40 табиби тоҷик барои роҳ додан ба хато ҷазо гирифтанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон беш аз 40 пизишкро барои иштибоҳҳояшон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ниҳоди зери назари вазорати тандурустӣ, дар 10 моҳи имсол беш аз 40 пизишкро барои роҳ додан ба хато зимни муолиҷа ва ё муносибат бо беморон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Аммо корафтодаҳо ва коршиносон мегӯянд, “иштибоҳҳое, ки ин хадамот ошкор кардааст, қатрае аз баҳранд”. Зеро, ба қавли муштариён, хатоҳое, ки пизишкони тоҷик ҳангоми табобати беморон ба он роҳ медиҳанд, ба маротиб вазнинтар аз онест, ки хадамот кашф кардааст.

Файзалӣ Абдуалимов, муовини раиси хадамот, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, табибонро пас аз шикояти беморон ва санҷишҳо ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ӯ гуфт, “ин духтурон тибқи моддаҳои 110 ва 123-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фармони 600 ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.”

Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати тандурустӣ, духтурони танбеҳ гирифта барои ба инобат нагирифтани таби беморон, иваз накардани усули табобат ва муоширати дағалу нодуруст ҷазо гирифтаанд. “Ҳар як беморӣ протоколи табобати клиникӣ дорад. Аз рӯи ҳамон мо ба кори духтурон баҳо медиҳем”, - гуфт ӯ.

Акс аз бойгонӣ

Ин мақомдори Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳолатҳои бадтар шудани вазъи сиҳатии беморон бинобар амалкарди духтурон сабт нашудааст. Вале бархе аз корафтодагон аз ҳолатҳои баръакс қисса мекунанд.

Ҷамила Комилова, зодаи шаҳри Бӯстон (Чкаловск)-и Тоҷикистон, мегӯяд, як хатои табиб дар соли 2007-ум зиндагии ширини ӯ ва ду тифлашро талх кард. Ин модар аз он санаи шум то ба ҳол барои дубора ба по мондани ду тифлаш мубориза мебарад.

Вазни кӯдакро ба инобат нагирифт, фалаҷ шуданд

Ӯ гуфт: “Соли 2007 писарам Бахтиёрро ба назди духтури минтақавӣ бурдем. Ӯ ташхис фармуд. Пас аз ташхис бемориашро кирми меъда муайян карда, ду дору тавсия дод: анистизол ва фуразолидон. Табиб гуфт, ки ин дору ба духтарам Бону низ дода шавад. Пас аз се рӯзи табобат бо ин доруҳо аҳволи фарзандонам якбора бад шуда, рӯзи чаҳорум ба шуъбаи эҳёгарӣ афтоданд”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Табибони тоҷик ҳамҷинсгароҳоро бемор мешуморанд. ВИДЕО

Ҷамила Комилова мегӯяд, пас аз ин табобат ҳар ду фарзандаш фалаҷ ва маъюб шуданд ва аз пои равон монданд. Гумони модар нахуст ин буд, ки доруҳо тақаллубианд, аммо ташхисҳои ба такрор ва тафтишот собит кард, ки духтар вазни кӯдаконро ба инобат нагирифта, доруро аз меъёр зиёд тавсия додааст.

Пас аз се соли кашмкашҳо додгоҳ духтур Зебо Раҳмоваро тибқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ (хунукназарӣ) ба 2 соли зиндони шартӣ ва барои се сол аз машғул шудан ба кори табобат маҳрум кард. Вай ҳамчунин ба пардохти 100 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф шуд.

Гуфтанд, гепатит дорад, вале собит нашуд

Ба ин монанд сокини ноҳияи Панҷакент аз ташхиси нодурусти духтур шикоят дорад. Исмоил Зарифӣ, сокини 63-солаи Панҷакент, рӯзи 11-уми ноябр гуфт, тақрибан се ҳафта пеш духтурони беморхонаи ин шаҳр ба бародараш ташхиси нодуруст додаанд ва гуфтаанд, ки ӯ гепатити С дорад.

“Бо вуҷуди онки ҳамсари бародарам таъкид кардааст, ки ба бемор диагнозашро нагӯед. Аммо ҷарроҳи беморхона рӯирост ба бародарам мегӯяд, ки касали гепатити С ҳастед ва бемории шумо дар ин ҷо табобат намешавад, ба Душанбе равед. Бародарам, ки аз фишори баланд азият мекашид, якбора вазъи саломатиаш бад мешавад”, - нақл кард ӯ.

Аммо ба нақли Зарифӣ, дар бемористони гастроэнтрологии Душанбе ба номи академик Мансуров бародарашро ташхис карда гуфтаанд, “ӯ сиҳат аст ва ҳеҷ гепатит надорад”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳамсари Эбӣ - овозхони маъруфи эронӣ дар Душанбе ҷарроҳӣ шуд. ВИДЕО

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, пас аз ташхиси дубораи табибон дар Душанбе вазъи саломатии бародараш беҳ шудааст. “Аммо бинобар ташхиси иштибоҳии табибони Панҷакент хонаводаи мо 3 ҳазор сомонӣ зиёни молӣ дид”, - мегӯяд, Исмоил Зарифӣ.

Вале Файзалӣ Абдуалимов мегӯяд, ҳангоми табобат ва амалкарди духтурон хеле ҳолатҳои баҳсбарангез сар мезанад, ки баҳои ҳуқуқӣ додан ба онҳо гоҳе душвор мешавад.

Аксар вақт чунин баҳсҳо ҳангоми таваллуд рух медодаанд: бархе ҷонибдори бо роҳи табиӣ таваллуд шудани тифлро дуруст шуморида, амалиёти ҷарроҳиро нодуруст мешуморанд ва гуруҳи дигар – баръакс. “Мо вобаста ба ҳолат амалкардаи духтуронро баҳо дода, дар сурати ҷой доштани иштибоҳ пизишконро ҷазо медиҳем”, - гуфт ӯ.

Абдуалимов афзуд, бар замми ин 40 нафар дар ин муддат нисбат ба ду пизишки дигар барои вайрон кардани муқаррароти табобат маълумотнома тартиб дода, ба Додситонии кул фиристоданд.

Ду мушкили аслии тибби тоҷик

Абдулло Давлатов, табиби тоҷик, ки муқими шаҳри Маскав аст, гуфт, бисёре аз пизишкони варзида бинобар маоши пасту ночиз аз кишвар берун рафтаанд.

Ӯ гуфт, “онҳое, ки боқӣ мондаанд, донишҳояшон то ҳадде куҳна шудааст. Духтур ҳадди ақал дар 5 сол як дафъа бояд аз давраҳои такмили ихтисос гузарад, чунки илми тиб пеш меравад. Масалан, Русия ҳоло сиёсати таълими давомдори духтуронро пеш гирифтааст. Қариб ҳар моҳе мо аз ягон давраи махсуси омӯзишӣ мегузарем ва аз он имтиҳон супурда, сертификат мегирем. Духтуре, ки чунин сертификатҳоро намегирад, наметавонад, корашро давом диҳад.”

Ин табиби ботаҷриба мегӯяд, соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад. У гуфт, “Бо ҷазо дадодани ин ва ё он духтур, ки он ҳам маоши ночиз мегирад, вазъ беҳтар намешавад."