Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди 162 кӯдак аз модарони тоҷики мубтало ба ВИЧ


Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар як соли ахир беш аз 160 кӯдак дар Тоҷикистон аз модарони мубталои ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан ба дунё омадаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, занони мубталои HIV ё вируси норасоии масунияти бадан дар як соли ахир 162 кӯдак ба дунё овардаанд. Аммо дар маҷмӯъ аз соли 1990 то ба имрӯз дар Тоҷикистон аз модарони гирифтори ин беморӣ 531 тифл таваллуд шудаанд, ки 5 нафари онҳо мубтало ба ин бемориянд.

Зарринаи 28-сола мегӯяд, баъд аз марги шавҳари нашъамандаш аз вай ба ӯ вируси HIV ва ду фарзанд мерос мондааст, ки то ҳанӯз наметавонад ин доғро аз номи худ ва ҷигарбандонаш бишӯяд. Ӯ гуфт, маълумоти олӣ надорад ва дар рӯзҳои аввали огоҳӣ аз ин беморӣ зиндагӣ барояш камранг гашт. Аммо бо нигоҳ ба чашмони ду тифли маъсум, ки ниёз ба меҳру навозиши модар доштанд, даст ба кор шуд.

Ба фарқ аз Заррина, Нигораи 29-сола мутбалои ин беморӣ нест, аммо мегӯяд, ягона писараш дар соли 2011 бинобар хунукназарии пизишкон ба ин маризӣ печидааст. Нигораро низ шавҳараш бо фарзанди бемор дар даст ва саропо аз мушкил дар нимароҳ танҳо гузоштааст.

Нигора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама муддат танҳо ӯву Худо медонад, ки чӣ рӯзҳои сахтеро пушти сар кардааст. Ин мусоҳиби мо меафзояд, "дар Қарияи Боло дар гардани писарам сӯзан гузаронида буданд. Ҳарчанд аз ман пул гирифта ваъда доданд, ки сӯзани навро истифода мекунанд, аммо дар асл сӯзанашон олуда будааст. Бар замми ин, писари ман “дсп” яъне маъюб аст."

Ба гуфтаи Нигора, дар ин рӯзҳои сангин волидайн дар бараш буданд ва ҳоло писари 4-солааш бо истифода аз доруҳои зидди ретровирусӣ худро беҳтар ҳис мекунад.

Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан, тайи чанд соли ахир маҳз занону кӯдакон нисбат ба ин маризӣ заъфпазир шудаанд. Тибқи таҳлили ин марказ, муддати як соли ахир гирифторони вируси Эйч Ай Ви - СПИД дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар зиёд шудаанд. Агар як соли пеш теъдоди мубталоёни ин беморӣ 5 ҳазору 500 нафар буд, ҳоло ин рақам ба 6 ҳазору 558 нафар расидааст, ки аз ин миён 30 дарсади онҳо занонанд.

Татяна Маҷидова, як масъули Маркази мубориза алайҳи СПИД, рӯзи 12 март зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе гуфт, тибқи таҳлили онҳо ҳамакунун 60 дарсади ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ин маризӣ тариқи алоқаи ҷинсӣ сурат мегирад ва 69,4 дарсади мубталоён синни репродуктивӣ, яъне аз 19 то 39 сол доранд.

Ба қавли Маҷидова дар 5,5 дасради ҳолатҳо гузариши ин вирус аз модар ба кудак сабт шудааст. Ин модарон аслан, занони муҳоҷирон, "кормандон"-и фаҳшо ва афроди нашъаманд будаанд.

Севара Комилова
Севара Комилова

Гуфта мешавад, бо таваҷҷӯҳ ба ин сироятёбии навзодон дар бархе мавридҳо аз шири олуди модарон сурат мегирад, ки ҳамакнун ин кӯдакон бо шири сунъӣ таъмин мегарданд. Аммо Севара Комилова, раҳбари созмони “Гули сурх” мегӯяд, як тарҳи муштараки онҳо бо барномаи кудакони Созмони Милал ва ё Юнисеф, ки бевосита барои кор бо занон ва кӯдакони гирифтори ВИЧ равона шуда буд, нишон дод, дар баъзе маврид шавҳарон монеи муолиҷаи занони ҳомиладорашон мешаванд.

Дар зимн, бар пояи тағйиру иловаҳои ахир ба қонуни Тоҷикистон дар бораи афроди мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан, ки чанд моҳ пеш аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, бояд барои кӯдаконе, ки аз занҳои олуда ба СПИД ба дунё меоянд, то 18-моҳагӣ кумакпулӣ муайян шавад.

Ин дар ҳолест, ки то кунун ҳукумати кишвар дар мубориза бо ин маризӣ ҳамасола ҳудуди 11 миллион сомонӣ ҷудо мекунад. Ҳамчунин интизор меравад, дар се соли оянда ба хотири ҷилавгирӣ аз маризиҳои сироятӣ ва аз ҷумла Вич-CПИД 30 дарсади мабалағи буҷа равона гардад.

XS
SM
MD
LG