Ҳалокати се коргар дар баландошёнаҳои Хуҷанд мақомотро "ҳушёр кард"

Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати се нафар дар якуним соли гузашта ҳангоми кор дар баландошёнаҳои шаҳри Хуҷанд мақомотро "ҳушёр" ва даст ба кор кардааст. Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз ширкату корфармоҳои минтақа талаб дорад, ки шароити бехатарии зердастони худро таъмин карда, дар сурати тасодуфе ба онҳо ва хонаводаашон ҷуброн пардозанд.

Иттифоқҳои касаба дар сурати ифшои қонуншиканиҳои ҷиддӣ алайҳи коргар ба додситонӣ ва ниҳодҳои дигари интизомӣ арз мекунанд.

Ин созмон аз Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон низ хостааст, ба ҳайати тасдиқи лоиҳаи бинову иншоот намояндагони иттифоқҳои касабаро шомил кунад. Насимҷон Аҳмадов, раиси иттифоқҳои касабаи сохтмони Суғд, рӯзи 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созишномаи миёни корфармо ва коргар қадами асосӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи дувумӣ хоҳад буд.

Музд, вақт, либос...

"Дар шартнома бояд фароҳам кардани фазо ва шароити бехатари корӣ нишон дода шавад. Музд, вақт, либоси корӣ, ташхиси тиббии коргароне, ки дар баландии якуним метр ва аз он боло кор мекунанд... Ин ҳама бояд тибқи “Қонуни меҳнат” дар шартнома нишон дода шавад", - афзуд ӯ.

Насимҷон Аҳмадов

Дар натиҷаи риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯи коргарон ва дар бархе маврид фароҳам набудани шароит соли гузашта 39 нафар бар асари садама, афтодан аз баландӣ ё фалокатҳои дигар дар ҷойи кор ҷон бохтаанд. Дар соли 2016 бар асари ҳодисаҳои нохуш дар ҷойҳои корӣ 22 нафар ҳалок шуда буд.

Дар миёни инҳо 3 нафар ҳангоми кор дар баландошёнаҳои маркази Суғд ба замин афтода, ҳалокат шудаанд. Аз ҷумла, нимаи соли гузашта Анварҷон Азимов, сокини 40-солаи шаҳри Хуҷанд ва соҳиби ду фарзанд, вақти кор дар сохтмони бинои нав аз ошёнаи 3 ба замин афтод ва фавтид. Ширкати “Бахти бунёдкор” ба оилаи ин коргари фавтида 47 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтааст. Ҳамчунин, ширкат парастории фарзандони ӯро то расидан ба синни 18 бар дӯш гирифт.

Иттифоқҳои касаба чӣ кор мекунад?

Бар пояи омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар шимоли Тоҷикистон беш аз 400 корхона ва ширкатҳои сохтмонӣ тибқи иҷозатнома фаъолият доранд. Вале танҳо ҳудуди 80 дарсади онҳо иттифоқи касаба доранд.

Дар сурати соҳиби созмони иттифоқи касаба будани корхона мутахассисони ин ниҳод қабл аз шурӯи фаъолият коргаронро бо қоидаҳои бехатарӣ ошно ва ба риояти он таъкид мекунанд. Дар сурати баҳси коргар ва корфармо низ иттифоқи касаба аз ҳуқуқи аввалӣ дифоъ мекунад ва ин баҳсҳо умдатан бо риояти тарафҳо анҷом мепазирад.

Вале дар корхонаҳое, ки созмони ҷамъиятии иттифоқи касаба надоранд, баҳсҳои байни коргар ва кордиҳанда дар аксари маврид дурудароз ва умдатан бар фоидаи раҳбарони корхона анҷом меёбад. Пӯлод Аминов, коргари собиқи корхонаи "Сано" дар Хуҷанд, мегӯяд, тӯли беш аз даҳ сол натавонист маоши ахири ночизи худро аз корхонааш бирӯёнад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз он ба додгоҳ шикоят набурд, ки барои кирои вакили дифоъ ва хароҷоти додгоҳ маблағ надорад.

Чаро ба додгоҳ шикоят намекунанд?

Муҳаббат Ҷӯраева

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ба додгоҳ муроҷиат кардани коргарон барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ як сабаби дигар низ дорад: "Аксар корхонаҳо шахсӣ аст. Агар ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва ба ҳалли он даст ёбанд, боз гашта ба назди ҳамон сардор мераванд. Бинобар ин, ба ягон ҷо дар бораи инки масалан, сардори корхона онҳоро беасос аз кор рондааст ё шароити мусоиди корӣ фароҳам наовардааст, шикоят намебаранд."

Иттифоқи касаба ҷиҳати пуштибонӣ аз ҳуқуқи коргарон дар муассисаву корхонаҳо ба таври ихтиёрӣ таъсис дода мешавад. Нақши ин созмони ҷамъиятӣ дар ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон ва рӯёндани ҷуброни зарари коргарон заиф ба назар мерасад. Чунки қонунҳои Тоҷикистон ба федеретсияи иттифоқҳои касаба ҳаққи ҳалли бевоситаи баҳсҳои миёни коргару корфарморо намедиҳад ва ин ниҳоди ҷамъиятӣ танҳо ҳаққи ҷаримабандии ночизро дораду бас.

На шартнома мебанданд, на...

Иттифоқи касаба дар сурати ошкор кардани қонуншиканиҳои ҷиддӣ алайҳи коргар ба додситонӣ ва ниҳодҳои дигар арз мекунад. Насимҷон Аҳмадов, раиси иттифоқҳои касабаи сохтмони Суғд мегӯяд, теъдоди ками коргарон низ бо ҳуқуқи кории худ ошноянд ва қабл аз кор барои бастани шартномаи кориву риояти он талош мекунанд. Ин ҳам аз камбудҳоест, ки дар сурати нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби корфармо ё ба фалокате дучор омаданашон ҳангоми кор рӯёндани ҷуброни зарар аз корфарморо душвор мегардонад.