Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх дар ёфтани кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия кӯмак мекунад. ВИДЕО, САДО


Созмони байнамилалии Салиби Сурх аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта ва дар замони нооромиҳо дар ин кишвар дар солҳои 1992-1997 ба ироаи кӯмакҳои башардӯстонаи ғизо ва дору ба мардуми осебдида аз даргириҳо машғул буд.

Баъдан барои рафъи оқибатҳои ҷанги дохилӣ, аз ҷумла, ба осебдидагон аз инфиҷори минаҳо кӯмакҳо сурат мегирифт. Ин барнома дар соли ҷорӣ ба поён расидааст. Феълан барномаи умдаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон кӯмак ба хонаводаҳои нопадидшудагон дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ва муҳоҷирати корӣ ҳисоб ёфта ва ба ин афрод кумакҳои иҷтимоӣ ироа мешавад.

Радиои Озодӣ бо Зоряна Вербич, сарпарасти дафтари намояндагии Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон сӯҳбате ороста ва дар атрофи масоили марбут ба вазъи зиндониёни тоҷик, маҳбусони сиёсӣ, занҳои зиндонӣ дар маҳбасҳои Афғонистон ва интиқоли кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзади Ироқу Сурия ба ватан гуфтугӯ кард.

Салиби Сурх дар ёфтани кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия кӯмак мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Кӯдакони тоҷик дар манотиқи ноамн

Радиои Озодӣ: Пайдо кардани афроди нопадидшуда аз бахши фаъолияти Салиби Сурх ҳисоб меёбад. Ин ба афроди нопадидшуда дар Ироқу Сурия ҳам рабт мегирад?

Зоряна Вербич: Бале. Мо масъалаи нопадид шудани афрод дар минтақаҳои ҷангзда, аз ҷумла Ироқу Сурияро пайгирӣ мекунем. Маъмулан дар ҷараёни ҷангҳо, офатҳои табиӣ ё муҳоҷират робита миёни аъзои хонавода гусаста мешавад. Бо ҳар хонаводае, ки наздиконашон дар Сурия, Ироқ ва ё Афғонистон нопадид шудаанд, кор мекунем. Аз каналҳои худ онҳо ҷустуҷӯ шуда ва дар сурати пайдо шудан ба хешовандон хабар медиҳем.

Агар механизми интиқоли зиндонӣ ба ватан вуҷуд дошта бошад, мо ба мақомот ва зиндониён барои иҷрои ин кор машварат медиҳем. Аммо худи созмон бо ин кор машғул намешавад. Ин қазия бар асоси тавофуқоти байнидавлатӣ ҳал хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Дар гузориши Ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ба ҳузури беш аз 250 кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ ишора шудааст. Тоҷикистон гуфтааст, ки барои баргардондани онҳо талош хоҳад кард. Чун Салиби Сурх дар ин манотиқ фаъолият мекунад, шумо маълумот доред, ки дар Сурия ва Ироқ чи теъдод кӯдакону занҳо аз Осиёи Марказӣ ҳастанд?

Зоряна Вербич: Ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакони бидуни сарпаноҳу сарпараст дар минтақаҳои ҷангзада аз авлавиятҳои Салиби Сурх ҳисоб меёбад. Созмон талош мекунад падару модар ё пайвандони онҳоро пайдо кунад. Ба наздикӣ бо кӯмаки Салиби Сурх дар ятимхонаи Бағдод писарбачаи хурдсоли Чеченистон шиносоӣ шудааст. Яъне, модар дар Чеченистон аз тариқи телевизион писари хурдсолашро, ки шавҳари қаблиаш бо худ ба Ироқ бурда буд, шинохта ва бо мусоидати Салиби Сурху давлати Русия, ӯ ба ватан бозгардонда шуд. Ин як навъи хизмати беҳамтои Салиби Сурх нест. Танҳо ин созмон барои ҳалли ин мушкил ба тамоми ниҳодҳои марбута муроҷиат кард.

Ҳамкоронамон дар Ироқ пас аз поёни амалиёти озодкунии Мавсил теъдоди зиёди чунин кӯдаконро ба рӯихат гирифтаанд. Мушкили аслӣ он аст, ки кӯдакони хурдсол номи падару модар ё кишвари худро дар ёд надоранд. Ҳоло дар бораи теъдоди аниқи кӯдакон аз Тоҷикистон Узбакистон ё Қирғизистон дар парваришгоҳи Бағдод маълумоте надорам. Вале мусаллам аст, ки онҳо ба феҳрист шомил шуда ва барои пайдо кардани волидону пайвандашон корҳо шурӯъ шудааст.

Салиби Сурх дар ёфтани кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия кӯмак мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Радиои Озодӣ: Зимнан, ду рӯзе қабл шабакаи телевизиони “Russia Today” аз ятимхонаи Бағдод гузорише пахш кард. Гуфта мешавад, дар он ҷо 49 кӯдак аз кишварҳои пасошӯравӣ, ки падару модаронашон кушта шудаанд, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни ин кӯдакон духтарчаи 8-солаи тоҷик бо номи Мария будааст. Салиби Сурх метавонад ин кӯдакро пайдо карда ва барои интиқол ба ватан кумак кунад?

Зоряна Вербич: Агар ҳамкоронамон дар Ироқ ба мо муроиҷиат кунанд, мо дар пайдо кардани хешовандони ин духтараки хурдсол мусоидат мекунем. Имкон дорад пайвандони духтарак аз телевизион ин гузоришро тамошо кардаю ӯро шиносоӣ карда бошанд ва аз мо дархости кӯмак кунанд, мо ёрӣ мерасонем. Мо дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута Тоҷикистон дар бозгардондани кӯдаки тоҷик мусоида хоҳем кард. Зеро мусоидат дар пайдо кардани аъзои хонаводаи нопадидшуда ва сарҷамъ шудани оила аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.

Салиби Сурх аз вазъи зиндониёни сиёсӣ хабар надорад

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле, ки Салиби Сурх дар Афғонистон ба зиндонҳо дастрасӣ дошта ва бо зиндониён, аз ҷумла, занҳои зиндонии тоҷик дидор кардааст, ин созмон дар Тоҷикистон аз ҳамчунин имтиёз бархӯрдор аст? Зеро борҳо Салиби Сурх аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои ворид шудан ба маҳбасҳои ин кишвар иҷоза диҳанд? Ин дархост пазируфта шуд?

Зоряна Вербич: То ҳол мо ба дархости худ аз ҳукумати Тоҷикистон посухи мусбӣ дарёфт накардаем. Бад ин тартиб Салиби Сурх имкони дидор бо зиндониёнро надорад.

Чанд тан аз занони тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Чанд тан аз занони тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Радиои Озодӣ: Ҷониби Тоҷикистон далели радди дархости Салиби Сурхро шарҳ додааст?

Зоряна Вербич: Ба андешаи мо, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон арзишҳо ё манфиатҳо аз дидори мо бо зиндониёнро дарк карда наметавонад. Умедворем, ки вазъ тағйир хоҳад кард. Ба ҳар сурат, мо омодаем ҳар лаҳза ба кӯмаки зиндониёни Тоҷикистон оем.

Радиои Озодӣ: Радди дархости созмони шумо барои дидор бо зиндониён хилофи меъёрҳои байналмилилӣ нест?

Зоряна Вербич: Тибқи Қонуни ҳуқуқи байналмилилӣ, Салиби Сурх ҳаққи дидор бо асирони ҳарбӣ ва беҷошудагон ба ҳангоми амалиёти ҷангиро дорад. Дар шароити муқаррарӣ мо метавонем танҳо хизматҳои худро барои зиндониён пешниҳод кунем. Аммо маҷбур карда наметавонем.

Радиои Озодӣ: Дар ин ҳолат Салиби Сурх дар бораи вазъи маҳбусон, аз ҷумлаи маҳсубони сиёсии кишвар маълумоте надорад? Ду ҳафта қабл, генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ эълон карда буд. Аз ин ҳодиса хабар доред?

Зоряна Вербич: Маълумоти мушаххас надорем. Зеро имкони дидор бо зиндониҳоро надорем. Ҳарчанд ин қазияро аз тариқи расонаҳо пайгирӣ мекунем. Аз ин лиҳоз, хабари гуруснанишинии генерал Мирзоевро тасдиқ ё инкор карда наметавонем. Ҳатто дар сурати имкони вуруд ба зиндон низ мо наметавонем дар бораи вазъи зиндониҳо шарҳу тафсир диҳем. Зеро мулоқоти мо бо зиндониҳо ва намояндагони ҳукумат маҳрамона аст. Мо танҳо дар сурати дарёфти иҷоза барои мулоқоти рӯбарӯ бо зиндонӣ ин корро анҷом медиҳем. Агар назоратчии маҳбас дар мулоқот ҳузур пайдо кунад, маҳбус ба ҳеч ваҷҳ озоду ошкор сӯҳбат карда наметавонад.

Дар ҳолатҳое, ки маҳбус аз мо дархост кунад, ки дар бораи мушкилот, вазъи саломатӣ ё интиқоли ӯ ба дигар зиндон бо масъулони зиндон матраҳ кунем, мо ин мавзъӯро бо ҷониби Тоҷикистон дар миён мегузорем. Дар чунин шароит мо аз мавқеи зиндонӣ пуштибонӣ намекунем. Тақозо намекунем, мушкили фалон маҳбус ҳал ё ба зиндони дигар интиқол дода шавад. Танҳо шикояту дархости маҳбусонро ба мақомот мерасонем.

Оё Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ дорад?

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надоранд. Назари Салиби Сурх дар ин замина чи гуна аст?

Зиндониёни ҲНИТ.
Зиндониёни ҲНИТ.

Зоряна Вербич: Қаблан гуфтам, ки Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба зиндонҳои Тоҷикистонро надорад. Бинобар наметавонем дар ин бора қазоват кунем. Ҳатто дар сурати дастрасӣ ба вазъи зиндониҳо низ мо ин мавзӯъро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ карда ва дар манзари ом дар ин бора ибрози назар намекунем. Чаро? Сирри хона набояд берун барояд. Фақат аз тариқи мулоқоти маҳрамона мумкин аст мушкилоти зиндониёнро, назири дастрасӣ ба ғизои солим, об ё дору ва беҳбуди шароити буду бош ҳал кард. Агар дар бораи мушкилот ба журналистон гуфта шавад, тардид дорам ин амр ба беҳбуди вазъи зиндониён кӯмак кунад. Бинобар ин мушкилотро мо ба таври маҳрамона бо раиси зиндон баррасӣ ва ҳал мекунем. Имкон дорад барои ҳалли ин мушкилот даҳҳо мулоқот анҷом шавад.

Радиои Озодӣ: Агар Салиби Сурх ба зиндонҳо дастрасӣ надорад, намояндагони ин созмон дар ҷаласаҳои додгоҳии масъулони Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ширкат доштанд?

Зоряна Вербич: Қазияҳои додгоҳӣ ба фаъолияти Салиби Сулҳ марбут намегирад. Таваҷҷӯҳи мо ба вазъияти зиндониҳо, шароити нигаҳдорӣ ва муносибати барашдӯстона ба онҳо мутамаркиз аст. Вале бо кадом гуноҳ онҳо зиндонӣ шудаанд, ба маъмурияти мо марбут нест. Аз ин лиҳоз, мо ҷараёни муҳокимаҳои пушти дарҳои бастаи аъзои Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломиро пайгирӣ накардем.

Вазъи занони тоҷики зиндонӣ дар Афғонистон

Радиои Озодӣ: Бар асоси гузоришҳои расида аз Афғонистон, дар зиндонҳои ин кишвар 13 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла занон нигаҳдорӣ мешаванд. Чанд маротиба намояндагони Салиби Сурх аз ин зиндониҳо дидан кардаанд. Шумо, ки бо ҳамкоронатон дар Афғонистон дар тамос ҳастед, дар бораи теъдоди ин гуна занҳо ва шароити нигардорӣ дар зиндон маълумот доред?

Зоряна Вербич: Дар муқоиса бо дафтари мо дар Тоҷикистон ҳамкоронамон дар Афғонистон имкони вуҷуд ба ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ ва зиндонҳоро доранд. Барои Салиби Сурх ба ҳангоми дидор аз зиндонҳо мулоқоту гуфтугӯ бо шаҳрвандони хориҷии зиндонӣ дар авлаият қарор дорад. Зеро онҳо аз кишвари хориҷӣ ҳастанд, забони маҳаллиро намедонанд ва ба ин далел онҳо нисбат ба дигар зиндониҳо осебпазир ҳастанд. Ба ин далел ҳамкорони мо дар Афғонистон бо занҳои тоҷики зиндонӣ мулоқот карда ва бо шароити нигаҳдории онҳо ошно шуданд.

Радиои Озодӣ: Бароят теъдоди зиндониёни тоҷик, бахусус занҳо дар маҳбасҳои Афғонистон маълум аст?

Зоряна Вербич: Мутаассифона, ин гуна маълумот махфӣ ё маҳрамона аст. Ҳарчанд мо бо мақомоти Афғонистон дар ин замина гуфтугӯ кардаем.

Радиои Озодӣ: Салиби Сурх, ки имкони дидор бо зиндониёни тоҷикро дорад, дар сурати дархости маҳбусони тоҷик барои мусоидат дар бозгашташон ба ватан, ин созмон кӯмак хоҳад кард?

Зоряна Вербич: Ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои маҳбусони хориҷӣ як бахши фаъолияти мост. Дар ин росто мо бо мақомот дар тамос мешавем. Агар механизми интиқоли зиндонӣ ба ватан вуҷуд дошта бошад, мо ба мақомот ва зиндониён барои иҷрои ин кор машварат медиҳем. Аммо худи созмон бо ин кор машғул намешавад. Ин қазия бар асоси тавофқуоти байнидавлатӣ ҳал хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки соли ҷорӣ барномаи минаҳо дар Тоҷикистон дар Салиби Сурх поён ёфтааст. Ин бар он маънист, ки мушкили марбут ба минаҳо дар кишвар комилан ҳал шудааст?

Зоряна Вербич: Не, мушкили мина дар Тоҷикистон комилан ҳалли худро наёфтааст. Ҳоло ҳам минтақаҳои хатарзо аз минаҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, аммо масоҳати онҳо коҳиш ёфтааст. Дар чорчӯби ин барнома мо ба 600 хонавода кӯмак кардем. Аз ҷумла, ба онҳо кӯмакҳои молӣ кардем, то зиндагии худро пеш баранд. Захмиён бо кӯмаки Салиби Сурх дар Душанбе ва Хуҷанд дасту пои маснӯӣ таъмин шуданд.

Радиои Озодӣ: Агар Салиби Сурх ба зиндонҳо дастрасӣ надорад, ба хонаводаҳои маҳбусон метавонад кӯмак кунад?

Зоряна Вербич: Мо ба аҳли хонаводаҳои маҳбусон, ки дар минтақаҳои дурдаст, масалан дар вилояти Бадахшон ё Суғд зиндагӣ карда ва ба аёдати наздиконашон ба маҳбасҳои Душанбе меоянд, роҳкиро медиҳем. Аз ҷумла, ба ду калонсол ва ҳамаи кӯдаконе, ки бо онҳо ҳастанд, барои онҳо маҳдудият вуҷуд надорад. Салиби Сурх ба хонаводаҳои фақири маҳбусон кӯмаки иқтисодӣ мерасонад, маводи ғизоӣ ва сару либос медиҳад.

Радиои Озодӣ: Пас аз амали террористӣ ба кормандони Салиби Сурх дар Афғонистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ, ки бар асари он 6 нафар кушта шуда буд, фаъолияти ин созмон дар манотиқи шимоли Афғонистон мутаваққиф шуд. Агар дар манотиқи шимоли Афғонистон ҳодисаҳое чун даргириҳо ва ё ҳодисаҳои табиӣ рух диҳад, ба осебдидагон дафтари Салиби Сурх дар Тоҷикистон кӯмак мекунад? Масалан, пас аз интиқол ёфтани захмиёни афғон ба бемористони Ишкошим Салиби Сурх ба кӯмаки онҳо шитофта буд.

Зоряна Вербич: Мо дар амалиёти интиқоли захмиён аз Афғонистон ба вилояти Бадахшон ширкат надоштем. Ин амалиёт бар асоси созишномаи давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон сурат гирифтааст. Мо ба захмиёни афғон ба таври фаврӣ дору ирсол кардем. Феълан мо ба шаҳрвандони шимоли Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон кӯмак мерасонем.

Радио Озодӣ: Ташаккур!

XS
SM
MD
LG