Як рӯҳонии маъруф аз вилояти Хатлон барои интиқод аз татбиқи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаеви 68-сола (Эшони Мӯҳтадӣ)-ро баъди бозгашт аз шаҳри Екатеринбурги Русия бозпурсӣ кардаанд. Аммо санаи ин бозпурсӣ барои мо маълум нест.
Падари ман ҳамеша бо халқ асту меҳнат мекунад, ҳеҷ гоҳ бар зидди сиёсат суҳбат намекунад. Ин видеоро кӣ гузоштааст ва барои чӣ? Мо намедонемАҳмадҷон Аҳмадхоҷаев
Эшони Муҳтадӣ моҳи августи имсол, баъди як рӯзи пайдо шудани навори амри маъруфаш, ки дар он башиддат аз сиёсати динии ҳукумат интиқод мекард, ба Русия рафта буд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми сентябр гуфтанд, сипас мақомот ӯро аз Русия ба Тоҷикистон даъват карданд, то сӯҳбаташро шарҳ диҳад. “Ӯ рӯзи 25-уми август, ҳамагӣ баъди се рӯзи дар Русия будан ба Тоҷикистон баргашт”, - гуфт як ҳамсӯҳбати мо.
Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев дар видеое, ки аввалҳои моҳи августи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, аз мақомот интиқод кард. Ӯ гуфт, мақомот забҳи чорворо манъ мекунанд, сатри занонро мегиранд ва риши мардонро метарошанд. Ин гуфтаҳо сару садои зиёдеро ба по кард.
Вале худи Эшони Мӯҳтадӣ дар суҳбат ба мақомоти ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст, ин садои ӯ набуд, балки “як видеои таҳрифшуда мебошад”. Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, рӯзи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин рӯҳонӣ вазифаи масъул надошт, аммо чун масҷиди маҳалларо худаш сохта буд, тарафдорони зиёде дошт.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, “эшон дар сӯҳбат бо мақомот гуфтааст, суҳбате, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, нагуфта буд. Як видеои таҳрифшуда аст.”
Убайдуллои Файзулло мегӯяд, баъд аз даъвати мақомот ва бозпурсӣ шудани Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев ӯ дар озодӣ аст ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Дигар масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ низ гуфтанд, ки алайҳи Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев ҳоло бо хабарнигорон сӯҳбат намекунад. Вале қаблан дар як навори видеоӣ гуфт, бо даъвати писараш ба Русия рафта буд ва сӯҳбате, ки аз номи ӯ бар зидди қонуни танзими расму ойинҳо дар интернет гузошта шуд, туҳмат аст. Аҳмадҷон Аҳмадхоҷаев, писари Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳаққи падараш туҳмат кардаанд.
“Падари ман ҳамеша бо халқ асту меҳнат мекунад, ҳеҷ гоҳ бар зидди сиёсат суҳбат намекунад. Ин видеоро кӣ гузоштааст ва барои чӣ? Мо намедонем. Падари ман аслан бар зидди сиёсати ҳукумат сӯҳбат намекунад”, - афзуд ӯ.
Мӯҳтадӣ Аҳмадхоҷаев, ки бо номи Эшони Мӯҳтадии Қаротегинӣ маъруф аст, аввал дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба сар мебарад. Ӯ як китоби панду андарзҳоро барои ҷавонону наврасон навишта, ба табъ расондааст. Дар ҳукумати ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ гуфтанд, ки ӯ чанд сол қабл як мактаб сохта буд.