Дар пайи боронгариҳои зиёд дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент беш аз 70 хона зери обу лой монда, сокинонаш ба манзили хешовандон кӯч дода шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки зарари расидаро ҳисоб мекунанд.
Ҳамаи чораҳоро меандешем, ки зудтар хонаҳои сокинонро аз лойу гил тоза кунем ва онҳо тавонанд ба ҳавлии худ баргарданд.
“Сел тақрибан деҳаро вайрон кард”
Сокинони Амондара мегӯянд, боронгариҳои шадид баъд аз нисфирӯзии 26-уми июн шурӯъ шуда, дар натиҷа оби дарёчаи деҳа аз соҳилҳо берун рафтааст. Онҳо гуфтанд, ки дар баробари инки сел хисороти зиёд ба дунбол дошт, бархе аз мардумро дар ҳолати тарсу нигаронӣ қарор додааст.
Навори видео дар инҷост:
Яке аз сокинони Амондара дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “селоб тақрибан тамоми деҳаро валангор кард ва мо аз ин вазъ дар ҳолати нигаронӣ мондем.” Сокини дигари Амондара гуфт, сел дар баробари вайрон кардани хонаҳо чандин чорвои мардумро низ бо худ бурдааст.
Раиси ноҳия: Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест
Ислом Зиёдзода, раиси Панҷакент, рӯзи 28-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз чанд соати вуқӯи ҳодиса аз маҳалли офати табиӣ дар деҳаи Амондара дидан кардааст. Ӯ гуфт, дар ин ҳодиса хушбахтона касе осеб надид ва ҳар хисороте, ки ҳаст, бештар маишӣ ва марбут ба хонаҳои мардум аст. Ӯ гуфт, “ҳамаи чораҳоро меандешем, ки зудтар хонаҳои сокинонро аз лойу гил тоза кунем ва онҳо тавонанд ба ҳавлии худ баргарданд. Инчунин, барояшон ёрии моддӣ мерасонем.”
Мутахассисон мегӯянд, мушкил ин аст, ки борон бошиддат бориду зуд ба сел мубаддал шуд ва гирифтани пеши роҳи он имкон надошт. Имрӯз ҳам техникаи хадамоти изтирорӣ дар деҳа осори селро тоза мекард.
Комиссия зарарро ҳисоб мекунад
Парвиз Амонов, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Панҷакент, ки низ дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, гуфт, “ин офати табиӣ ба роҳу заминҳои кишт ва хонаи сокинон хисороти ҷиддӣ расонд. Ҳоло маъмурони мо машғули рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ ҳастанд. Комиссияи ҳукуматӣ кори худро ҳанӯз анҷом надодааст ва мо мехоҳем ҳаҷми хисоротро зудтар муайян кунем.”
Ҳукумати Панҷакент мегӯяд, ба 68 осебдида равған, шакар, орд ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалия додааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷои ҳодиса бахши "табиби навбатдор"-ро ҳам ба роҳ мондаанд, то дар сурати зарурат, ба мардум кумак расонанд. Барои кумак дар поккории деҳ низомиёни яке аз қисмҳои ҳарбии маҳаллӣ ҳам ҷалб шудаанд.
Дар пайи офатҳои табиии соли 2017 дар Тоҷикистон, ки бештар ба мавсими зимистон рост омад, беш аз 30 нафар ҷон бохтанд.
Соли гузашта дар натиҷаи сели харобиовари баҳорӣ дар Панҷакент се нафар ҷони худро аз даст доданд. Хисороти молии аҳолӣ 34 миллион сомонӣ ҳисоб шуда буд.
Аз аввали сол дар офатҳои табиӣ беш аз 30 нафар ҷон бохтанд
Дар пайи офатҳои табиии соли 2017 дар Тоҷикистон, ки бештар ба мавсими зимистон рост омад, беш аз 30 нафар ҷон бохтанд.
Тоҷикистон дар зимистон ва баҳори имсола шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид шуд. Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд. Бар асари резиши ярч дар деҳаи Порвори ҷамоати Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) 5 хона комилан вайрон шуда ва ҳудуди 20 хонаи дигар қисман осеб дид.
Аммо бо фаро расидани фасли баҳор ҷойи тармафароиҳоро селу ярч иваз карданд. Сел дар деҳаи Камчати ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз нимаи моҳи апрел як модару кӯдакро қурбон кард. Дар ҳамон моҳ дар ноҳияи Ашт низ як модар бо кӯдакаш қурбонии селоб шуданд.