"Истифода аз силоҳ дар муноқишаҳои марзӣ манъ шуд"

Аз ин ба баъд дар муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон истифода аз силоҳ манъ шуд. Мақомоти ду тараф ба созиш расидаанд, ки танҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ ба саломатӣ ва ҷони марзбонҳо, низомиён аз силоҳ истифода хоҳанд кард. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, тавофуқ рӯзи 6-уми июн дар мулоқоти раҳбарони марзбонии ду кишвар дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳосил шудааст.

Дар мулоқот вазъи феълии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ ва аз моҷароҳои такрор ба такрор дар сарҳад ибрози нигаронӣ шудааст.

Ҳайати Тоҷикистонро дар мулоқот фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва тарафи Қирғизистонро раиси Хадамоти марзбонии он кишвар полковник Уралбек Шаршеев раҳбарӣ карданд. Дар мулоқот вазъи феълии марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ ва аз моҷароҳои такрор ба такрор дар марз низ ибрози нигаронӣ шудааст.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Дар изҳороти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон омадааст, ки ҳар ду ҷониб муваззаф шуданд, дар таҳқиқи қазияҳои марбут ба истифода аз силоҳ, ё расонидани зарари ҷисмонӣ ба марзбонон, ба ниҳодҳои тафтишотӣ кумак кунанд.

“Майдоне, ки дар онҷо муноқиша шуд, хоки Тоҷикистон аст”

Мақомоти вилояти Суғд мулоқоти раҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистонро “умедворкунанда” номиданд. 6-уми июн, пас аз ду рӯзи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти баландпояи марзбонии ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ карданд.

  • Дар пайи муноқишаи рӯзи 4-уми июн дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурданд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 6-уми июн бидуни ироаи тафсилот ин мулоқотро умедворкунанда номид. Ӯ гуфт, “ҷониби Тоҷикистон тарафдори хуб боқӣ мондани муносибат бо ҳамсояҳо аст. Ин мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор шуда, натиҷаҳояш хуб хоҳанд буд”.

Рустам Раҳматзода

Раҳматзода ибрози умед кард, ки танишҳо ба ҳамкориҳои дуҷониба халал ворид намекунад. Ӯ гуфт, ҳамкории мақомоти маҳаллии ду тараф хуб аст, вале зоҳиран аз ҷониби марзбонони қирғиз тайи чанд вақти ахир ҳангомаҷӯӣ ба назар мерасад.

"Марзбонҳои қирғиз кӯшиши нооромкунӣ доранд"

“Дар ҳамкориҳои мо бо мақомоти маҳаллии кишвари ҳамсоя ҳеҷ мушкил ҷой надорад. Дар ин ҳодиса аз ҷониби марзбонони қирғиз носозгориҳо шуд. Барои ҳамин, масъаларо дар сатҳи марзбонӣ баррасӣ мекунанд. Дар сатҳи маҳалҳо ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат, аз ҷониби марзбонони қирғиз кӯшиш нооромкунӣ ба назар мерасад, вале талош мекунем, ба иғво дода нашавем. Вохӯрие, ки имрӯз шуд, умедворам, ба чунин нофаҳмиҳо нуқта мегузорад. Маҳалле, ки дар онҷо баҳс шуд, хоки Тоҷикистон аст ва он майдони футболи як мактаби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад”, - гуфт Рустам Раҳматзода.

Муноқишаи рӯзи 4-уми июн дар ин майдони варзишӣ рух дод

Як манбаи огоҳ аз қазия бидуни зикри номаш рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқот ҳеҷ як ҷониб гунаҳкор будани худ дар сар задани муноқишаро эътироф накардаанд. Вале дар поёни мулоқот ваъда додаанд, ки ҳодисаро мунсифона таҳқиқ мекунанд.

"Сарбозон бозпурсӣ мешаванд"

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, сарбозоне, ки ба асорати марзбонони қирғиз афтода буданд, аз ҷониби додситонии низомии вилояти Суғд бозпурсӣ мешаванд.

Аз ин пеш, нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар сар задани низоъ дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак гунаҳкор карда, онро аз қабл тарҳрезишуда номид. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 5-уми июн бо нашри изҳорот гуфт, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро дастгир ва онҳоро латту кӯб кардаанд.

Айни замон, ҷониби Қирғизистон ҳам ангушти иттиҳом ба сӯи тоҷикон баланд кард ва гуфт, сарҳадбонҳои тоҷик худсарона ба қаламрави он кишвар ворид шудаанд.

  • Ҳодиса рӯзи 4-уми июн, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд. Марзбонҳои тоҷик монеи онҳо шудаанд.

Муноқиша нагузашта боз муноқиша

Ин муноқиша дар ҳоле рух дод, ки ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як маҳаллаи марзӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон чанд нафар, аз ҷумла раиси як маҳаллаи тоҷикнишин захмӣ шудаанд. Моҷаро рӯзи 31-уми майи имсол байни сокинони ҷамоатиВорухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар задааст, вале ба мақомоти ду тараф муяссар шудааст, ҷанҷолрофурӯ нишонанд. Маъмулан чунин баҳсу муноқишаҳо байни сокинони минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари замину об, ки ҷонибҳомуштаракан истифода мебаранд, баҳору тобистон сар мезанад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйинуаломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд. Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.