Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартабиби Маҷмааи тандурустии "Истиқол" барканор шудааст


Каримхон Қурбонов, сардухтури Маҷмааи тандурустӣ ё бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе пас аз як соли раҳбарӣ аз мақомаш барканор шудааст. “Истиқлол” бузургтарин беморхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе ҳаст, ки бо ибтикори Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини пойтахт сохта шуда, 4-уми марти соли 2016 ба истифода дода шуда буд. Барканории сардухтари он дар ҳолест, ки ҳоло шаш тан аз афроде, ки дар сохтмони он саҳм доштанд, бинобар камбудӣ дар боздошт қарор доранд.

Ба ҷои Каримхон Қурбонов ҳоло дар ин беморхона Ҷамол Абдуллоев, собиқ сардухтури Беморхонаи ёрии таъҷилӣ таъин шудааст. Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустиии Тоҷикистон 20 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамол Абдуллоев бо пешниҳоди Раёсати тандурустии шаҳр дар мувофиқа бо вазорат, ба ин вазифа таъин шуд.

Ӯ гуфт: “Ҷамол Абдуллоев номзади илмҳои тиб буда, дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ кор кардааст. Зимни раҳбари аз худ қобилияти хуб нишон додааст. Ӯ як мутахассис ва роҳбари хуб аст.”

Каримхон Қурбонов, Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон то раҳбари “Истиқлол” будан, дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор мекард. Ӯро як афроди наздик ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе медонанд.

Маҷмаи тандурустии “Истиқлол” 4 марти соли 2016 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд. Сохтмони ин Маҷмааи тандурустӣ соли 2011 оғоз шуда буд. Дар он ҳоло беш аз 3 ҳазор нафар кор мекунад.

XS
SM
MD
LG