“Пора” ва қаллобӣ – парвандаи ду вакили собиқ дар тарозуи додгоҳ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол (Табошаҳри пешин) – Содат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов – оғоз кард, ки ба пешниҳоди “пора” ва қаллобӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо тақрибан 4 моҳи қабл аз тарафи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуда, дар ҳабс қарор доранд.

Баҳси беш аз 200 ҳазор доллар

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.

Як муфаттиши огоҳ аз қазия рӯзи даҳуми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин парванда пойи Акбар Исмоилов, сокини шаҳри Истиқлол ва дар гузашта ронандаи Саодат Шарифзода, низ кашида шудааст. Ӯ гуфт, қазия аз онҷо об мехӯрад, ки чанд сол пештар як шаҳрванд барои хусусӣ кардани чанд иншооти давлатӣ, аз ҷумла боғчаи бачагона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гумонбарон беш аз 200 ҳазор доллар дода, дар иваз чизе нагирифтаст.

“Баъд аз онки гумонбарон ба ваъда вафо намекунанд, ин мард ба Оҷонсии зиддифасод шикоят кардааст. Вақте кормандони Оҷонсӣ қазияро тафтиш мекунанд ва ҳолатҳои тақаллубкорӣ ошкор мешавад, Ҳасанов ва Шарифзода ба кормандони оҷонсӣ ду ҳазор доллар пешниҳод мекунанд. Вақти додани «пора» дастгир шуданд”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.

Гумонбарон гуфтаанд, иттиҳом асос надорад

Бинои Додгоҳи шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Вале гумонбарон дар мурофиаи додгоҳӣ ин иддаоро бепоя номида, рад карданд. Мурофиаи парвандаи ин гурӯҳи сенафарӣ дар толори додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, баъдан рӯзи 5-уми сентябр дар бинои боздоштгоҳи нигаҳдории муваққатӣ (СИЗО 2)-и шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Саодат Шарифзода ва Равшан Ҳасанов сокинони шаҳри Хуҷанд буда, замони боз шудани парванда ба соҳибкорӣ машғул будаанд. Равшан Ҳасанов қаблан муддате дар шаҳри Истиқлол зиста, дар онҷо хонаву дар доштааст. Аз Шарифзода ба ҳайси соҳиби фурӯшгоҳе дар Хуҷанд ном мебаранд.

Таҳмина Раҳимова, вакили дифои Саодат Шарифзода, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ва ҳамроҳони ӯ иттиҳомро қабул надоранд. Ҳамза Ҳакимзода, вакили дифои Равшан Ҳасанов, гуфт, зерҳимояи ӯ низ иддаои пешниҳоди ришва ба мақомотро сохта донистааст.

Ду вакили саховатпеша

Боз шудани парванда алайҳи ду вакили собиқи маҷлиси шаҳри Истиқлол ва ба маҳбас андохтани онҳо замони тафтиши қазия барои сокинон ва мақомоти ин шаҳр ғайричашмдошт будааст. Чунки онҳо ин ду нафарро ҳамчун шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша мешинохтаанд.

Нисо Умарова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҳукумати шаҳри Истиқлол, охири ҳафтаи гузашта, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шарифзода ва Ҳасанов ба мардум наздик ва меҳрубон буданд ва аз сокинони камбизоат ва муҳтоҷ ёрии худро дареғ намедоштанд. Онҳо аз мо рӯйхати одамони камбизоатро гирифта, ёрии ғизоӣ мерасонданд. Дар мактабҳо ҳар гуна озмунҳо гузаронда, ба ғолибон тӯҳфаҳо медоданд.”

Банди 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба «порадиҳанда» ҷарима ё то 10 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Барои “қаллобӣ” низ ҷарима ё аз 2 то 12 соли ҳабс бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.