Қодири Қосим - раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ё "Профсоюз" интихоб шудааст. Тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, интихоби Қодири Қосим ба ин симат рӯзи 20 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил сурат гирифтааст. Ӯ моҳи гузашта бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барканор шуда буд. Қодири Қосим дар гузашта дар мақоми раиси вилояти Бадахшон ҳам кор кардааст.