Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар банд мондани даҳҳо мошину вагони боркаши Тоҷикистон дар марзи он кишвар бо Туркманистон даст надоранд.
- Умеди Ҷаҳонхоҳ, нозири гумруки Хуросони Разавӣ, дар суҳбат бо хабаргузории "ИРНА" гуфтааст, Эрон барои убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Лутфобод" ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ накард.
Мошинҳои расида ба марзи "Лутфобод" маҷбур ба бозгашт ва идомаи масир аз марзҳои шимоли ғарбии Эрон ҳастанд.
Тайи тақрибан ду ҳафта боз даҳҳо мошини ронандаҳои тоҷик дар марзи Эрону Туркманистон дармондаанд. Ишқобод то ба ҳол сабаби аслии нигоҳ доштани ин мошинҳои молу колоро шарҳ надодааст.
Азбаски мошинҳо дар гузаргоҳи байни Эрону Туркманистон банд мондаанд, баъзеҳо ҳадс заданд, ки эҳтимол ин кори дасти Теҳрон аст. Тоҷикистону Эрон ҳудуди се сол боз муносибати хубе надоранд.
Видео: Мошинҳои бандмондаи Тоҷикистон дар марзи Эрону Туркманистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Номаи гумруки Эрон
Аммо Умеди Ҷаҳонхоҳ рӯзи 7-уми сентябр чунин иддаоро дар суҳбат бо хабаргузории "ИРНА" рад кард ва гуфт, маҳдудият марбут ба гумруки Эрон нест, балки ҳукумати Туркманистон монеи вуруди мошину вагонҳо аз гузаргоҳи "Лутфобод" шудааст.
"Як ҳафта қабл Туркманистон барои мошинҳои ҳомили коло, ки бояд ба Тоҷикистон бираванд, маҳдудият ҷорӣ кард. Мошинҳои расида ба марзи "Лутфобод" маҷбур ба бозгашт ва идомаи масир аз марзҳои шимоли ғарбии Эрон ҳастанд. Гумруки Эрон бо ирсоли нома аз мамониати Туркманистон барои вуруди мошинҳои боркаш, ки ба Тоҷикистон бояд бираванд, гумрукоти Хуросони Разавиро огоҳ карда буд", - афзудааст ӯ.
Хуросони Разавӣ молҳои тавлидотиашро асосан ба Афғонистону Туркманистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна содирот мекунад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон маслиҳат дод, ки барои бозгашт ба кишвар аз қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон истифода кунанд. Вазорат дар як изҳороти расмӣ гуфт, "ин роҳ дар муқоиса ба роҳи Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон тӯлонитар аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст."
Туркманистон чӣ гуфт?
Мақомоти Туркманистон расман дар ин бора изҳори назар накардаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои шарҳи масъала ба Туркманистон муроҷиат кардааст, аммо ҷавоби номаро ошкор накарданд. То ба ҳол маълум нест, ин монеагузории Туркманистон аз баҳри чӣ будааст.
Аммо ду рӯз қабл Туркманистон иҷоза додааст, ки қаторҳои бандмондаи Тоҷикистон аз марзи он кишвар гузаранд. Як манбаъ дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики 150 вагон ҳаққи убур аз марзи Туркманистонро ба даст оварданд.
Ба қавли манбаъ, мақомоти Роҳи оҳани Туркманистон бо ирсоли як мактуб ба ҳамтоёни тоҷики худ гуфтаанд, ки ҳаракати қаторҳоро бо сабаби мушкили дохилии худ манъ кардаанд.
Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.
Мушкилот дар ҳаракати мошинҳои борбар, ки Туркманистон як роҳи транзитии онҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, баъди фурсати кӯтоҳе аз он пеш омад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод сафар кард ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот дошт.