Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пайвандон ва ҳамсоягони Гулмурод Ҳалимов талош доштаанд, ба Афғонистон бираванд ва он ҷо ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд.
Ба гуфтаи мақомот ин афрод хостаанд, аз тариқи минтақаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон ба ин кишвар бираванд.
Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Наим Раҳмонов, ҳамдеҳаи Гулмурод Ҳалимов зоҳиран бо як узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон дар иртибот будааст ва хешовандону ҳамсоягони фармондеҳи фирориро ба кишвари ҳамсоя ҳидоят кардааст. Тамос бо ин фардро бародарзодаи Ҳалимов, ки дар Адигея боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, барқарор кардааст.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, чун бародарони Ҳалимов таҳти назорат қарор доштанд, онҳо алоқаҳои худро ба воситаи Наим Раҳмонов, ки аз хешони дур ва ҳамдеҳагони онҳо буд, ба роҳ мондаанд.
"Вақте бародарзодаи онҳо истирдод шуд, инҳо тарсиданд, ки фош мешаванд. Аз Афғонистон, нафаре, ки ҳоло номаш ба тафтишот маълум нест, онҳоро роҳ нишон додааст",-гуфт ӯ.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нисфирӯзии рӯзи чоруми июл инҳо тариқи як мошини навъи Старекс, ки то ҳашт нафарро меғунҷонад, ба роҳ баромадаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ин нақша огаҳ шуда, онҳоро пайгирӣ кардаанд.
Вақте бародарзодаи онҳо истирдод шуд, инҳо тарсиданд, ки фош мешаванд. Аз Афғонистон, нафаре, ки ҳоло номаш ба тафтишот маълум нест, онҳоро роҳ нишон додааст.
Як манбаи дигари Радиои Озодӣ гуфт, инҳо вориди ноҳияи Восеъ шуда, ба зери Кӯҳи Намак, ки роҳи камодам аст, ба самти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ раҳсипор шудаанд, ки каме дуртар аз деҳаи Ибратӣ, кормандони пулис пеши роҳи онҳоро гирифтаанд.
Аммо ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ онҳо ба кормандони пулис итоат накарда, фирор кардаанд. Се нафар, ки баъдан солим боздошт шуданд, вориди деҳа мешаванд, вале ин чор нафар дохили пахтазор шуда, талоши фирор мекунанд. Ҳангоми пайгирӣ дар дохили пахтазор вақте ба онҳо наздик мешаванд, Султонмурод ба Анвар Ҳусейнов бо корд зарба зада, боз мехоҳад гурезад, ки парронда мешавад. Ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳуҷуми Султонмурод ба як корманди пулис бо корд ва тарси ин ки онҳо ба Афғонистон мегузаранд, мавриди тирборон қарор мегиранд. Манобеи Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи қонун вақте афроди мавриди таъқиб хатарноканд ва ба таслим шудан итоат намекунанд, корманди милиса ҳақи тир кушодан дорад. Дар натиҷа, Султонмурод Ҳалимов -- бародари 53-солаи Гулмурод Ҳалимов, ки гуфта мешавад, зери раҳбарии ӯ наздиконаш тасмими ба Афғонистон рафтан доштанд, дар задухӯрд бо маъмурони амниятӣ кушта шудааст. Султонмурод Ҳалимов то пайвастани бародараш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”, дар мактаби деҳаи Дараи Фонӣ омӯзгор буд.
Мақомоти интизомӣ аз ҷумла вазорати умури дохилӣ то кунун дар бораи муноқиша дар ноҳияи Восеъ хабаре нашр накардаанд ва аз додани иттилоъ дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Муноқиша чӣ гуна сурат гирифт?
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ин задухӯрд Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов ва ду ҳамcояашон – Афзал Абдурашидов ва Наим Раҳмонов – кушта шудаанд. Алӣ Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов зинда дастгир шуда, феълан дар боздоштанд.
Манобеи расмӣ рӯзи 5-уми июл гуфтанд, дар ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ ё УБОП низ захмӣ шудааст. Онҳо гуфтанд, ки Анвар Ҳусейнов аз наздикии шуш бо корд зарб хӯрда, баъди ҷарроҳӣ вазъияташ хуб аст.
Моҳе аз ин пеш додгоҳи шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Гулмурод -- писари Гулмурод Ҳалимовро бо гуноҳи омодагӣ барои ҷиноят ва зархаридӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, ӯ мехост, ба Сурия рафта ба падараш бипайвандад.
Фирор ба Сурияву пайвастан ба ДИИШ
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.
Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.
Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.