Аз интернат ба кӯча. ВИДЕО

Шамсиддин Мирзоев бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2010

Шамсиддин Мирзоев, сокини Душанбе, дар ятимхона ба воя расидааст. Ӯ баъд аз хатми мактаб-интернат ва омӯзишгоҳ дар факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кард. Вале Мирзоев мегӯяд, соҳиби маълумот ва тахассус будан ҳанӯз ба маънои пайдо кардани ҷойи кор нест.

“Вақте дар синфи 8-ум будам, фаҳмидам, ки модар дорам. Аммо ӯ бемори руҳист, маълул аст. Роҳ рафта наметавонад. Хона ҳам надорад. Доим дар беморхона аст”, - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кай ятими тоҷик соҳиби манзил хоҳад шуд?

Мушкили аслии Шамсиддин Мирзоев надоштани манзил ва сабти иқомат аст. Шамсиддин гуфт, дар ятимхона рахти хоб ва ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ соҳиби утоқ буд. Вале соли гузашта Шамсиддинро аз хобгоҳ берун карданд. Тӯли як сол мешавад, шабро дар хонаи шиносҳо ва гоҳе дар кӯча рӯз мекунад. Зиндагиашро аз ҳисоби пасандозе пеш мебарад, ки дар канори таҳсил кор карда ва ҷамъ овардааст.

Президент ваъда дод, ки кумак мекунад, ман ҳамин тавр бехона мондам
Шамсиддин Мирзоев

Шамсиддин Мирзоев гуфт, “агар як утоқ ва сабти ҷойи зист медоштам, ба осонӣ ҷойи кор пайдо мекардам. Сабти ҷойи зист, манзили зист надорам, канӣ кор?”

Ҳанӯз соли 2010, ҳангоми ифтитоҳи бинои нави донишгоҳе дар Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Шамсиддин Мирзоев ба ин мулоқот роҳ ёфт ва аз президенти кишвар кумак хост. Аммо давраи таҳсил поён ёфт ва ин ҷавон аз мақомот хона дарёфт накард. Ӯ гуфт, “президент ваъда дод, ки кумак мекунад, ман ҳамин тавр бехона мондам.”

Шамсиддин Мирзоев соли 2010 аз раиси ҷумҳур кумак хоста буд

Ҳамасола садҳо нафар бинобар расидан ба синни балоғат ва хатми таҳсил аз ятимхонаҳои Тоҷикистон берун мешаванд. Аммо аксари онҳо аз хонаи истиқоматӣ, ки тибқи қонун барояшон пешбинӣ шудааст, бебаҳра мемонанд. Дар пайдо кардани ҷойи кор низ мақомдорон ба онҳо кумак намекунанд. Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳрдории Душанбе ба ин суол, ки ин қишри ҷомеа бояд ба куҷо муроҷиат намояд, посухи саҳеҳ надоданд.

Мавсума Муинӣ, муовини шаҳрдори Душанбе, дар нишасти хабарии рӯзи 26-уми январ гуфт, “ин масъала аз тарафи гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроия баррасӣ мешавад, муҳлати омӯзиш мушаххас нест.”

Шамсиддин Мирзоев

Дар Тоҷикистон барои онҳое, ки сабти иқомат надоранд, пайдо кардани ҷойи кор тақрибан ғайриимкон аст. Ин афрод барои раҳоӣ аз гуруснагӣ ночор ба корҳои вазнин ва камдаромад машғул мешаванд.