Волидони Гулбону Ҳасанова хонаи хоксоронаи худро ба маросими азо ва фотиҳахонӣ омода кардаанд.
- Ин зани ҷавон аз вилояти Оқтеппаи Қазоқистон соли 2015 ба саффи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия пайваст ва, бино ба хабарҳо, гӯё дар онҷо қатл карда шудааст.
Чӣ гуна ором бинишинам, ки ӯ мурдааст? Наздикону ҳамсояҳо мехоҳанд, барои изҳори ҳамдардӣ биоянд. Мехоҳам гӯсфандеро сар зада, маросими азоро ба ҷо орем, ҳарчанд ҷасади ӯ ва дафнашро надидем
Зинда ё мурда?
Охири моҳи октябри имсол расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” чанд зани ҷавон аз Оқтеппаро дар Сурия куштаанд ва яке аз онҳо Гулбону, маъруф бо номи “УммМарям” аст. Гулҷон Имашева, модари Гулбону, бовар дорад, ки “УммМарям” духтари ӯст. Аммо нахост ба суоли бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бораи онки ба ӯ дар бораи кушта шудани духтараш расман хабар доданд ё не, посух гӯяд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои шарҳи расмӣ ба Идораи амнияти миллии вилояти Оқтеппа муроҷиат кард. Вале дар онҷо гуфтанд, ки дафтари матбуот надоранд ва беҳтар аст, қазия аз Остона пурсида шавад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ваъда доданд, ки хабари қатли чанд зани ҷавон дар Сурияро месанҷанд.
Ҳоло мақомот ҳарфи ниҳоиро дар замина нагуфтаанд, вале Гулҷон Имашева бовар дорад, ки духтараш зинда нест ва барои ӯ мотам гирифтанист.
"Дарси компютер мехонд"
Гулбону Ҳасанова соли 1995 дар Қандиоғош, тақрибан садкилометрии Оқтеппа зода шудааст. Вай дар хонаводаи иборат аз чаҳор фарзанд ягона духтар ва аз ҳама хурдӣ буд.
Модари Гулбону мегӯяд, зиндагии духтари ягонааш баъди ошноӣ бо шавҳари ояндааш дар омӯзишгоҳ тағйир кард. Ӯ дар омӯзишгоҳ дарси компютер мехонд. Гулҷон Имашева нақл кард, ки домод Гулбонуро ҳанӯз дар ҳабдаҳсолагиаш дуздида будааст.
Моҳи майи соли 2015, чанд вақт пеш аз онки ба Сурия биравад, Гулбону Ҳасанова аз шавҳараш ҷудо шуда ва кӯдаки якунимсолаи худро ба волидон гузоштааст. Гулҷон Имашева мегӯяд, дертар қудо набераро бо худ бурд ва ҳоло тақрибан панҷсола асту бо падараш зиндагӣ дорад.
"Чӣ гуна ором нишинам?
Виктор ва Гулҷон – волидони Гулбону Ҳасанова – дар Қандиоғош зиндагӣ доранд. Гулҷон Имашева мегӯяд, хонаашро ба тартиб медарорад, то наздикону дӯстонро барои фотиҳахонӣ хабар кунад.
«Чӣ гуна метавонам ором бинишинам, ки ӯ мурдааст? Наздикону ҳамсояҳо мехоҳанд, ки барои изҳори ҳамдардӣ биоянд. Мехоҳам гӯсфандеро сар зада, маросими азоро ба ҷо орем, ҳарчанд ҷасади ӯ ва дафнашро надидем», - мегӯяд ӯ.
Имашева афзуд, то ба ҳол ба суоли онки чаро духтараш ӯву хонаводаи худро тарк кард ва ба Ховари Миёна рафт, ҷавоб наёфтааст: «Ман чӣ кор карда метавонам? Вақте ӯ аз онҷо занг зад, пурсидам, ки чаро рафтӣ? Хости Аллоҳ чунин будааст, Шумо ва духтарам дар қалбам ҳастед гуфт. Ман чӣ кор кунам?»
Ин зан иддао дорад, ки духтараш таҳти таъсири шавҳари худ мутаасиб шудааст. Вай нақл мекунад, ки духтараш қабл аз рафтан ба ӯ як нома навишта ва дар онҷо гуфта будааст, «дигар маро накобед, ман ба Сурия рафтам.»
Волидон номаро чанд рӯз баъди нопадид шудани Гулбону ёфта ва фикр кардаанд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсараш ба Ховари Миёна рафтааст. Аммо домод гуфтааст, дар ин бора чизе намедонад ва ду моҳ пеш занашро талоқ дода буд.
"Бе пул то Сурия чӣ гуна расид?"
Волидони Гулбону пас аз ин ба идораи пулис муроҷиат кардаанд. «Дертар духтарам ҳам тамос гирифт ва гуфт, ки дар Сурия аст. Маъмурони амниятӣ ҳам гуфтанд, ки духтарам ба Сурия рафтааст. Мо баъд фаҳмидем, ки ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз рафтан шиноснома гирифтааст», - нақл кард Гулҷон Имашева.
Ин модар боз суол медиҳад, ки духтараш бе ягон тахассус ва ҷои кору пул чи гуна то Сурия расид? Вай мегӯяд, ҳамон шабу рӯз барои таъмири хона пул ҷамъ карда буданд, вале духтараш онҳоро нагирифтааст.
Гулбону Ҳасанова, ки дар минтақаи Дайр-аз-зор, шимоли шарқи Сурия қарор дошт, бо модараш то моҳи октябри имсол тавассути «Вотсапп» дар тамос будааст. Беш аз як моҳ мешавад, ки телефони ӯ хомӯш аст. Гулҷон Имашева мегӯяд, чанде пеш духтараш телефон карда ва гуфтааст, ки дар Сурия аст ва барояш пул фиристанд, то худро ба Туркия бирасонад. Аммо волидони бознишастаи духтар натавонистаанд ин хоҳиши духтари худро иҷро кунанд.
"Модар пул фирист"
«Вай мегуфт, ки модар ба ман пул фирист. Ман фикр мекунам, дар онҷо касе ӯро ба ин кор маҷбур мекард. Мо бо ӯ хуб суҳбат карда натавонистем»
Ба нақли Гулҷон Имашева, духтараш дар тӯли се соли будубош дар Сурия ду дафъа шавҳар карда ва онҳо дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд. Вай дар ин муддат ду тифл ба дунё овардааст, ки дувумаш тақрибан семоҳа аст. Волидони Гулбону мегӯянд, дар бораи тақдири набераҳояшон дар Сурия чизе намедонанд.
Қаблан Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфта буд, ки аз оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ тақрибан 800 шаҳрванди ин кишвар ба онҷо рафтаанд. Ба иттилои мақомот, то кунун беш аз сад нафари онҳо бо изҳори пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд.