Додситонии кулли Узбекистон боздошти Рашид Қодиров, собиқ прокурори генералии ин кишварро тасдиқ кард. Мақомоти Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 24-уми феврал бо нашри изҳороти расмӣ гуфтанд, ки Қодиров бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мансаб” ва “порагирӣ” – муттаҳам аст.
Рашид Қодиров, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Узбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.
Бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми феврал бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Рашид Қодиров дар шаҳри Тошканд боздошт шудааст. Як мақоми Додситонии кулл низ таъйид карда буд, ки Қодирови 66-сола “бозпурсӣ мешавад”. Аммо он вақт мақомоти Узбекистон гуфтанд, “дар ин бора ҳеч иттилое надоранд”.
Алишер Қодиров фирор кард?
Рӯзи шанбе Додситонии кулли Узбекистон расман аз боздошти Рашид Қодиров ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ хабар дод. Дар иттилоияи расмии Додситоннии кулл гуфта шудааст, ки "алайҳи собиқ прокурори генералӣ Р.Х.Қодиров бар асоси моддаҳои 165, 205 ва 210-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз шуд".
- Дар ҳамин ҳол, манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар шаҳри Тошканд гуфтанд, ки Алишер Қодиров, писари 42-солаи Рашид Қодиров тақрибан даҳ рӯз қабл аз кишвар берун рафтааст.
Рашид Қодиров, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Узбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.
Боздошти ӯ баъд аз як танқиди Шавкат Мирзиёев аз кори додситонҳо дар ним соли пеш сурат гирифтааст. Мирзиёев моҳи августи соли гузашта дар як ҷаласа танқиди сохторҳои интизомиву қудратии кишварашро аз Додситонии кулл, бахусус аз додситонҳои даврони Ислом Каримов, шуруъ кард. Ӯ он вақт прокурорҳоро “дуздони аз ҳама калон” ном бурд.
Додситонҳои замони Каримов "партов"-анд?
“Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам”, - гуфта буд Мирзиёев. Раиси ҷумҳури Узбекистон мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро "партов" номид ва гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рашид Қодиров кадри Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ба шумор меравад. Ӯ дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ё КГБ таъин шудааст.
Яке сарватмандтарин афроди Узбекистон
Баъд аз 12 соли кор дар инҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби додситони кулл таъин шуд ва соли 2000 ба мақоми додситони кул расид.
Соли 2015 бархе аз коршиносон дар Узбекистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд дода буданд. Онҳо гуфтанд, додситони кулли Узбекистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад ва бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Узбекистон аст.
Соли 2014 мухолифони давлати Узбекистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карда ва гуфтанд, ки ҳарду манзили гаронбаҳо ба додситони кулли Узбекистон Рашид Қодиров тааллуқ дорад. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария, Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳуҷҷатҳоеро дар реестри амволи ғайриманқули Латвия дидаанд, ки иддаои мухолифонро тасдиқ мекунад.
Ҳамчунин дар шабакаҳои имҷтимоӣ ин иттилоъ паҳн гашта буд, ки писари ӯ Алишер Қодиров ва домодаш Темур Каримов маҷрои сармояҳои бузургеро таҳти назорат доранд.