Идораи додситонии федералии Швейтсария таҳқиқи панҷсолаи худ дар бораи дороиҳои духтари раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Гулнора Каримоваро ба анҷом мерасонад. Ин таҳқиқот ҳанӯз моҳи июли соли 2012 оғоз шуда буд. Баҳси сари ҳудуди 800 миллион доллар аст. Дар ҳоли ҳозир бузургтарин парвандаи фасод дар таърихи Шведсария ба додгоҳ ироа нашудааст, аммо чанд кишвар дар ҳоли ҳозир як муборизаи ҷиддии қонунӣ барои азхуд кардани ин пулро оғоз кардаанд.
Нуздаҳ кишвар дар парванда Каримова ҳамкорӣ мекунанд
Маълумоти расмӣ дар бораи ин, ки дар кадом кишвар дар нисбати пулшӯиҳои Гулнора Каримова парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, эълон нашудааст. Рӯзи 25-уми октябр дар Хадамоти матбуоти Додситонии Шведсария ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷузъияти ин равандро наметавонанд ифшо кунанд, зеро таҳқиқ дар ин маврид ҳанӯз идома дорад.
Манбаи рӯзномаи Le Temps, ки аз ҷузъёти ин парванда огоҳ аст, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳар яке аз тарафҳо махфиёна бо ҳукумати Швейтсария музокира мекунад, то дороиҳои боздоштшудаи Гулнора Каримоваро ба даст биёрад.
"Дар июли соли 2012 раванди таҳқиқ дар робита ба шаш нафар оғоз шуд, ки яке аз онҳо Гулнора Каримова мебошад. Онҳо ба иртикоби ҷиноятҳое монанди фасод ва пулшӯӣ, гумонбар ҳастанд. Додситонии федералии Шведсария дар ҳоли ҳозир 800 миллион фракнро (беш аз 784 миллион доллар) ҳабс кардааст",-омадааст дар иттилоияи Додситонии федеролии Швейтсария.
Дафтари матбуоти Додситонии федералии Шведсария афзуд, "аз замони боз шудани ин парвандаи ҷиноятӣ, Додситони федеролии Швейтсария ҳамроҳ бо нуздаҳ кишвар, аз ҷумла Шведсия, Ҳолланд ва Амрико дар ин раванд ҳамкорӣ кардааст."
Оливе Лонгшан, коршиноси умури молиётӣ аз муассисаи мустақили "Эъломияи Берн" (EvB) дар сӯҳбат ба бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми октябр гуфтааст, ки парвандаи Гулнора Каримова яке аз печидатарин мавридҳо дар қонунгузории байналмилалӣ мебошад.
“Ин раванд аз се марҳила ибора аст. Марҳилаи аввал ин таҳқиқ, марҳилаи дувум ин раванди додгоҳӣ аст. Дар сурате, ки додгоҳ пулро ҳабс кардааст, марҳилаи савум ба дунболи он хоҳад буд – раванди бозпардохт. Парвандаи Гулнора Каримова яке аз мушкилтарин парвандаҳои фасод дар таърихи Швейтсария мебошад. Арзиши умумии пулҳои ҳабсшуда ва дигар дороиҳо беш аз як миллион доллар аст. Ин маблағи калон аст. Ин комилан як раванди қонунии печида аст."
Вай дар идома гуфт, ки ин ҳолат тазод ва мухолифат байни қонунҳои чандин кишвар дар мавриди парвандаи Гулнора Каримоваро ба миён овардааст. Бинобар ин, Додситонии федералии Швейдсария хоҳони ҳарчи зудтар фиристодани ин парванда ба додгоҳ аст.
“Дар ҳоле, ки мо маълумоти дақиқе дар мавриди замони таҳқиқ дар даст надорем, аммо шахсан аз мақолае, ки ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи Le Temps мунташир шуда, фаҳмидам, ки парванда дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва иттиҳомот алайҳи ин афрод аллакай омода аст”, мегӯяд Олиеве Лонгшан.
Гуфтугӯҳои пӯшида бо мақомоти Швейсария
Мақолае бо номи“Фасоди миллионӣ дар Шведсария боиси ҳасодат байн хориҷиҳо мешавад”, ки рӯзи 19-уми октябр дар рӯзномаи La Temps ба нашр расид, дар ин бора қисса мекунад, ки якчанд кишвар сари 800 миллион доллари ҳабсшудаи Гулнора Каримова дар Швейтсария, иддао доранд. Дар ин мақола аз ҷумла гуфта мешавад, ки муддаиёни аслӣ Амрико, Узбакистон ва Ҳолланд мебошанд.
Ҳамон тавр, ки дар ин мақола гуфта мешавад, ба ин далел, ки пулҳои ҳабсшуда аз Узбакистон ба Швейтсария интиқол ёфтаанд, мақомоти Тошканд хостори бозгардонидани пул ба Узбакистон ҳастанд. Амрико ҳам иддао дорад, ки ин дороиҳои Каримова ва ҳамдастонаш бо кӯмаки системаи бонкии Амрико ва бо доллар анҷом шудааст. Аммо Ҳолланд ба ин бовар аст, ки пули ҳабсшуда ришвае аст, ки аз сӯи ширкатҳои мухобиротӣ дар қаламрави ин кишвар ироа мешавад ва бинобар ин, дороиҳои Каримова бояд ба Ҳолланд дода шавад.
Пули Гулнора ҳаққи кист?
Манбаи рӯзномаи Le Temps, ки аз ҷузъёти ин парванда огоҳ аст, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳар яке аз тарафҳо махфиёна бо ҳукумати Швейтсария музокира мекунад то дороиҳои боздоштшудаи Гулнора Каримоваро ба даст биёрад. Дар Берн -- пойтахти Швейтсария дар бораи шеваи баргардонидани пулҳо, баррасиҳо давом дорад. Ба ин раванд чанд вазоратхона ва ниҳодҳои дигар, аз ҷумла додситонӣ, департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамчунон департаменти рушди ҳамкориҳо, сару кор доранд.
Як мақоми швейтсарӣ, ки ба таври мустақим дар парвандаи Гулнора Каримова ширкат дорад, ба ин рӯзнома гуфтааст, ки пули ҳабсшуда бояд ба тарафи Узбакистон баргардонида шавад, зеро он аз Узбакистон дуздида шудааст. Вай дар идома гуфтааст, ки фасоди ҳукумати феълии Узбакистон ва ҳамчунин ҳукумати қаблӣ, ҳамчунин адами риояти ҳокимияти қонун дар ин кишвар, ин равандро ба таври қобили таваҷҷӯҳ, халалдор кардааст.