Суннатулло Мирзоев донишҷӯе аз Хуҷанд аст, ки миёни ҳазорон довталаби дигари тоҷик барои таҳсил ба Русия фиристода шудааст. Ӯ ният дорад, ки дипломат шавад ва ҳоло дар соли дуввуми Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, дар риштаи “Равобити байналмилал” таҳсил мекунад. Дар мавриди таҳсилаш дар донишгоҳ бо қаноатмандӣ суҳбат мекунад.
“Инҷо намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд ва касе ба касе кор надоранд, зеро мо бо як эҳтироми бузург ба донишгоҳи худ бархӯрд мекунем”, - мегӯяд, донишҷӯйи тоҷик.
Ӯ ба ин бовар аст, ки маҳз таҳсил дар донишгоҳҳое чун Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия метавонад, ба ин дипломати оянда барои робита пайдо кардан бо кишварҳои гуногун ва саҳм гузоштан дар кишвари худ ёрӣ мерасонад.
“Дар оянда, агар ҳамсабақони ман дар кишварҳои худ ба мансабҳои муҳиме бирасанд, ин метавонад муносибот миёни кишварҳоямонро хеле беҳтар кунад”, - изҳор дошт, Суннатулло.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои аксари довталабони тоҷик руъё ба ҳисоб меравад. Баъзеҳо агар кӯшиш мекунанд, ба Русия барои он бираванд, ки ихтисоси наверо биомӯзанд, қисми дигар барои он мераванд, ки ҳам таҳсил ва ҳам кор кунанд. Ва қисме ҳам барои он мераванд, ки таҳсил кунанду он ҷо бимонанд.
Аз деҳаи кӯҳистон то нурҳои кайҳон
Гулмурод Шозиёев, дар гузашта сокини деҳаи Турбати ноҳияи Шуғнон ва ҳоло номзади илмҳои физикаю математика, аз замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ то Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов роҳи дурударозеро тай кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дар Душанбе аз имтиҳон гузаштем, дар Русия ғалтонданд" САДОРисолаи номзадиро Гулмурод дар соли 2006 ҳимоя кардааст ва аз он замон ба таври ҷиддӣ вориди илм шуд. Ҳоло ин олими физик дар намояндагии Донишгоҳи Давлатии Маскав дар Душанбе ба ҳайси корманди калони илмӣ кор мекунад ва ҳамзамон ба таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ машғул аст.
Гулмурод мегӯяд, ки на танҳо маълумоти олӣ аз Донишгоҳҳои Русия, балки ҳар гуна тахассус барои инсон шонс медиҳад, ки ҷойгоҳи худро дар зиндагӣ биёбад.
“Муваффақияти инсон аз заҳмате, ки барои таҳсил кашидааст ва аз самте вобаста аст, ки барояш писанд аст ва барои интихоби касб ба ҳамин самт ҳаракат мекунад. Яъне инсон муваззаф аст дақиқ бидонад, ки дар давоми даҳ сол ӯ бояд кӣ шавад”,- бар ин назар аст ин физикдон.
Ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон миёни мардуми таҳсилдида, мутахассисони обрӯманд онҳое ҳисоб мешуданд, ки хатмкардаи донишгоҳҳои Маскав ва ё Петербург буданд. Мутахассисони дигар талош мекарданд, ки таҳсил ва ё бозомӯзиро дар Русия фаро бигиранд.
Бо гузашти солиёни зиёд ин қолаб ҳанӯз побарҷост. Новобаста ба имконоти фароҳамшудаи таҳсил дар Ғарб, бисёриҳо кӯшиш мекунанд маҳз ба Русия бираванд. Танҳо ба ин хотир, ки забонро хубтар медонанд ва ба фарҳанги ин кишвар ошноии бештар доранд.
Роҳ на барои ҳама ҳамвор аст
Бо ин ҳама таҳсил дар Русия, ба монанди Тоҷикистон, кафолати пайдо кардани ҷойи кори хубро намедиҳад. Бисёриҳо ба хотири ин ки талабот ба тахассуси онҳо нест ба Тоҷикистон барнамегарданд ва надоштани шаҳрвандӣ дар Русия имкон намедиҳад, ки мувофиқи тахассусашон кор пайдо кунанд. Маҷбур мешаванд, дипломро як сӯ гузоранду корро берун аз ихтисос ҷустуҷӯ кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 65%-и донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, ки дар хориҷа мемонандТоҳир Замиров ихтисоси геодезӣ дорад ва хатмкардаи Донишгоҳи иктишофи геологии Маскав аст. Се сол аст барои худ ҷойи кор пайдо намекунад. Тоҳир магистратураро бо сармояи худаш хатм кардааст, то коре аз рӯйи тахассусаш биёбад, вале ҷойи кори лозимро ҳанӯз пайдо накардааст.
Мегӯяд, ки барои Тоҷикистон мутахассиси геодезӣ даркор нест ва дар Маскав бо шиносномаи тоҷикӣ ба кор қабул намекунанд.
“Бисёри дӯстоне, ки бо ман таҳсил карда буданд, мисли ман дубора ба Маскав баргаштанд ва дар сохтмонҳо берун аз тахассуси худ кор мекунанд. Барои ҳамин ман ҳоло тасмим гирифтам, ки шаҳрвандӣ ба даст биоварам”, - изҳор медорад Тоҳир. Дар оянда ҳам Тоҳир ният дорад дар Русия бимонад, зеро дар он ҷо эҳтимолияти кор пайдо кардан барояш бештар аст.
Шинос надошта бошӣ, ҷойи кор нест
Мутхассисони ҷавони дигаре, ки мактабҳои олии Русияро хатм кардаанд ва умедвори пайдо кардани ҷойи кори мувофиқанд, аз ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ ҳангоми қабул ба кор шикоят мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ки бозори шуғл бисёр маҳдуд аст, аксари кадрҳои баландихтисос бо дипломҳои донишгоҳҳои беҳтарини кишвар ва Русия, баъди хатми донишгоҳҳо бо мушкилоти ёфтани ҷойи кор рӯ ба рӯ мешаванд.
Бештари онҳо мегӯянд, ки агар барояшон шиносҳои баландмақомашон ёрӣ нарасонанд, шонси пайдо кардани кори мувофиқ ба тахассусашон хеле кам аст. Масъалаҳои марбут ба таҳсили Русияро дар Тоҷикистон ба таври расмӣ намояндагии «Россотрудничество» пеш мебарад.
Ҳамасола ин ниҳод дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногуни марбут ба содироти омӯзишии Русияро роҳандозӣ менамояд. Соли гузашта барои довталабони тоҷик дар доираи квотаҳо 600 ҷой дар мактабҳои олии Русия ҷудо шуда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Танбеҳи профессоре, ки гуфт "донишҷӯёни тоҷик зарбу тақсимро намедонанд"Аз соли 2013 бо пуштибонии ин созмон дар Тоҷикистон “Анҷумани хатмкардаҳои мактабҳои олии Русия” амал мекунад, ки ҳамасола анҷуманҳои худро мегузаронанд ва ба таври расмӣ пеши худ вазифа мегузорад, аз ҷумла барои таъмини ҷойи кор барои хатмкардаҳо.
Ба ҷуз доваталабони муқаррарӣ, дар мактабҳои олии Русия солона даҳҳо мансабдорони Тоҷикистон давраҳои бозомӯзиро фаро мегиранд ё рисолаҳои илмии худро ҳимоя мекунанд. Ҷойи асосии таҳсили хидматчиёни давлатии тоҷик Академияи дипломатии Русия, Академияи хоҷагии халқи Русия ва хадамоти давлатии президенти Русия мебошад.