Тифле аз вилояти Фарғонаи Узбакистон, ки аз баданаш 16 сӯзан ёфтанд, феълан дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Тошканд бистарист. Пизишкони Маркази ҷумҳуриявии илмии кумаки тиббӣ дар Тошканд рӯзи 25-уми январ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вай дар ҳолати беҳушии дараҷаи аввал қарор дорад ва эҳтимоли зинда монданаш хеле кам аст.
Ҳоло Додситонии вилояти Фарғона таҳқиқи ин ҳодисаро шуруъ кардааст ва модари кӯдак таҳти бозҷӯист.
Табибон оғози ҳафтаи равон аз бадани тифли 11-моҳае дар вилояти Фарғонаи Узбакистон шонздаҳ сӯзан ёфтанд. Ин сӯзанҳо беш аз як моҳ дар ҷисми кӯдак будаанд. Намояндаи Вазорати тандурустии Узбакистон рӯзи 22-юми январ ба расонаҳо гуфт, ин сӯзанҳо замоне пайдо шуданд, ки модари тифл ба табибон муроҷиат ва ӯро ташхис ё рентген намуданд.
Пизишкони Маркази ҷумҳуриявии илмии кумаки тиббӣ дар шаҳри Тошканд мегӯянд, вазъи ин тифл бисёр вахим аст ва онҳо барои наҷоти ҷонаш талош доранд. "Тифл дар ҳолати комаи дараҷаи аввал аст. Эҳтимоли зинда мондани ӯ хеле кам аст", - гуфт яке аз пизишкон дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ.
Ин хабар сарусадо ва баҳсҳои зиёдеро ба по кардааст. Ҳамагӣ мехоҳанд ба ин суол посух бигиранд, ки чӣ гуна шонздаҳ сӯзан дар ҷисми кӯдак ҷой гирифтааст?
Пизишкон мегӯянд, худи тифл мустақилона ин сӯзанҳоро фурӯ бурда наметавонад. Гузашта аз ин, ба иттилои онҳо, меъдаи тифл ҳеч осеб надидааст. "Касе аз тариқи пӯсти кӯдак ин сӯзанҳоро дар тани ӯ ворид кардааст. Инро бояд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушаххас кунанд", - гуфт яке аз пизишкон, ки нахост номаш бурда шавад.
Ҳоло Додситонии вилояти Фарғона таҳқиқи ин ҳодисаро шуруъ кардааст ва модари кӯдак таҳти бозҷӯист.
Падари ин тифли ёздаҳмоҳа аз ноҳияи Ташлақи вилояти Фарғона чанде пеш аз Русия баргаштааст. Вай рӯзи 25-уми январ ба хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар муҳоҷират буд ва аз қазияи чигуна ба бадани кӯдак ворид шудани сӯзанҳо хабар надорад.
Ҳоло ҳамагӣ чашму гӯш ба тарафи додситонии вилояти Фарғона ҳастанд, то асли қазияро рӯи об барорад.
Пизишкон мегӯянд, то кунун аз бадани ин тифл 13 сӯзанро берун овардаанд ва бо назардошти синну солаш, тасмим гирифтанд, ки се сӯзани боқимондаро дертар бигиранд.