Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраҳо дар тасвири наққошони хиёбонии Кӯлоб. ВИДЕО


Дар Кӯлоб бори аввал наққошони хиёбонӣ пайдо шуданд. Ду наққошӣ ҳирфаӣ, ки дар коллеҷ санъат дарс мегӯянд, дар ин рӯзҳои баҳорӣ дар майдони марказии Кӯлоб мешинанду наққошӣ мекунанд.

Бародарон Барот ва Баҳром, ҳарду омӯзгор ва наққоши касбианд, аммо баъзе рӯзҳои офтобӣ онҳоро дар маркази Кӯлоб мебинед, ки дар байни издиҳом ба қиёфаи нафаре бодиққат менигаранду акси онҳоро рӯи коғаз меоранд.

Ин ду нафар пас аз дарсҳо дар коллеҷ дар инҷо наққошӣ мекунанд ва рӯзона то 30 ё 40 сомонӣ ба даст меоранд. Аз мардуму зиёиён аҳсан ҳам мешунаванд.

Абдулло ҳар рӯз селфӣ мегирад, аммо ин дафъа шефтаи наққошӣ шуд ва як соат инҷо беҳаракат нишаст. "Метавонистам, ки бо телефони мобил ё бо ягон техника сурат ва ё видео гирам, лекин хостам ҳунари инҳоро амалан бибинам. Дар ҳақиқат расмро зебо мекашанд",-афзуд ӯ.

Барот Ашӯров, омӯзгори наққошист. Аз як тараф маоши кам ӯро ба майдони марказии Кӯлоб баровард ва аз тарафи дигар санҷидани ҳунари худаш. Ӯ гуфт, "агар гӯем, ки ин ҳолат барои ҳунарманд имтиҳон аст, хато намешавад. Ин кори мушкил аст. Шахсе, ки мешинад, талаботи зиёд дорад. Мегӯяд, бояд акс бо зоҳираш монанд бошад, зебо бошад."

Баъди дарс дар коллеҷ. Наққошони хиёбонӣ дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Барот Ашӯров, омӯзгори Коллеҷи санъати Кӯлоб, нахустин наққоши хиёбонӣ дар Кӯлоб шуд. Мегӯяд, каме ҳам бошад, барои зиндагӣ пул меёбад, вале муҳимтар аз он барояш завқи фарҳангии мардум аст.

"Агар таърихи санъати тасвириро бинем, расме, ки берун аз устохона кашида мешавад, онро хуб қабул мекунанд. Он гунае, ки овозхон дар саҳна зинда мехонад. Инро хуб мепазиранд",-афзуд ӯ.

Ӯ дар майдони марказии шаҳри Кӯлоб танҳо нест. Бародарашро ҳам ташвиқ кард, ки ба ӯ бипайвандад. Баҳром Сангов, ки аз Русия баргаштааст, мегӯяд, аз таваҷҷӯҳи мардум ба наққошӣ ҳайратзада шудааст.

Ин ду нафар пас аз дарсҳо дар коллеҷ дар инҷо наққошӣ мекунанд ва рӯзона то 30 ё 40 сомонӣ ба даст меоранд. Аз мардуму зиёиён аҳсан ҳам мешунаванд.

"Дар Маскав дида будам, ки наққошон дар кӯча нишаста акс мекашиданд. Хушбахтона, чунин истеъдодҳо дар мо ҳам ҳастанд. Ҷавонон мебинанд ва ёд мегиранд", - хулоса кард Ашӯрмади Хатлонӣ, сокини шаҳри Кӯлоб.

XS
SM
MD
LG