"Аз Русия ихроҷ шуданд, дар марз кор ёфтанд" ВИДЕО

Чанд сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки аз Русия ихроҷ шуда, ҳадди ақал то панҷ сол ҳаққи вуруд ба он кишварро надоранд, дар марзи Тоҷикистону Узбекистон барои худ ҷойи кор ёфтаанд. Онҳо кирокашӣ мекунанд.

Дар як рӯз як ё ду дафъа ба марз рафта меоям. Кор хуб аст. Хушҳол шудем, ки роҳ боз шуд ва роҳи пулкоркунии моро ҳам боз намуд

Алламурод Рӯзиев, сокини 24-солаи ноҳияи Шаҳритус, баҳори соли гузашта аз Маскав ихроҷ шуд ва то бист рӯзи қабл бекор мегашт. Баробари боз шудани гузаргоҳи марзии “Гулбаҳор” миёни Шаҳритусу Сурхондарё ва афзоиши равуо миёни ду кишвар бо пасандози хонаводааш мошин харид. Ҳоло ронандаи таксист.

“Дар як рӯз аз 70 то 100 сомонӣ кор мекунам. Бисёр хуб аст. Ҳама таксиронӣ мекунанд. Мардумро то сарҳад мебарем. Ҳамеша дар сарҳад муштарӣ дорем. Онҳое, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, дар инҷо кор мекунанд. Ҳама хурсанд. Бе мушкил равуо мекунем”, - гуфт ӯ охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз Русия ихроҷ шуданд, дар марз кор ёфтанд

Алламурод Рӯзиев мегӯяд, ки пулҳояшро беҳуда харҷ намекунад. Аввал ният дорад, ки маблағи мошини харидаашро барорад ва, сипас, барои баргузории тӯй кӯшиш кунад.

Алламурод Рӯзиев

Ӯ танҳо ҷавони “депортшуда” нест, ки ҳоло дар масири нав кирокашӣ мекунад. Фахриддин Норматови 27-сола ҳам мегӯяд, ифтитоҳи гузаргоҳ бозори онҳоро то ҷое “гарм” кардааст. “Дар як рӯз як ё ду дафъа ба марз рафта меоям. Кор хуб аст. Хушҳол шудем, ки роҳ боз шуд ва роҳи пулкоркунии моро ҳам боз намуд”, - гуфт ӯ.

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ду истгоҳи кирокашӣ таъсис шудааст ва ронандаҳо сокинонро аз марказ то марз, ки тақрибан 70 километр дур аст, бурда меоранд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки рӯзона аз ду тараф тақрибан чаҳорсад нафар гузаргоҳи "Гулбаҳор"-ро убур мекунанд.

Азиз Фаттоҳ, рӯзноманигори маҳаллӣ, гуфт, "ба ин восита чанд нафар соҳиби нону ҷои кор шуданд. Вақте роҳи оҳан пурра ба фаъолият сар мекунад, натанҳо равуо зиёд мешавад, балки зиндагии одамон беҳтар мегардад."

Гузаргоҳи “Гулбаҳор”-ро 6 сол қабл бо амри раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов баста буданд. Ҳазорон нафар аз дидори хешовандони худ, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбекистон, маҳрум шуданд. Ин гузаргоҳ рӯзи 7-уми марти имсол бо ҳузури раҳбарони вилояти Хатлону Сурхондарё дубора боз шуд.

Дар аввали моҳи март миёни Тоҷикистону Узбекистон 10 гузаргоҳ, аксаран дар вилояти Суғд, ифтитоҳ шуд. То он дам аз 16 гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон танҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода ва гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ фаъол буду бас.