи ин ҳодиса як гурӯҳ аз сокинон, ки дар ин беназмӣ даст доштанд, муҷозот шуданд.
Дар ин навор дида мешавад, ки мардуми ҷамъомада болои деги ош ҳамла бурда, ба ҷои кафлез, бо дасту коғазу чӯб ва ҳатто каланд, барои худ ош мегирифтанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳодиса баъд аз рафтани меҳмонон рух дода, раҳбарият ҳам аз нашри видеои беназмиҳо дар болои деги ош хабар доранд. Дар шаҳрдорӣ дар бораи теъдоди вайронкунандаҳои тартибот ва ҷазои онҳо ҷузъиёт надоданд, вале гуфтанд, бо ин кор мақомоти интизомӣ сарукор доранд.
Аммо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, ки масъули назорати тартибу низом дар ин ҷашнвораи серодам буданд, аз шарҳи мавзӯъ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин беназмӣ худдорӣ карданд.
Аз ду рӯз ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки анбӯҳи одамон болои деги оши яктоннаӣ "юриш" мебаранд ва бо ҳар васила мехоҳанд аз даруни дег ош ба даст биёранд. Дар ин навор дида мешавад, ки мардуми ҷамъомада болои деги ош, ба ҷои кафлез бо дасту коғазу чӯб ва ҳатто каланд, барои худ ош мегиранд. Навор аллакай аз сӯи расонаҳои хориҷӣ ҳам ба нашр расида, ин саҳна мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар гардидааст.
Таҳияи палави яктонаӣ дар доираи "Фестивали оши палав" нимашаби 10-уми ноябр шурӯъ шуда, раҳбарии онро ошпази маъруф Содирҷон Муҳаммадҷонов бар ӯҳда дошт. Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як килло нахуд истифода шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо деги бо 1 тонна ош ва заҳмати ҳаштсоатаи шаш ошпаз ҳамагӣ дар бист дақиққа бо беназмиҳо холӣ шуд. Аксар аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, ки барои дидан ва чашидани ин ош ба Боғи Фирдавсӣ рафта буданд, бархе пушаймон ва гурӯҳе ҳам танҳо деги холиро диданд.
Вокуниши тунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Саидҷон, як сокини Душанбе аз он афсӯс мехӯрад, ки вақташро дар ин фестивал беҳуда сарф кард. Ӯ дар ин ҷашнвора, ки қарор буд дар бораи оши яктоннаӣ маълумот гирифта, намоишгоҳро тамошо кунад, баръакс бо як беназмӣ рӯ ба рӯ шуд.
"Вақте дидам, мардум барои як деги ош ин қадар ҷангу ҷанҷол доранд, як ҳолати ногувор буд. Намедонам, шояд онҷо баъзеҳо дар ҳақиқат надоштанд ҳамин чиро. Ба фикрам, ошпазҳо ҳам диданд, ки барои деги ош ҷангу ҷанҷол аст, ҳамаашро партофта рафтанд. Онҷо чӣ қадар одам бисёр буд. Дар ин байн чӣ кор карда мешавад?".
Навори ҳамла ба деги ош аллакай аз сӯи расонаҳои хориҷӣ ҳам ба нашр расида, ин саҳна мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи кишвар гардидааст.
Ибодулло, як ҷавони дигар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷомеа барои ширкат дар ҷашнвораҳое, ки таомҳои ройгон пешкаш мекунад, омода нест ва ҳодисаи ахир ҳам инро нишон дод. Ин ҷавон бо нигаронӣ гуфт, он рӯз чашмҳои ҳайратзадаи хориҷиёнро дид, ки барои тамошои барномаи ҳунарӣ омадаанду ин саҳнаи ҳузнангезро диданд.
Вай гуфт, "бинед, агар ин наворро дар хориҷ аз кишвар дида бошанд, чӣ мегӯянд? Шояд онҳо фикр мекунанд, дар Тоҷикистон сатҳи зиндагии ҳамаи мардум паст аст ва ҳама чунин бефарҳанг ҳастанд".
Беназмӣ -- бозгӯи фарҳанги мардум
Шоҳидони ин ҳодиса мегӯянд, ин беназмӣ дар як фестивали фарҳангӣ ва доду фарёди сокинон барои ош, бозгӯи фарҳанги мардумро дар ҷомеа нишон дод. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, ки аксҳои пухтани ош дар ин фестивал ва деги 1 тоннагиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард, гуфт, дар қисмати аввали ҷашнвора сокинон ором сайругашт доранд, аммо беназмиҳо дар қисмати дуюми руз сар задааст.
Ин хабарнигори тоҷик аз он афсӯс мехӯрад, ки як гурӯҳе аз сокинон меҳнату заҳмати масъулин ва ҳатто ошпазҳоро дар як лаҳза барбод доданд. "Шаш ошпазе, ки аз поси шаб барои таҳияи оши яктоннаӣ хоб накарданд, шояд интизор ҳам надоштанд, ки дар охирин лаҳза оши пухтаи онҳо тороҷ мешавад. Албатта ин фарҳангу маданияти моро ба намоиш гузошт, ки воқеан кори дуруст набуд",-афзуд ин хабарнигор.
"Гурусна бо шер мезанад"
Аммо ба назари бархе дигар аз таҳлилгарону хабарнигорон, ба эҳтимоли зиёд шароити пасти зиндагӣ ва шиками гуруснаи сокинон натавонист фарҳангро ҳифз кунад ва ҳамин боис шуд, ки марзи фарҳангу тарбия ва масъулиятшиносӣ убур шавад. Хабарнигор Ёқуби Саид мегӯяд, бо ин шева ва бо беназмӣ анҷом ёфтани ҷашнвораи "Оши палав" тавонист намунаи воқеии зиндагии сокинон дар ҷомеаи Тоҷикистонро бозгӯ кунад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, то ҳанӯз матбуот дар Тоҷикистон, аз ҷумла телевизонҳои давлатӣ, ки бештар барои мардуми оддӣ ошно ҳастанд, натавонистаанд вазъи зиндагии сокинонро бозу рӯшан инъикос намоянд ва вақте чеҳраи воқеии ҷомеаро дар чунин ҳолат мебинанд, ингуна вокуниш ба вуҷуд меояд.
"Ин баёнгари он аст, ки ба назари ман, ҳанӯз ҳам бархе аз мардуми тоҷик гурусна ҳастанд ва шояд дар моҳ ош ё хӯроки богӯштро як бор мебинанд. Як мақоле ҳаст, ки гушна ба шер мезанад. Вақте инсон меъдааш холӣ аст ва мағзаш камтар кор мекунад, табиист, ки дар ин ҳолат на фарҳанг ба ёдаш меояд ва на маънавиёт".
Аммо бо ин ҳама ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, беҳтар буд агар ташкилкунандаҳои ин фестивал як дастурхоне ҳам омода мекарданд ва вобаста ба оше, ки дар дег мепазад, мардумро хӯрок медоданд. "Фестивали оши палав" дар пойтахт аз сӯи ҳукумати шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, дар ин маърака даҳ тонна ош дар чаҳорсад дег пухта шуд.
Ду сол пеш ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, "Оши палав"-ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.