Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд маркази миллии оши палав сохтанд


Дар шаҳри Хуҷанд маркази миллии оши палав фаъол шуд. Ин бино, ки барои 600 нафар пешбинӣ шуда, аз ду ошёна иборат аст, рӯзи 17-уми ноябр мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси ҷумҳур ҳам иштирок кардааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта барои иштирок дар маъракаҳои бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки ӯро ба қудрат расонд, ба Суғд рафтааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, барои сохтмони маркази миллии оши палав беш аз 3 миллион сомонӣ харҷ шудааст. “Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд”, - афзудааст манбаъ.

Бино ба қавли манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, чунин марказ бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар пойтахт – шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ӯ гуфтааст, ин марказҳо имкон хоҳанд дод, то меҳмонҳои хориҷӣ бо лаззати таомҳои миллӣ шинос шаванд.

Соли 2016 Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO оши палавро ба ҳайси мероси фарҳангӣ ба феҳристи худ ворид кард. Бино ба пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, вале дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG