Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ расид

Қимати гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ба камияш шаст дирам боло рафтааст. Баъзе аз ронандаҳо рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир нархи як литр гази моеъ аз 3 сомониву 90 дирам то чаҳор сомонӣ ва дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз он бештар қимат дорад. Гуфта мешавад, нархи бензину солярка низ афзоиш ёфтааст.

Як сабабаш ба он вобаста аст, ки ҳоло аз тарафи Қазоқистон газ наомада истодааст. Дувум, ин шабу рӯз талабот ба сӯзишворӣ, аз ҷумла газу солярка бештар шудааст.

Тибқи ҳисобҳо ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд. Дар маҷмуъ, сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳсулотест, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири мустақим дорад.

Дар гузашта баланд шудани нархи сӯзишворӣ ба баланд шудани нархи роҳкиро ва, ҳамин тавр, маҳсулоти бозор таъсир гузошта буд.

Дилшод, як сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 17-уми июн, пас аз истироҳати якҳафтаина аз Суғд ба пойтахт баргашт. Ӯ мегӯяд, дар давоми як ҳафта нархи мусофиркашонҳои масири Душанбе – Хуҷанд тақрибан панҷоҳ сомонӣ афзудааст.

Моҳи декабри соли гузашта низ нархи гази моеъ гарон шуда буд

“Ҳафтаи гузашта бо рафиқон барои дамгирӣ ба Суғд рафтем. Роҳкиро ҳамагӣ 70-80 сомонӣ буд. Ҳатто зорӣ карданд, ки ҳамроҳашон равем. Вале ҳангоми бозгашт нархи роҳкиро 120 сомонӣ ва аз он бештар буд. Бахусус агар мехоҳӣ дар паҳлӯи ронанда бишинӣ”, - нақл кард ӯ.

Ин сокини пойтахт гуфт, ронандаҳо барои пеш омадани чунин вазъият боло рафтани нархи сӯзишвориро далел овардаанд. Ӯ гуфт, “бо зориву тавалло дар ивази 100 сомонӣ ба Душанбе расидам.”

Мақомоти Тоҷикистон ва ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар кишвар ҳанӯз вазъиятро шарҳ надодаанд. Дақиқ нест, ки болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба чӣ рабт дорад.

Аммо даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварро пурсида, суол гузоштаанд, ки паёмадаш чӣ хоҳад буд? Оё нархи маҳсулоти бозор гарон намешавад? Магар нархи роҳкиро афзоиш намеёбад? Бархе аз корбарон дар посух гуфтаанд, чунин болоравии нархи сӯзишворӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ҷои нигаронӣ нест. Онҳо иддао кардаанд, ки чунин болоравии нархро дар Мисру Амрико ва Русия мушоҳида кардаанд.

Яке аз моликони нуқтаи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот дар нархи маводи сӯхт дар се рӯзи охир мушоҳида шуд. Ӯ гуфт, “гази моеъ шаст дирам гарон шуд. Дар вилояти Суғд пештар як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло 3 сомониву 90 дирам – 4 сомонӣ шудааст. Бензин аз 6 сомониву 40-50 дирам ба 7 сомонӣ баробар шуд. Нархи солярка аз 7 сомонӣ ба 7 сомониву 40 дирам расид.”

Дар мавриди онки чаро қимати сӯзишворӣ дар кишвар якбора боло рафт, ин мусоҳиби мо гуфт, “як сабабаш ба он вобаста аст, ки ҳоло аз тарафи Қазоқистон газ наомада истодааст. Дувум, ин шабу рӯз талабот ба сӯзишворӣ, аз ҷумла газу солярка бештар шудааст. Мавсими кор дар саҳрост ва мардум сӯзишвории зиёд мегиранд.”

Ин молики нуқтаи сӯзишворӣ гуфт, феълан маводи захиракардаи худро ба фурӯш гузоштаанд ва маълум нест, ки баъди як ҳафта чӣ иттифоқ хоҳад афтод. “Дар сурати дастрас шудани сӯзишворӣ нарх муътадил хоҳад шуд. Ҳоло нарх бардошта шуд, чун овоза шуд, ки дар ҷойҳои дигар низ қимати маводи сӯхт боло рафтааст. Ин бозор аст. Касе ояндаашро ро пешгӯӣ карда наметавонад”, - афзуд ӯ.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.

Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.