Муҳокимаи парвандаи роҳбарони пешини ширкати Telia (TeliaSonera-и собиқ) дар Додгоҳи шаҳри Стокҳолми Шведсия шуруъ шуд. Онҳо барои додани тақрибан 350 миллион доллар “пора” ба Гулнора Каримова – духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов – муттаҳаманд.
Дар курсии айбдорӣ се роҳбари пешини ширкат – Ларс Нюберг, Теро Кивисаарӣ ва Улӣ Туима нишастаанд. Аввалӣ дар гузашта мудири молӣ, дувумӣ ноиб-президент ва севумӣ мушовири тиҷорӣ буд. Ин афродро барои пешгирӣ накардани ришвахорӣ ва додани “пора” муттаҳам карданд.
Гуфта мешавад, ин намояндагони собиқи ширкати Telia-ро дар додгоҳ гуруҳи вакилони мудофеи маъруф ва ботаҷруба ҳимоят мекунанд. Дар рӯзи аввали мурофиа, ки 4-уми сентябр шуруъ шуд, ду тараф дар бораи он баҳс намуданд, ки иҷрокунандаи вазифаи мудири Telia чӣ гуна бозпурсӣ хоҳад шуд.
Додситонҳо талаб кардаанд, ки раҳбари кунунии ширкат аввал савганд ёд карда, сипас, ба суолҳо ҷавоб гӯяд. Аммо вакилони мудофеъ гуфтаанд, ба ин кор ҳоҷат нест. Бо ин ҳол, пас аз танаффус додрас талаби додситониро қонеъ кардааст.
Охири соли ҷорӣ сухани охирини додситонҳо ва вакилони мудофеъ сурат мегирад ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2019 ҳукми роҳбарони пешини ширкати Telia эълон хоҳад шуд.
Соли 2015 нисбат ба Гулнора Каримова дар Шведсия, Швейтсария ва Амрико парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯро дар ғасби наздик ба 1 миллиард доллар айбдор карданд. Ин айбнома ба порагириҳои Каримова аз шаш ширкати мобилӣ рабт дорад.
Дар Узбекистон ҳам нисбат ба Каримова парванда боз шуда, ӯро дар ҷиноятҳои молӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тошканд соли 2017 Каримоваро бо айби саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳв кардани ҳуҷҷати ширкатҳои офшорӣ 5 сол зиндонӣ кард.
Бахши аъзами пулҳои Гулнора Каримова, яъне тақрибан 800 миллион доллари он, дар бонкҳои Швейтсария ёфт ва ҳисобҳояш баста шуд. Расонаҳои Швейтсария моҳи июни имсол хабар доданд, ки додситонии ин кишвар қарор кардааст, 686.7 миллион франки швейтсарӣ дороии Гулнораро ба Узбекистон бидиҳад.
Қаблан ширкати Telia, ки 37 дарсади саҳмияҳояш ба ҳукумат мутааллиқ аст, гуноҳи худро барои додани “пора” ба Гулнора Каримова тасдиқ карда буд. Ин ширкат гуфта буд, барои ворид шудан ба бозори мухобиротии Узбекистон ба духтари раиси ҷумҳури пешини он кишвар 331 миллион доллар ришва додааст.
Ширкати мобилии шведии Telia (TeliaSonera-и собиқ) барои қонеъ кардани даъвоҳои марбут ба таҳқиқоти фасодкориаш дар Узбекистон, ба Амрико 965 миллион доллар ҷарима мепардозад.