Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, эҳтиёт кунед

Акс аз бойгонӣ

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз мардум хостаанд, то ду рӯзи оянда эҳтиёткор бошанд, зеро ҳаво дар кишвар тағйир меёбад ва мумкин аст, бар асари боди сахт хатҳои интиқоли барқ канда шаванд, дарахтон бишкананд ва боми хонаҳо зарар бинанд.

Дар баёнияи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон омадааст, ки аз 16-ум то рӯзи 18-уми апрел ҳаво тағйир меёбад ва мумкин аст, боронҳои сахт борида раъду барқ ва жола ҳам мушоҳида шавад. Дар баландии то 2500 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли боридани барф ҳам вуҷуд дорад.

Ҳавошиносон мегӯянд, ҳарорат дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар аз 8 то 10 дараҷа поин меояд. Дар Душанбе ки ҳаво то 25 дараҷа гарм аст, ба гуфтаи ҳавошиносон то ду рӯзи дигар ҳарорат ба 17 дараҷа мерасад.

Дарвоз.Моҳи июли соли 2017

Дар ҳушдори Маркази ҳавошиносӣ омадааст, ки дар вилояти Хатлогн боди сахт ва аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад ва эҳтимол сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу ва дигар рӯдхонаҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор якбора баланд равад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари сел зиёд мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳам бо нашри баёнияи махсусе гуфтааст, ки дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯфон бо гарду ғубор меояд ва “хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.”

Дар сурати “борони сахт ва раъду барқ ва боди шадид, зери дарахтон, симчӯбҳо, пояҳои реклом худро пинҳон накунанд. Аз зери тирезаҳо низ дуртар бошанд.

Ба назардошти ин ҳама Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар сурати “борони сахт ва раъду барқ ва боди шадид, зери дарахтон, симчӯбҳо, пояҳои реклом худро пинҳон накунанд. Аз зери тирезаҳо низ дуртар бошанд. Ғайр аз ин ҳангоми борони шадид ва жола аз рафтан ба назди рӯдхонаҳо ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Мутахассисони кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки дар ду рӯзи оянда барои ҷамъоварии замбӯрӯғ ва дигар рустаниҳо, ба мисли чукриву торону сиёаҳалаф ба кӯҳҳо нараванд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шумораи телефонашро гузоштааст, то мардум дар сурати афтодан ба хатар ба мутахассисон занг зананд ва ба ин шумораҳо 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефони 223 13 11

Дар шаҳри Душанбе: 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Дар вилояти Хатлон: (83222) 2-35-05, 2-78-28
дар ВМКБ: (83522) 2-40-57, 2-53-47
Дар вилояти Суғд: (83422) 6-58-72, 5-15-5

Тоҷикистон яке аз кишварҳоти кӯҳистонии осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист ва солона дар кишвар даҳҳо нафар бар асари селу тарма ва дигар офатҳои табиӣ ҳалок мешаванд.