Дар Тоҷикистон симкорти махсусеро омода карданд, ки ба сайёҳони хориҷӣ ба ҳайси роҳбалад хидмат мекунад. Дар ин симкорт тамоми маълумот дар бораи маконҳои таърихӣ ва меҳмонхонаҳои кишвар дастрас аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Андайе Қосим аз Амрикост ва ҳар сол барои тамошо ба кишваре меравад. Вай пас аз сайругашт дар Остонаву Бишкек чанд рӯз боз дар Душанбе қарор дорад. Мегӯяд, барои як сайёҳ доштани чунин симкорт дар телефони ҳамроҳ муҳим аст, хусусан, дар кишваре ба мисли Тоҷикистон, ки на ҳар кас забони англисиро балад аст.
Дар Тоҷикистон ин нахустин таҷрибаи симкортҳои ҷаҳонгардӣ аст ва барои беҳтар шудани вазъи сайёҳӣ ва ҷалби бештари онҳо равона шудааст.
Саррофӣ дар куҷост, таксӣ чӣ?
Андайе рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан танҳо Душанберо сайр кардааст ва саёҳаташ ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон тоза шуруъ мешавад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, истифода аз чунин симкортҳо имкон медиҳад, ҷаҳонгарде мисли ӯ аз хидмати роҳбалад камтар истифода кунад.
“Маълумоти зарурӣ дар телефон барои ман ҳамчун як ҷаҳонгард хеле муҳим аст. Масалан, бидуни пурсидани нафаре медонам, ки нуқтаи мубодилаи асъор ва ё наздиктарин таксӣ дар куҷост. Ё дар бораи мавзеи ҷойгиршавиам маълумот мегирам”, - афзуд ӯ.
Бо забонҳои чинӣ, фаронсавӣ...
Ин симкортҳо тавассути ширкатҳои сайёҳӣ дар фурудгоҳу меҳмонхона, осоишгоҳ ва нуқтаҳои хидматрасонии нақлиётӣ пешниҳод мешавад. Сайёҳ метавонад, бо фаъол кардани симкорт маълумотро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ – дастрас намояд.
Ин иқдомро Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо Хадамоти алоқа ва ширкати “Тселл” роҳандозӣ карда, ҳадаф беҳтар кардани шароити ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон будааст. Масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯянд рузҳои наздик дар симкорт маълумот бо забонҳои чинӣ, фаронсавӣ ва хатти форсӣ ҳам илова мешавад.
"Тоҷикистон шанси хуб дорад"
Фаридун Мирзоев, масъули Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин симкорт 50 дақиқа суҳбати бепул ва 100 мегабайт Интернети ройгон дорад. Сайёҳон метавонанд аз ин хидматрасонӣ истифода намоянд.”
Дар Тоҷикистон ин нахустин таҷрибаи симкортҳои ҷаҳонгардӣ аст ва барои беҳтар шудани вазъи сайёҳӣ ва ҷалби бештари онҳо равона шудааст. Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ин симкортҳо кори ширкатҳои сайёҳӣ ва ҷаҳонгардонро осон мекунад. Дилшод Ниёзов, раиси ширкати сайёҳии “Интурист” рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон шанси хуби рушди ҷаҳонгардиро дорад.
Дар як сол 5 000 амрикоӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Ба қавли ӯ, сохтани симкортҳои махсус ҳам барои сайёҳон имкон медиҳад, аз ин кишвар бардошти хубе дошта бошанд. Вай мегӯяд, дар соли рушди сайёҳӣ роҳандозӣ кардани чунин иқдом барои муаррифии маконҳои таърихӣ мусоид аст.
Айни замон Тоҷикистон намудҳои сайёҳии варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, рафтинг ва шикори байналмилалиро рушд медиҳад. Тибқи таҳлилҳои ин кумита, сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
“Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳоле эълон шуд, ки Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст. Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кард, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Мисли Андейе Қосим соли 2017 беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Амрико ба Тоҷикистон сафар карданд. Аз ин ҳисоб 3 ҳазор нафари онҳо ба хотири саёҳат ба Тоҷикистон омадаанд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд ҳоло дар кишвар ҳудуди 110 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад. Соли гузашта шаҳрвандони 146 кишвар аз Тоҷикистон дидан карданд. Дар маҷмӯъ шумораи сайёҳон дар соли 2017 ба беш аз 430 ҳазор нафар расидааст.