Баъзе занони тоҷик аз "робитаҳои ғайрианъанавӣ" шикоят карданд

Акс аз бойгонӣ

Маркази исломии Тоҷикистон мардонеро, ки ҳамсарони худро ба “робитаҳои маҳрамонаи ғайрианъанавӣ” маҷбур мекунанд, маҳкум кард.

Дар гузашта ин ниҳод ба масъалаи истифода аз “занони маснӯӣ” ва “олоти сунъӣ” дар кишвар ҳам дахл карда гуфта буд

Саидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Маркази исломии Тоҷикистон – дар як хутбаи намози ҷумъааш, ки охири моҳи май дар вебсайти ин ниҳод нашр шудааст, гуфт, мардоне, ки аз занҳояшон чунин тақозоҳои “беҷо” мекунанд, “гуноҳи азим мегиранд”.

Дар матни мазкур ба таври ҷудогона дар бораи робитаи ҷинсии мавсум ба “секси оралӣ” (ё робитаи ҷинсӣ аз роҳи даҳон) изҳори назар шудааст. Абдулқодирзода гуфтааст, чунин робита тариқи интернет ва намоиши филмҳои фаҳшо ба Тоҷикистон омад

Саидмукаррам Абдулқодирзода

"Хостанд, ки масъаларо шарҳ диҳем"​

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, масъули шуъбаи фатвои Маркази исломӣ, рӯзи 11-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хутбаи муфтӣ пас аз он навишта шуд, ки баъзе аз занони тоҷик дар ин замина ба унвонии ин муассиса шикоят карданд. Ӯ гуфт, ба камияш ду зан моҳи майи имсол хаттӣ ба Маркази исломӣ шикоят кардаанд, ки шавҳаронашон ҳангоми хуфтухоб бо онҳо маҷбурӣ тақозои “секси оралӣ” мекунанд.

“Онҳо хостанд, ки нодурустии чунин робитаи ҷинсӣ дар хутбаи намози ҷумъа шарҳ дода шавад. Чунки гуфтанд, шавҳаронашон ҳар ҷумъа ба намоз меоянд ва бояд хатои худро дарк кунанд”, - афзуд Хомӯшӣ.

Мусоҳиби мо гуфт, ин занҳо шикоят кардаанд, ки чунин тақозои шавҳаронашон номуносибу дардовар ва нақзи ҳуқуқи онҳост.

Баъзе аз занҳо, ки миёнсол ҳастанд, бори аввал бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шуда, қаҳрашон кардааст

"Гапи хона ба кӯча набарояд"

Суҳбати бепарда дар бораи робитаҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон табу аст. Бо вуҷуди онки даҳҳо матлаб бо забони тоҷикиву русӣ дар бораи иртиботи ҷинсӣ дар интренет вуҷуд дорад, сокинон омода нестанд, ин масъаларо ошкоро матраҳ кунанд. Бештари сокинони Тоҷикистон беҳтар мешуморанд, ки гапи хона ба кӯча набарояд ва бовар доранд, ки шеваи хуфтухоб кори шахсии ҳар нафар аст.

Аммо баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, қаблан ба онҳо низ дар бораи тақозоҳои барои занҳои тоҷик “бегона”-и мардон муроҷиат шудааст. Масъулони як созмони иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бархе аз муроҷиаткунандаҳо занони миёнсол ҳастанд.

"Дар Русия омӯхтаанд"

Як масъули ин созмони ҷамъиятӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, аз суҳбати занҳо маълум шудааст, мардон “секси оралӣ”-ро ҳангоми муҳоҷират дар Русия омӯхтаанд ва мехоҳанд бо ҳамсаронашон дар Тоҷикистон ҳам таҷруба кунанд.

“Баъзе мардҳо ба занҳояшон гуфтаанд, ки дар Русия чӣ хеле форад, ҳамон тавр робитаи ҷинсӣ мекунанд. Дар инҷо занҳо ноз доранд. Баъзе занҳо, ки миёнсол ҳастанд ва бори аввал бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шудаанд, қаҳрашон карда, ба мо муроҷиат намуданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Муллозуҳур Тоҳирӣ

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз пизишкон гуфтанд, нигоҳи тиб ба хуфтухоби занону мардон аз шариати дини ислом фарқ мекунад. Онҳо мегӯянд, тиб даҳҳо шеваи хуфтухобро иҷоза додааст ва ҳар ончи дар зери кӯрпа мегузарад, ба кормандони ин соҳа “ҳайратовар нест”.

"Инро як навъ беморӣ ҳам гӯем, мешавад"

Муллозуҳур Тоҳирӣ, муаллифи китоби “Асрори заношӯӣ”, мегӯяд, аммо “секси оралӣ” дар Тоҷикистон хеле кам аст: “Пизишкон танҳо ба онҳое чунин робитаи ҷинсиро маслиҳат медиҳанд, ки нирӯи мардиашон ба заъф дучор шудааст. Ҳамчун мутахассис мегӯям, вақте эсҳсосот пайдо намешавад, машварат мешавад, ки чунин кунанд. Ин як намуди касалӣ ҳам гӯем, мешавад. Дар мо чунин иртиботи ҷинсӣ маъмул нест”.

Бори аввал нест, ки Маркази исломии Тоҷикистон масъалаи равобити ҷинсии сокинонро ба баррасӣ мегирад. Дар гузашта ин ниҳод ба масъалаи истифода аз “занони маснӯӣ” ва “олоти сунъӣ” дар кишвар ҳам дахл карда гуфта буд, дил бастан ба чунин “бозичаҳо” зану шавҳарро аз якдигар дур карда, ба решаи муҳаббати миёни одамон теша хоҳад зад.