Шаҳрдории Душанбе аз Вазорати корҳои дохилӣ хостааст маълум кунад, ки пушти саҳифаҳои сохта бо номи Рустами Эмомалӣ, раиси ин шаҳр кӣ истодааст. Дар фосилаи ду-се моҳи охир дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" се саҳифа бо номи Рустами Эмомалӣ фаъол шуд, ки ба нашри хабарҳои марбут ба фаъолияти шаҳрдорӣ машғул аст.
Дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо нафар аз дастрастар шудани тамос бо раиси шаҳр қаноатманд шуда, талош карданд бо ӯ робитаи дӯстӣ барқарор кунанд. Бисёриҳо дар ин саҳифа шаҳрдори Душанберо табрик карда, бархе арзу хоҳишиҳои худро ҳам ба ин восита ба ӯ расонидаанд. Вале мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, ин саҳифаҳо ба Рустами Эмомалӣ ҳеҷ рабте надоранд ва кор то ҷое расид, ки аз сохторҳои ҳифзи қонун санҷидани муаллифони саҳифаҳои фейкиро карданд.
"Истифода аз номи шаҳрдор дуруст нест"
Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, барои маълум кардани соҳибони аслии ин саҳифаҳо ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд. Ӯ гуфт, ҳарчанд, дар ин саҳифҳаҳо то кунун ҳарфи баде нашр накардаанд, аммо истифода аз номи шаҳрдор кори дуруст нест.
"Ин масъала дар омӯзиш ҳаст. Кӣ ин саҳифаҳоро боз кардааст ва бо кадом мақсад - бояд маълум карда шаванд. Расман раиси шаҳр ҳоло саҳифа боз накарданд. Интизори натиҷаҳои санҷиш ҳастем", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки аз чор саҳифае, ки ба номи гӯё раиси шаҳр боз шудааст, якеаш ба суоли корбарон посух ҳам медиҳад.
Ду ҳафта пеш дар посух ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам корбари яке аз ин саҳифаҳо гуфт, воқеан, ин саҳифа ба раиси шаҳр таалуқ дорад ва ӯ як зердасташ ҳаст.
Ӯ гуфта буд, ки рӯзҳои наздик расман дар ин бора хабар нашр хоҳанд кард. Дар тамоси рӯзи 18-уми июн вақте ба корбари саҳифа гуфтем, ки "шаҳрдор ба Вазорати корҳои дохилӣ ариза навишта хостори таҳқиқи ин саҳифаҳо шудааст", посухе надод.
Шумори ками мансабдорон дар Фейсбук саҳифа доранд
Боз шудани сафҳа бо номи шаҳрдори Душанбе ва нашри паёмҳо аз номи ӯ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон шумори ками мансабдорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Давоми ду ҳафта беш аз ҳазор нафар ба сафи дӯстони ӯ пайвастанд. Аз мансабдорони баландпоя, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқ дар “Фейсбук” саҳифа дошт, ки бо канор рафтанаш аз ин мақом он дигар фаъол нест.
Хадамоти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд, ки аз ҷониби Хадамоти матбуотиаш идора мешавад ва танҳо линки хабарҳоеро пахш мекунад, ки дар сомонаи расмиаш нашр мешаванд. Ба фарқ аз дигар кишварҳо, мансабдорони тоҷик шабакаҳои иҷтимоиро то ҳол ҳамчун пойгоҳе барои изҳори назар дар бораи фаъолияти кории худ ва тамоси ғайрирасмӣ бо мардум истифода намекунанд. Аз ҳамин хотир, ҳанӯз ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба пойгоҳе барои изҳори назари мансабдорони тоҷик табдил наёфтааст.
"Фаъолият дар шабакаи иҷтимоӣ кор ҳисоб намешавад"
Аҳлиддин Салимов, мутахассиси фанновариҳои ҷадид рӯзи 18-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аксари мансабдорон дар дунё мисли, Доналд Трамп, президенти Амрико муҳимтарин назарҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, бо кӯмаки як созмони ҷамъиятӣ давоми моҳи май ва июн дар вилояти Суғду Хатлон ба кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ кор дар шабакаҳои иҷтимоиро омӯзониданд.
"Аҳамияти ин шабакаҳо аз тарафи мансабдорон дуруст шинохта нашудааст. Ҳоло аксари сокинон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва вақте мансабдор аҳдофашро он ҷо нашр мекунад, аксарият дастрасӣ пайдо мекунанд. Дар сатҳи раисони шаҳру ноҳия аҳмияти доштан ва ҳузур дар шабакаҳои иҷтимиро чандон дуруст намедонанд. Мушкил дар ин аст, ки фаъолият барои мансабдори тоҷик ҳанӯз ба як бахши кораш табдил наёфтааст”, - гуфт ӯ. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, то замоне, ки кор дар шабакаи иҷтимоӣ барои мансабдор вазифа ҳисоб нашавад, онҳо ин масъаларо ҷиддӣ нахоҳанд гирифт.
Ҳоло зоҳиран, дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ду гурӯҳ, аксаран, бо номҳои мустаор фаъол ҳастанд. Яке ҷонибдорон ва дигаре мухолифон, ки ба истилоҳ, ба сиёҳкунии ҳамдигар машғуланд.
Аҳлиддин Салимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, то ҷое медонад, бархе мансабдорон дар саҳифаҳои иҷтимоӣ бо номҳои дигар саҳифа доранд, назарҳоро мехонанд, вале аз худ садо баланд намекунанд.
"Мансабдори кӯҳансол Смартфонро намедонад"
Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки аз камтарин аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, насли ҷавони мансабдорони тоҷик ин вазъро тағйир медиҳанд. Ӯ гуфт, аксари мансабдорони кӯҳансол, "аз ин низоми иттилоотӣ дур мондаанд ва бисёриҳо ҳатто компютеру телефонҳои ҳушманд истифода карда наметавонанд".
Ӯ гуфт: "Ҳоло оҳиста-оҳиста вазъият тағйир мекунад. Насли нави таҳсилдида ба сари кор меоянд, ки истифодаи технологияи муосирро хуб медонанд. Фаъол будани мансабдор дар шабакаи иҷтимоӣ зарур аст. Мардумро ба роҳи дуруст дар соҳаи худаш бояд ҳидоят кунад. Ин талаботи ҷаҳони муосир аст, ки мансабдори оянда ҳатман бо шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда тавонанд, иттилоотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ карда тавонанд ва таҳлил кунанд. Ҳоло дар заминаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хостаҳои мардумро омӯхт. Вақте мансабдор дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест, ҷойи маълумоти дурустро маълумоти нодурусту яктарафа пур мекунад."
Мансабдорони тоҷик мегӯянд, барояшон супориши сохтани сомонаҳои расмӣ аз чанд соли пеш шуда буд, вале ҳанӯз дар бораи боз кардани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастуре нагирифтаанд. Як раиси ноҳия дар вилояти Хатлон бидуни зикри номаш рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мансабдори давлатист ва танҳо бар асоси дастур кор мекунад.
"Ҳоло раисе нест, ки аз Viber-у IMO ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода карда натавонад. Ҳама истифода мекунад, вале то аз дастгоҳ фармон надиҳанд, мо аз пеши худ коре карда наметавонем. Мо хизматчии давлатием ва амаликунандаи сиёсати давлат ҳастем. Агар фармон диҳанд, саҳифа кушодану изҳори назар кардан дар бораи кор ҳеҷ мушкилие надорад", - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Айни замон, бархе фаъолони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, фаъол будани мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазъи озодии баён дар ҷомеаи сахт алоқаманд аст. Дар кишварҳое, ки озодии баён риоя шуда, мизони посухгӯии мақомот дар баробари ҷомеа ҳам баланд аст, мақомоташ ҳамонгуна дар шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ фаъол ҳастанд. Дар ҷомеаҳои баста мақомот ҳам ҳамон дараҷа аз матбуот дурӣ ҷуста, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам кам истифода мекунанд. Бархе огоҳон мегӯянд, мақомоти манфиатдор дар омӯзиши афкори умум бо исмҳои мустаор дар шабакаҳо фаъол шуда, аз роҳи ғайримустақим дар бораи он чи ки гуфта мешавад, иттило дарёфт мекунанд. Дар бархе ҷомеаҳои дигар, ба ҷуз афроди вижа, мисли раиси ҷумҳурӣ, дигар шахсон саҳифаҳои бози иҷтимоӣ надоранд. Мисоли саҳифаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз ин қабилҳост. Дар саҳифаи фаъоли Мирзиёев ҳам асосан рӯйдодҳои марбут ба фаъолиятҳои кории президент матраҳ ва нашр мешавад. Мақомоти дигари узбек зоҳиран дар шабакаҳо фаъолияти озоду ошкор надоранд.
Бар асоси омори расмӣ, аз се як нафар сокини Тоҷикистон, яъне аз нӯҳ миллион аҳолии кишвар се миллион нафар ба интернет дастрасӣ доранд. "Фейсбук", "Одноклассники", "Ютюб" ва "Инстгарам", аз шабакаҳои серистифода дар Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳар кадоме бештар аз сад ҳазор корбар доранд.