Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз хонаводаҳо талаб кард, ки ба камияш барои ду сол хӯроку сӯзишворӣ захира кунанд. Ӯ рӯзи 12-уми май дар мулоқот бо аҳли ҷомеа дар Душанбе гуфт, камборишӣ дар тирамоҳу зимистони гузашта ва гармии баҳори имсола ба ҳосили деҳқонҳо бе таъсир нахоҳад буд.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ҳаҷми захираҳои оби дарёҳои кишвар “чор-панҷ баробар кам мебошад”.
“Чунин вазъ моро водор месозад, ки ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, дар заминҳои обӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 эътибори аввалиндараҷа диҳем”, - гуфт ӯ.
Президент Раҳмон бори дигар ба сарфаю сариштакорӣ дар тӯю маърака ва дигар маросим, аз ҷумла моҳи шарифи Рамазон даъват кард. “Мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар огоҳ мекунам, ки тибқи таҳлилҳо тирамоҳу зимистони дарпешистода хеле барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд”, - гуфт ӯ.
Бори аввал соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон дар баёнияе аз мардуми кишвар даъват кард, ки барои ду сол маводи ғизоӣ, махсусан гандум захира кунанд. Он вақт дар ҷаҳон буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармо буд.
Бино ба пажӯҳиши Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар оғози моҳи майи имсол сокинони Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа бештар аз ҳама аз камбуди ғизо ранҷ мекашанд. Гуфта мешавад, бо вуҷуди кумаки молии созмонҳои байналмилалӣ ба хонаводаҳои камбизоат, мизони фақр дар Тоҷикистон чандон тағйир накардааст.