Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як "Like"-у "Класс" метавонад то 15 сол ба зиндон барад


Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд даъвати оммавӣ барои содир намудани “теракт” ва сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет ҷурм шинохта шуда, аз 10 то 15 соли зиндонро дар пай хоҳад дошт.

Шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд
Бахтовар Сафаров, вакили порлумон

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 13-уми июн аз тағйирот ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ” –ҷонибдорӣ карданд. Ҳамакнун ба банди дувуми ин модда ибораи “ё шабакаи интернет” ворид гардид, ки содир кардани ҷинояти дар ин модда зикршударо тариқи шабакаи Интернет ҳам ҷиноят эътироф мекунад.

Чаро интернет ба қонун ворид шуд?

Бахтовар Сафаров, вакили порлумон, рӯзи 13-уми июн ҳангоми муаррифии ин тағйирот гуфт, “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, зарурати ворид кардани “шабакаҳои интернетӣ” ба вуҷуд омадааст, то ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашидани афрод ҷурми онҳо дуруст банду баст шавад”.

Бахтовар Сафаров
Бахтовар Сафаров

Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазоро дар шакли ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 сол дар назар дорад. Дар шарҳи “сафедкунии оммавии терроризм” дар Кодекси ҷиноӣ гуфта мешавад, “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

Дар чанде аз тарҷибаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон гузоштани “лайк”, “класс” ваё ба дигарон фиристодани матну маводи марбут ба терроризм, созмону ҳаракатҳое, ки фаъолияташон мамнуъ ва террористиву экстремистӣ шинохта шудааст, ҳамчун сафедкунии оммавии терроризм қаламдод шуда буд.

“Эҳтимоли сӯистифода аз қонун вуҷуд дорад”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти охир ба қонуни ҷиноӣ идомаи ташаббусҳои вазнинтар кардани муҷозот вобаста ба терроризму экстремизм аст. Ӯ гуфт, соли пеш ҳам ба баъзе қонунҳо тағйирот ворид шуда буд, ки ҳамин масъаларо дар назар дошт ва такмили моддаи 179 низ идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳост.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Қаршибоев афзуд, "ягон шахси солимфикр ҷонибдори терроризм ва ё экстремизм нест. Аммо хавфи нодуруст шарҳ додан ва ё татбиқ кардани ин меъёр аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сӯистифода аз он вуҷуд дорад. Бинобар ин, порлумон бояд шарҳи мушаххаси ин қонунро нашр карда, ошкоро ба мардум гӯяд, ки кадом амал ҷиноят аст, то аз он парҳез кунанд."

Раиси НАНСМИТ афзуд, дар сурати мушаххас набудани меъёри қонун ва набуди шарҳи он эҳтимол аз он сӯистифода сурат бигирад. "Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, журналистон ва ҳуқуқшиносон бояд меъёри ин қонунро возеҳу равшан ба мардум шарҳ диҳанд, то ки дар дарки он духӯрагӣ ба миён наояд",- хулоса кард Қаршибоев.

Таъйини ҷазо барои сафедкунии терроризм бо истифодаи интернет танҳо ҷазое нест, ки корбарони интернетро таҳдид мекунад. Тайи чанд соли охир Тоҷикистон ба як зумра моддаҳои Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки марбут ба корбарони интернет аст.

Айни замон ба ҷуз аз ин тағйироти нав воридшуда, 8 моддаи Кодекси ҷиноӣ бандҳои марбут ба интернет доранд, ки дар сурати нақзи он корбарон метавонанд ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шаванд.

  • Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон
  • Моддаи 137 (1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон.
  • Моддаи 179 (1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигарон барои содир намудани онҳо. Ҷазо: аз 10 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 8 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307 (1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз интенет. Ҷазо: аз 5 то 10 сол.
  • Моддаи 307 (3) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии… экстремистӣ эътирофшуда тавассути шабакаи интернет. Ҷазо: аз 5 то 8 сол.
  • Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути интернет. Ҷазо: аз 50 ҳазор то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 соли зиндон.
  • Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 5 то 10 соли зиндон.

Аксарияти ин ҷазоҳо аз соли 2010 ба ин тараф вориди Кодекси ҷиноӣ шуданд, ки ҳар корбари интернетро дар як они воҳид метавонад ба ҷинояткор табдил диҳад. Як «лайк», «класс» ва ё паҳн кардани матлаби марбут ба ин моддаҳо кофист, ки корбари интернет ҷинояткор эътироф шавад.

XS
SM
MD
LG