Раиси “Барқи тоҷик”: Бо ҷониби Эрон мушкил надорем. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулони “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки қарзи ин ширкат аз нирӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба 62 миллион доллар расидааст ва онҳо ин миқдор пулро бар асоси як ҷадвали замонӣ пардохт мекунанд. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 1-уми август дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин ҷадвал дар ҷараёни кори Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон имзо шудааст.

Нирӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шудааст

“Дар сурати беҳтар шудани вазъи молии ширкат тамоми маблағи қарзро давра ба давра пардохт мекунем. Дар ин замина мо бо ҷониби Эрон ва маъмурияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” мушкил надорем”, - афзуд ӯ.

Дар пайи сардии равобит миёни Эрону Тоҷикистон бархе аз намояндагони порлумону Вазорати умури хориҷии Эрон ба кӯтоҳии давлати Тоҷикистон дар пардохти қарзҳои нирӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки бо сармояи Эрон бунёд шудааст, ишора мекунанд. Аз ҷумла, дар охири моҳи гузашта Муртазо Саффории Натанзӣ, вакили порлумони Эрон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Хонаи миллат” ин мавзӯъро матраҳ кард.

Нирӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, дар аввал қарор буд дувоздаҳуним сол дар ихтиёри Эрон бимонад. Дертар, дар соли 2014, эълон шуд, ки ин муҳлат ду соли дигар дароз шудааст. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз ду агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадоме онҳо ба 110 МВт баробар аст.

Дар зарфи ду соли ахир равобити Тоҷикистону Эрон сард шудааст. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон “ғайб задаанд” ва даъвати раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон омилҳои аслии сарди миёни ду кишвар дониста мешавад.