Дарёи Панҷ ғарқшудагонро ба куҷо бурд?

Наимҷон Саъдуллоев

Бо гузашти шаш рӯз аз ғарқшавии 3 нафар бо заврақе дар дарёи Панҷ (дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз) ҳанӯз ному нишоне аз онҳо нест. Наздикони бархе аз ғарқшудаҳо баъди ҷустуҷӯи бенатиҷаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода худ ба суроғи онҳо рафтаанд.

Капитани вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, як моҳи пеш барои кор ба Дарвоз рафт

Нуъмон Саъдуллоев, бародари Наимҷон Саъдуллоев, афсари Вазорати дифои Тоҷикистон ва яке аз се нафари ғарқшуда ахиран бо ин ҳадаф ба ноҳияи Дарвоз рафтааст. Ӯ мегӯяд, аз Дарвоз то Шӯрообод (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) 11 соат пойи пиёда гашт, то нишоне аз бародарашро пайдо кунад, аммо ба чизе муваффақ нашуд.

Аз Мастчоҳ то Дарвоз - дар ҷустуҷӯи бародар

Наимҷон Саъдуллоев, афсари 30-солаи Вазорати дифоъ, рӯзи 16-уми июл ҳамроҳ бо 6 нафари дигар бояд тавассути заврақе, ки барои кумак ба мардуми аз сел осебдидаи Дарвоз фиристода шуда буд, ба деҳаи Ширговад мегузашт. Заврақ аз кор монд ва дар натиҷа чаҳор нафар наҷот ёфтаву 3 каси дигар ба об рафтанд.

Нӯъмонҷон Саъдуллоев, бародари Наимҷон, рӯзи 22-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ин хабар аз тариқи расонаҳои интернетӣ огоҳ шуд. Аммо ҳатто вақте исми бародарашро дар ин миён дид, бовар накард ва роҳи Дарвозро пеш гирифт. “Ба телефонаш занг задам, ҷавоб надод. Хостам равам дар ҷойи ҳодиса аз шоҳидон ва сокинони маҳал бипурсам. Рафтам ва ин хабар тасдиқ шуд. Аз мардум илтимос кардем, ки барои дарёфти ӯ ба мо кумак кунанд. Бо намояндагони комиссариати ҳарбии Шӯрообод назди дарёро пурра гаштем, кофтем”, - нақл кард ӯ.

Дархости кумак аз имом-хатибон

Нӯъмонҷон бо ҳасрат мегӯяд, намехоҳад ба Мастчоҳ, ба назди падару модар, ки ҳар лаҳза дар интизори хабаре аз писарашон ҳастанд, дасти холӣ баргардад. Волидони Наимҷон баъди чанд рӯзи ҳодиса аз тариқи рӯҳониёни деҳа аз ҳодиса огоҳ шудаанд ва интизоранд, ки ҳадди ақалл бори охир ҷисми беҷони фарзандашонро дида ва ӯро дар зодгоҳ ба хок месупоранд.

Наимҷон Саъдуллоев

Бародари Наимҷон ҳам ҳоло аз тамоми ниҳодҳои масъул, ба вижа аз Вазорати дифоъ, ки 10 сол ӯ дар онҷо хидмат кардааст, хоҳиш мекунад барои пайдо кардани Наимҷон аз тадбирҳои муҳимтару муассир кор гиранд. Нӯъмонҷон, инчунин, ба Маркази исломӣ расман муроҷиат карда, хостааст, бо даъвати имомхатибон сокинони деҳаҳои атрофи дарёи Панҷ барои пайдо намудани Наимҷон ба онҳо кумак кунанд.

"На духтарро наҷот дода тавонистанд, на худро"

Наимҷон Саъдуллев 30 сол дошт ва дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Бино ба нақли бародараш, ӯ баъди хатми мактаб дар зодгоҳ таҳсилро дар донишкадаи ҳарбии Душанбе идома дод ва баъдан дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба фаъолият шурӯъ кард. Ӯ бештар дар минтақаҳои наздимарзӣ ба безарар кардани минаҳо машғул буд. Нӯъмонҷон мегӯяд, бародараш агарчӣ медонист, касбаш пурхатар аст, касбашро дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ аз инки ин роҳро интихоб кард пушаймонӣ накардааст.

Капитани вазорати дифоъ, Наимҷон Саъдуллоев, як моҳи пеш барои ифои вазифа ба Дарвоз сафарбар шудааст. Ба минтақаи селзадаи Ширговад ҳам ӯ барои тарконидани кӯҳпорпаҳо ва роҳкушоӣ рафтааст. Ҳамкасбонаш дар Дарвоз ба Нуъмонҷон гуфтаанд, дар заврақ ӯ ба хотире нишаст, ки ба таркиши навбати омодагӣ медид ва бояд ҷойи онро пайдову дақиқ мекард. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки эҳтимоли зинда

берун омадани Наимҷон ба соҳил вуҷуд дошт, аммо ӯ ва як намояндаи вазорати умури дохилӣ барои наҷоти духтари 10-солае кӯшиш карданд ва маҷрои пуршӯри об барояшон имкони наҷоти ҷони духтарак ва ҷони худашонро надод.

"Ҷустуҷӯ ҳанӯз идома дорад"

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади се нафар дар дарёи Панҷ идома дорад. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 22-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наҷотдиҳандагон ва ғаввосони ин ниҳод ҳар рӯз то фарорасии торикӣ дарёи Панҷ ва атрофи онро кофтукоб мекунанд.

Аммо ба таъкиди Умеда Юсуфова, баландшавии маҷрои об дар ин рӯзҳо ба ҷустуҷӯи онҳо мушкил эҷод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, барои пайдо кардани ҷасадҳои ғарқшуда ҳамчунин мақомоти умури дохилӣ, марзбонони ноҳия, сокинони маҳаллӣ ва мақомоти масъули Афғонистон низ ҷалб шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар 6 моҳи ахир 63 нафар дар Тоҷикистон ғарқ ва ҳалок шудаанд. Ҳамасола дар пайи наҷоти афроде, ки зери хатар қарор доранд, чандин нафар аз наҷотбахшон низ мефавтанд.

Наҷотбахшон ҳам на ҳамеша наҷот меёбанд

Аз ҷумла, зимистони имсол ҳашт корманди ширкати IRS ҳангоми поккории роҳ аз тарма бо ду техникаи вазнин зери барф монданд. Дар пайи ин ҳодиса се нафари онҳо дар зери тарма ҷон бохтанд.

Наимҷон Саъдуллоев яке аз афсароне, ки зимни адои вазифа дар Дарвоз ғарқ шуд, аз худ ду фарзанд нишона монд. Бародари ӯ Нуъмонҷон тасмим дорад, рӯзҳои наздик волидон ва зану фарзандони ӯро ба Дарвоз, ба маҳалле барад, ки охирин рӯзҳои зиндагиаш Наимҷон онҷо кор ва ба осбедидагон кумак мекард.

Бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон рӯзи 16-уми июл дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз, дар баробари капитани Вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, Анвар Ёдалиев – корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон ва Фирӯза Акобирова – сокини 10-солаи ноҳияи Дарвоз ғарқ шуданд.