"Президент дар остонаи Рамазон бо аҳли ҷомеа суҳбат мекунад" САДО

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12-уми май бо зиёиҳо, аҳли дин ва фаъолони кишвар дар Душанбе мулоқот хоҳад кард. Манобеи ҳукуматӣ гуфтанд, ки мулоқот ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон ташкил шудааст.

  • Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи аввали фарорасии моҳи Рамазонро дар Тоҷикистон 17-уми май таъйин кардааст.

Маҳмадалӣ Ватанзода

Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ният дорад рӯзи шанбе мардумро бо оғози моҳи Рамазон табрик карда, бо намояндагони ҷомеа сӯҳбат биорояд. Ӯ гуфт, "дар робита ба масъалаи тундгароӣ низ таъкидҳое хоҳад кард. Дар ин мулоқот намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеа иштирок мекунанд."

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа, низ рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, президент "бархе масоили иҷтимоии кишварро матраҳ хоҳад кард". Раҳмонзода ба хотири онки ҷузъиёти мулоқот дар матбуоту телевизионҳои давлатӣ нашр хоҳад шуд, аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Аз Маҷлиси Намояндагон 15 вакил ба ин нишаст даъват шудаанд. Яке аз даъватшавандаҳо ба шарти фош нашудани номаш гуфт, дар мулоқот бо президент масъалаи фаъолияти имом-хатибон дар кишвар зикр шуда, дар хусуси тундгароии хушунатбор низ суҳбат мешавад.

Дар ҳоле ки бархе рӯҳониён ва ҳам донишмандони ҷавон барои иштирок дар ин ҷаласа омода мешаванд, баъзе аз манобеъ тахмин мезананд, ки шояд як мавзӯи сӯҳбат иттиҳоми асардуздии даҳҳо донишманди тоҷик хоҳад буд, ки аз ҷониби пойгоҳи интернетии "Диссернет" фош шудааст. Вале раиси Акдемияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ин хабарҳоро бепояву асос хонд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси ҷумҳур бо кӣ мулоқот мекунад ва чаро?

Ӯ рӯзи 11-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо дар хусуси инки президент гӯё махсус бо олимон вохӯрӣ карда, масъалаи фошкориҳои "Диссернет"-ро баррасӣ мекунад, "аслан асос надорад". Вай гуфт, ин овозаҳо "беасос ва хабари иштибоҳӣ" буда, президент қарор аст "бо фаъолони ҷомеаи кишвар мулоқот намояд".

Фарҳод Раҳимӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як изҳороти ҳафтаи пеш гуфт, иддаои пойгоҳ "заминаи ҳуқуқӣ ва илмӣ" надорад. Тайи як моҳи ахир "Диссернет" - пойгоҳи хусусӣ дар Русия - рисолаҳои илмии бархе аз муҳаққиқонро мавриди шубҳа қарор дода, исми тахминан 30 номзад ва доктори илм, аз ҷумла чанд мақомдори тоҷикро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудаанд.

Дафтари матбуоти президент гуфт, мулоқот рӯзи шанбе дар Кохи Борбад баргузор мешавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон олимон, ходимони дин, аҳли зиё ва кормандони бахши маориф даъват шудаанд.

Ба қавли Шарифзода, дар ин нишаст олимону ходимони дин аз тамоми манотиқи кишвар даъват шудаанд.