Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Рашид Қодиров, собиқ додситони кулли Узбекистон


Рашид Қодиров соли 2015 аз мансаби Додситони кулли Узбакистон барканор шуд
Рашид Қодиров соли 2015 аз мансаби Додситони кулли Узбакистон барканор шуд

Рашид Қодиров, собиқ додситони кулли Узбекистон, рӯзи 22-юми феврал дар шаҳри Тошканд боздошт шудааст. Як мақоми Додситонии кулл таъйид кард, ки Қодирови 64-сола "бозпурсӣ мешавад".

Соли 2015 бархе аз коршиносон дар Узбекистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд дода буданд. Онҳо гуфтанд, додситони кулли Узбекистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад

Мақомот тасдиқ ё рад накард

Як манбаи наздик ба хонаводаи Рашид Қодиров ҳам ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин хабар аъзои хонаводаи ӯро "бисёр ғамгину афсурда кардааст". Бино ба иттилои бахши узбакии Радиои Озодӣ, Рашид Қодиров феълан ба азхудкунии амволи давлатӣ ва пулшӯӣ муттаҳам аст.

Аммо дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон соати ҳаштуними бегоҳи панҷшанбе ин хабарро тасдиқ ё такзиб накард.

Рашид Қодиров, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Узбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд.

Баъд аз ним соли танқиди Мирзиёев

Боздошти ӯ баъд аз як танқиди Шавкат Мирзиёев аз кори додситонҳо дар ним соли пеш сурат мегирад. Мирзиёев моҳи августи соли гузашта дар як ҷаласа танқиди сохторҳои интизомиву қудратии кишварашро аз Додситонии кулл, бахусус аз додситонҳои даврони Ислом Каримов, шуруъ карда буд. Ӯ он вақт прокурорҳоро “дуздони аз ҳама калон” ном бурд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

“Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам”, - гуфта буд Мирзиёев. Раиси ҷумҳури Узбекистон мақомоти додситонии давраи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро "партов" номид ва гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

Кадри КГБ

Рашид Қодиров кадри Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ба шумор меравад. Ӯ дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Узбекистон ё КГБ таъин шудааст.

Баъд аз 12 соли кор дар инҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби додситони кулл таъин шуд ва соли 2000 ба мақоми додситони кул расид.

Соли 2015 бархе аз коршиносон дар Узбекистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд дода буданд. Онҳо гуфтанд, додситони кулли Узбекистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад ва бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Узбекистон аст.

Қасрҳои Рашид Қодиров дар Латвия ва...

Соли 2014 мухолифони давлати Узбекистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карда ва гуфтанд, ки ҳарду манзили гаронбаҳо ба додситони кулли Узбекистон Рашид Қодиров тааллуқ дорад. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария, Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳуҷҷатҳоеро дар реестри амволи ғайриманқули Латвия дидаанд, ки иддаои мухолифонро тасдиқ мекунад.

Ҳамчунин дар шабакаҳои имҷтимоӣ ин иттилоъ паҳн гашта буд, ки писари ӯ Алишер Қодиров ва домодаш Темур Каримов маҷрои сармояҳои бузургеро таҳти назорат доранд.

XS
SM
MD
LG