Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримови хурдӣ аз Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хост


Ислом Каримови хурдӣ, писари Гулнора Каримова
Ислом Каримови хурдӣ, писари Гулнора Каримова

Ислом Каримови хурдӣ, писари Гулнора Каримова ва набераи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, аз ҳукумати Бритониё дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Дар ин бора бахши узбакии радиои Би-би-сӣ рӯзи 29-уми январ бо такя ба вакили дифои Ислом Каримови хурдӣ хабар дод.

Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ки дар арсаи ҳунар бо номи Гугуша маъруф аст, аз ворисони эҳтимолии тахти падараш дониста мешуд

Гуфта мешаад, Каримови хурдӣ барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба камияш як моҳ пештар ба мақомоти Бритониё муроҷиат кардааст.

Ислом Каримови хурдӣ аз замоне ки модараш Гулнора Каримова дар Узбекистон таҳти таъқиб қарор гирифт, зиндагиро дар Бритониё ихтиёр кард. Дар ҳоли ҳозир Гулнора Каримова дар боздошт аст.

Додситонии кулли Узбекистон бори аввал моҳи июли соли гузашта дар боздошт будани Гулнора Каримоваро тасдиқ кард ва ҷузъиёти парвандаҳои ӯро ошкор намуд. Бино ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд барои саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷуӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор шуда, озодияш барои 5 сол маҳдуд гардидааст.

Баъдтар зидди Гулнора Каримова чанд парвандаи дигар боз шуд.

Ислом Каримови хурдӣ пас аз эълони парвандаҳо аз модараш ҳимоят кард ва Додситонии кулли Узбекистонро барои таҳияи парвандаи, ба қавли ӯ, сохта муттаҳам кард. Ӯ гуфта буд, бо баёни ин ҳарфҳо даъво надорад модараш беҳтарин одами рӯи дунёст. Аммо гуфт, “фарди бадтарин ҳам нест.”

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Ӯ афзуд, «агар мақомоти Узбекистон воқеан мехоҳанд ҳақиқатро собит кунанд, модарам, Рустам Мадумаров, шавҳари граждании модарам ва ёвараш Гаяна Авакянро дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима кунанд. Касе тақозо намекунад, ки онҳо озод шаванд. Танҳо ба онҳо имконият дода шавад, ки дар додгоҳи байналмилалӣ дар муддати ҳадди ақал 5 дақиқа мавқеи худро бигӯянд. Ин дар ҳолест, ки ин афрод ҳатто ҳаққи 5 дақиқаи дидор бо хешу таборрро надоранд.»

Ислом Каримови хурдӣ
Ислом Каримови хурдӣ

Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон, ки дар арсаи ҳунар бо номи Гугуша низ маъруф аст ва аз ворисони эҳтимолии тахти падараш дониста мешуд, аз соли 2013 ба ин тараф аз саҳнаи сиёсату тиҷорат ва мӯду фарҳанг канор зада шуд. Аз замоне ки номи ӯ дар робита ба ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Узбекистон роҳ ёфтани “VimpelCom“, ширкати русии МТС ва ширкати финниву шведии “TeliaSonera” расонаӣ гардид.

XS
SM
MD
LG