Тангем ягона мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ест, ки барои аҳолии ноҳияҳои атрофи шаҳри Кӯлоб хидмат мерасонад. Ин ноҳияҳо дар сурати зарурат ин мошини чиниро аз бемористони шаҳри Кӯлоб "қарз" мегиранд.
Бемористони шаҳри Кӯлоб дар маҷмуъ 8 мошини “Ёрии таъҷилӣ” дорад, ки якеаш “Тангем” аст. Мошинҳои диагри “Ёрии таъҷилӣ” ҳаққи аз шаҳр берун рафтанро надоранд. Ба дари сокинони ноҳияҳои атроф ҳангоми даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ” умдатан ҳамин “Тангем” меравад.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар нишасти матбуотии сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб дар ҳафтаи гузашта ин мавзуъ баҳси гарми хабарнигорон бо масъулонро ба миён овард. Дар онҷо хабарнигорону мақомот баҳс карданд, ки магар роҳи ҳалли мушкили як минтақаи калон вуҷуд надорад, то мактуб бифристанду як мошин талаб кунанд?
Хабарнигорон мегӯянд, мушкили рақами як дар минтақаи Кӯлоб набуди мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва хидматрасонии муносиби тиббӣ аст. Ба гуфтаи сокинон, борҳо занони ҳомила аз рафтан дар мошини “Тангем” даст кашида, дар хона таваллуд кардаанд.
Шариф Абдулҳамидов, хабарнигори маҳаллӣ, дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, "духтарчаи ман дар ноҳияи Восеъ вазнин буд. Соати 3 ба 4 "Тангем"-ро оварда гуфтанд, ки 10 литр бензин резед, баъд то Кӯлоб мебарем. Дар он "Тангем" якбора вазъаш вазнин мешуд. Баъд, бо мошини шахсии худам овардам."
Мақомот мегӯянд, барои харидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” маблағи кофӣ надоранд. "Дар буҷет пул набошад, чӣ хел ҷудо мекунанд онро?” – гуфт Ҷаҳонгир Миров, сармутахассис оид ба иқтисод ва банақшагирии Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб.
Дар ҳоле ки бемористони минтақавии Кӯлоб аз набуди мошини “Ёрии таъҷилӣ” танқисӣ мекашад, сокинон мегӯянд, “Тангем”-е ки гоҳ-гоҳе ба даъвати сокинон меояд, васоили тиббӣ надорад. Баръакс, дар роҳҳои ноҳамвор, вазъи беморро бадтар мекунад.
“Тангем” як навъ мошини хурди мусофирбар аст, ки чанд соли пеш аз Чин ворид шуд ва дар Тоҷикистон чун мусофиркаш истифода мешавад. Теъдоди он дар Кӯлоб вақте зиёд шуд, ки мусофиркашӣ бо онро дар Душанбе манъ карданд. Аммо ин навъи мошин дар баъзе бемористонҳои минтақавии Тоҷикистон нақши мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро иҷро мекунад.