Яке аз оҷонсиҳои маъруфи дунё низоми нафақаи Тоҷикистонро муваффақ эътироф кардааст. Таҳлилгарони Оҷонсии байналмилии рейтингии Moody's дар як гузориши тозанашр ислоҳоте, ки Тоҷикистон дар системаи нафақа ҷорӣ кард, муваффақ шуморида онро ҳамчун намунаи ибрат барои кишварҳои дигар пешниҳод кардааст.
Арзёбии мусбат аз системаи нафақа дар Тоҷикистон
Оҷонсии Moody's дар ҳоле ба низоми нафақаи Тоҷикистон чунин баҳо гузоштааст, ки андозаи нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ камтарин аст. Оҷонсии байналмиллаии рейтингии Moody's таносуби коргарон ва нафақахӯронро дар кишварҳои пасошӯравӣ таҳлил карда, ба низоми нафақаи Тоҷикистон баҳои мусбат додааст .
Андозаи миёнаи нафақа айни ҳол дар Тоҷикистон 270 сомонӣ аст. Бо қурби имрӯза ин муодили 28 доллари амрикоӣ аст. Ин маблағ хеле камтар аз андозаи сабади истеъмоли як нафар, ки хароҷоти минималии як нафарро дар моҳ дар бар мегирад, мебошад.
Коршиносони ин оҷонсӣ ислоҳоте, ки Тоҷикистон дар системаи нафақа солҳои охир ҷорӣ карда буд, мусбат арзёбӣ кардааст. Пас аз фурӯпошии иттиҳоди шуравӣ Тоҷикистон қабл аз дигар кишварҳои сину соли нафақаро аз 60 ба 63 солагӣ барои мардон ва барои занон аз 55 солагӣ ба 58 солагӣ боло бурд.
Бар изофа, аз соли гузашта низоми нави нафақаро кишвар ба роҳ андохт, ки тибқи он, андозаи нафақа бештар аз сатҳи маоши коргар вобаста хоҳад буд. Яъне, коргар маоши баланд гирифта, ҳарчи бештар ба фонди нафақа маблағ равон кунад, нафақааш низ ҳамон миқдор зиёд мешавад. То ин дам андозаи нафақа бештар аз собиқаи корӣ ва дигар омилҳо вобаста буданд. Оҷонсии Moody's аз ин нигоҳ низоми нафақаи Тоҷикистонро солим арзёбӣ кардааст.
Аммо як назар ба мизони нафақаҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ кофист, ки дида шавад, андозаи нафақа дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ хеле паст аст. Барои мисол, андозаи миёнаи нафақа дар Қирғизистони ҳамсоякишвари Тоҷикистон айни ҳамон муодили 75 доллари амрикоист. Бознишастагони Узбекистони ҳамсоя ба ҳисоби миёна дар як моҳ 46 доллар мегиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Андозаи миёнаи нафақа айни ҳол дар Тоҷикистон 270 сомонӣ аст. Бо қурби имрӯза ин муодили 28 доллари амрикоӣ аст. Ин маблағ хеле камтар аз андозаи сабади истеъмоли як нафар, ки хароҷоти минималии як нафарро дар моҳ дар бар мегирад, мебошад.
"Нафақа барои зиндагиам кофӣ нест"
Бозинишастагон мегӯянд, нафақае, ки аз давлат дарёфт мекунанд, барои зиндагиашон кофӣ нест. Самад Тоҷов, сокини бознишастаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, пас аз таҷрибаи беш аз 30-солаи кор ҳамчун муҳосиб каме беш аз 300 сомонӣ нафақа дарёфт мекунад, ки барои харҷӣ рӯзгор кифоя нест.
Ӯ гуфт: "Ин нафақа аз куҷо барои харҷи рӯзгорам мерасад? Намерасад албатта, нарху наворо бинед, як халта орд мешавад маблағи нафақа. Шукри фарзандон, ки кор мекунанд ва дар айёми пирӣ нигоҳу бин мекунанд".
Бо 200 сомонӣ нафақахӯр чи гуна рӯз гузаронад?
Мушкили хеле кам будани нафақаҳо дар Тоҷикистон мояи нигаронии амиқи Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон низ шуда буд. Зуҳуров хитоб ба як мақомоти Оҷонсии нафақа гуфта буд, ки бо ин 200 сомонӣ чӣ гуна нафақахӯрон рӯз гузаронанд?
Зуҳуров он замон гуфта буд, ки бо ин вазъ дигар намешавад муросо кард ва ба масъулони Оҷонсии нафақа дастур дода буд, ки имконияти боло бурдани нафақаҳоро баррасӣ кунанд. Аммо то ба ҳол Оҷонсии нафақа ба ин дархости Зуҳуров посухе нагуфтааст.
Ҳоло Тоҷикистон беш аз 664 ҳазор нафар нафақахӯр дорад.