Наврасон дар интернет чӣ меҷӯянд? ВИДЕО

Мақомоти тоҷик аз вобастагии наврасон ба интернет ва назорат нашудани ин раванд аз ҷониби волидону ҷомеа, нигаронӣ мекунанд.

Як пажӯҳиши тоза дар Тоҷикистон муайян кардааст, ки аксар волидон намедонанд фарзандони наврасашон дар интернет ба чӣ кор машғул мешаванд. Ин пажӯҳиш, миёни беш аз 6 ҳазор наврас ва падару модари онҳо анҷом шуда, мушахас кардааст, ки 37 дарсади наврасони аз 10 то 14-солаи тоҷик ба компютер ва 19 дарсади дигар бо интернет дарстрасӣ доранд.

Сӯҳбат ва омӯхтани роҳи дурусти истифодаи интернет ба бовари мутахассисон, беҳтар аз идора ва назорату маҳдудсозӣ дастрасии наврасон ба интернет аст.

Аммо он чӣ, ки бештар аз ҳама муаллифони гузоришро нигарон кардааст, бепарвоии волидон нисбат ба машғулияти наврасон дар дунёи маҷозӣ аст. Манзури онҳо ин аст, ки аксар волидон аз сомонаву барномаҳое, ки фарзандонашон истифода мебаранд, бехабаранд ва ин равандро назорат намекунанд.

"Намедонанд, фарзандонашон дар интернет чӣ меҷӯянд?"

Фарида Муъминова, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон авоили ин ҳафта дар нишасте зимни муаррифии ин пажӯҳиш гуфт, "бештари волидайн, махсусан занон гуфтанд, огоҳ нестанд, ки фарзандашон аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд ва чиро бештар дар интернет меҷӯянд. Ин ҳам боиси нигаронӣ аст, чун шабакаҳо мухталифанд ва иттилооти манфӣ ҳам ҳаст."

Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, наврасон бештар аз тариқи телефон ба интернет дастрасӣ доранд ва ин ҷараён на аз тарафи мактаб, на волидон ва на дигар мақомот назорат намешавад. "Бозӣ ва шабакаҳои интернетӣ вобастагии наврасонро бештар мекунад. Манзури мо бештар ин аст, ки интернет бояд ба таҳсилот ва ғанӣ кардани дониши наврасон пайваст карда шавад",-афзуд Фарида Муъминова.

Хубиҳову бадиҳо интернет барои наврасон

Дастрасии наврасон ба интернетро масъулини кор бо кӯдакону наврасон, аз як тараф хуб арзёбӣ мекунанд, аммо аз он дар тавишанд, ки ҳоло бештар наврасон аз интернет на ба манфиат ва барои бештар кардани донишҳои худ истифода мекунанд. Як сабаби афзоиши ҷангҳои мактабӣ ва ҷиноятккории наврасонро ҳам таъсири навору матлабҳое медонанд, ки наврасон дар шабакаҳои мухталифи интернет ё бозиҳо мебинанд.

Муҳаммад Қурбонов.

Муҳаммад Қурбонов, мудири шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар ин маврид гуфт, "ҳам фаҳш аст он ҷо, ҳам бозиҳое, ки ба равони кӯдак таъсир мерасонад. Паҳлӯҳои манфиаш зиёд аст. Ҳоло кӯшише барои ба танзим даровардани ин раванд шуда истодааст. Ҳоло дар баррасӣ аст, маълум нест бо чӣ анҷом меёбад."

"Назорати интернет кори осон нест"

Волидоне ҳам, ки аз вобастагии фарзандони наврасашон ба интернету бозиҳои компютерӣ нигаронанд, иқрор мекунанд, ки наметавонанд назорати истифодабарии интернет аз сӯйи фарзандонашонро пурра ба даст гиранд. Ин ҳам ба қавли онҳо кори осон нест.

Аммо Камила Черрӣ, модари 2 фарзанди наврас мегӯяд, ӯ истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва замимаҳои телефониро барои фарзанди 11-солааш манъ кардааст. Ӯ танҳо иҷозаи тамошо наворҳои кӯдакона аз "Ютуб"-ро дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наврасони тоҷик дар Интернет чӣ меҷӯянд?

"Ӯ дар пеши чашми ман аз интернет истифода мекунад ва ҳеҷ мушкил нест. Ба сомонаҳои шубҳаовар намедарояд, филмҳову наворҳои омӯзишӣ тамошо мекунад. Хатар ба фикрам бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Вале фарзанди ман ба ин шабакаҳо дастрасӣ надоранд. Баъдан барномаҳои махсус аст, ки метавони тавассути он истифодаи сомонаҳоро барои кӯдак маҳдуд кунӣ".

Оё маҳдудсозӣ роҳи ҳал аст?

Вале ба бовари бархе аз волидони дигар ҳам, назорату идора ва маҳдудсозии истифода аз интернет барои наврасон роҳӣ ҳал нест. Шӯҳрат Латипов, як сокинин Душанбе мегӯяд, вақте фарзандони наврасаш ба истифодаи интернет шурӯъ карданд, аввалин коре ки ӯ кард, ба онҳо аз паҳлӯҳои хубу бади интернет гуфт.

"Хоҳем нахоҳем кӯдак паҳлӯи бади интернетро меёбад. Барои ҳамин ман ҳама сомонаҳоро ба ӯ нишон додам, сайтҳои бад ва манфиатоварро ҳам. Баъди чанд моҳ тавассути барномаи махсус дидам, ки ӯ ба ягон сомонаи бегона ё фаҳшомезу ифротгароӣ надаромадаст. Ҳарчанд ба ҳама сомонаҳо дастрасӣ дошт. Яъне агар кӯдакро падар мефаҳмонад ва ба ӯ бовар мекунад, ба манфиати кор аст. Баръакс агар кӯдакро мо тарсонем, ӯ ба ҳамон шабакаҳо майл пайдо мекунад."

Наврасон дар интернет чӣ меҷӯянд?

Аммо наврасон дар интернет бештар чӣ меҷӯянд? Ва ба чӣ маълумотҳо таваҷҷӯҳ доранд? Фариштамоҳ Гулова, муттахассиси фанновариҳои иттилоотӣ дар ин бора миёни як гурӯҳи хурди наврасон пурсиш анҷом додааст. Посухи бархе аз наврасон ҳам ӯро дар ҳайрат овардаанд.

Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ.

"Бовар кунед як чизҳоеро номбар карданд ки.. Вақте мо мегӯем, наврасон ҳоло аз ҳеҷ чиз хабардор нестанд, мо фаромӯш мекунем, ки онҳо дигар ҷавонони даврони шӯравӣ нестанд, ки ба ҳар гап бовар кунанд. Онҳо далел меҷӯянд. Онҳо мегуфтанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мекунанд, бо духтарон онлайн сӯҳбат мекунанд, бо ҷавонон аз хориҷи кишвар ҳам. Онҳо дар интернет роҳҳои дигари дарёфти иттилооти барои худ зарӯриро меҷӯянд."

Ба гуфтаи Фариштамоҳ, наврасон бештар дар интернет маълумотеро меҷӯянд, ки дар зиндагии воқеӣ наметавонанд бо касе дар ин бора сӯҳбат кунанд. "Дар мавзӯи рушди ҷисмонӣ ё талаботи шаҳвонӣ маълумот меҷӯянд. Аксу видеоҳои нолозимро тамошо ва насб мекунанд. Ва иттилооти шахсии худро ҳам ба дигарон мефиристанд, ки метавонад ба зарари онҳо анҷом шавад."

"Кӯдакон хеле зирак шудаанд"

Дар аксар ҳолат ба гуфтаи ин мутахассис, рамзгузорӣ дар телефон ва талошҳои дигаре, ки волидон барои ҳифзи фарзандони худ аз зарарҳои интернет истифода мекунанд, муассир нестанд. Ба таъкиди ӯ, "наврасон ҳоло аз барномаҳои махсусе истифода мекунанд, ки тамоми навиштаҳояшон зуд тоза мешаванд ва сомонаҳои истифобурдаи онҳо аз чашми волидон пинҳон мемонад."

Ин мутахассис мегӯяд, ҳоло бояд бо муассисаҳои таълимӣ ва ба вижа омӯзгорон дар ин бора кор бурда шавад. Онҳо бояд дар дарёфти маълумотҳои муҳиму манфиатбахш аз интернет ба кӯдакон роҳнамоӣ кунанд. Сӯҳбат ва омӯхтани роҳи дурусти истифодаи интернет ба бовари мутахассисон, беҳтар аз идора ва назорату маҳдудсозӣ дастрасии наврасон ба интернет аст.

Дар зимн, нигаронии мақомот аз беназорат мондани наврасон дар истифодаи интернет аз сӯйи волидон дар ҳолест, ки бар асоси қонун "Дар бораи алоқаи барқӣ", ки соле пеш бо тағйиру иловаҳои нав дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт, волидон ҳаққ доранд, аз ширкатҳои мобилӣ дар бораи бо кадом ҳадаф истифода шудани интернет аз ҷониби фарзандонашон маълумот гиранд.

Ин маълумот бар асоси қонун бояд бепул ба падару модар пешниҳод шавад. Аммо ҳоло волидон зиёд барои чунин ҳисобот муроҷиат намекардаанд. Ин қонун дар шабу рӯзе қабул шуд, ки даҳҳо ҷиноят бо иштироки ноболиғон рух дод ва мақомот онро таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карданд.