Чойҷӯш аз "гилза". Осори ҷанг дар хонаи сокинони Қавоқ. ВИДЕО

Тирҳои холии тӯпхонаҳои замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 20 сол боз дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ), ҳаммарз бо Афғонистон, нақши асбоби рӯзгорро мебозанд. Мардум аз “гилза”-и тӯпҳо, ки фулузоти мустаҳкам доранд, барои худ зарфи чойҷӯшонӣ, бухорӣ ва ҳатто косаи хамир сохтаанд.

Зуд чойро меҷӯшонад. Дар се-панҷ дақиқа чойро меҷӯшонад. Арӯсакаш мегӯем, чаққонакаш мегӯем.

"Аз дара тири пушкаҳоро меовардем"

Қавоқ аз нуқтаҳои доғи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва постгоҳи марзии русҳо, ки дар чандкилометрии деҳа қарор дошт, пайваста аз он сӯи марз гулӯлаборон мешуд. Дар деҳаи Қавоқ беш аз 100 хонавода зиндагӣ мекунанд ва ҷанг, ки онҳоро фақиру нодор карда буд, аз тирдонҳо барои худ асбоби рӯзгор сохтанд ва то ҳол онҳоро ба кор мебаранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чойҷӯш аз "гилза". Осори ҷанг дар ҳар хонаи деҳаи Қавоқ

“Гилза”-ҳои холии тир аз ҷанги дудаҳсола пеши Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Солҳои 1993 сокинон баъди ҳар набарди нерӯҳои ҳукумат ва мухолифинаш тирҳои холиро аз саҳроҳо ҷамъ мекарданд. Давлатмоҳ Абдуллоева, сокини 66-солаи деҳаи Қавоқ, 23 сол боз бо чойҷӯше, ки аз тирдони тӯпхона сохта шудааст, об меҷӯшонад. Ӯ рӯзи 22-юми июн гуфт, “ҷанг ҷанг аст, даҳшат аст. Мо аз дара тири пушкаҳоро оварда, асбоби чойҷӯшӣ кардем. Зуд чойро меҷӯшонад. Дар се-панҷ дақиқа чойро меҷӯшонад. Арӯсакаш мегӯем, чаққонакаш мегӯем. Барои тез чой ҷӯшонданаш”, - гуфт Давлатмоҳ Абдуллоева.

Давлатмоҳ Абдуллоева

Осори ҷанг дар ҳар хона

Давлатмоҳ Абдуллоева мегӯяд, ин тирдонҳо, ки 20 сол пеш бо садои ваҳшатнок деҳаро такон медоданд, осори ҷанги шаҳрвандианд ва дар хонаи аксар сокинони Қавоқ вуҷуд доранд. “Метарсидему меларзидем, лекин боз худамонро боқувват мегирифтем. Худамонро дилпурӣ медодем, ки аз пуштамон одам ҳаст, нигоҳубин мекунанд”, - мегӯяд Давлатмоҳ.

Сафар Раҳматови 54-сола омӯзгори мактаби деҳаи Қавоқ аст. Ӯ соли 1993-ро хуб дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд, пас аз ором шудани вазъ, мардум аз ҷангалу ғорҳо “гилза”-ҳоро ҷамъ оварданд. Раҳматов гуфт, “хулоса, вақте хатми даргириҳо дар инҷо тирҳои холишуда, яъне "гилзаҳо" боқӣ монданд. Фаҳмидем, ки тутаи дудбаро ва чойҷӯш мешавад. Вақте ҳаминро мебинем, давоми 25 сол, ҳамон замони тарсу ларз ба ёдамон меояд",- гуфт ӯ.​

Бо силоҳ метавон кушт ё василаи зиндагӣ сохт

Асламхон Ашӯрови 76-сола хуб ёд дорад, ки мардуми Шӯроободи пешин дар кадом вазъият барои сохтани асбоби рӯзгор аз гилзаи пушка ба ӯ муроҷиат мекарданд. “Роҳҳо баста буданд ва тунука набуд. Мардум гилза меоварданд ва мо барояшон асбоби рӯзгор, ба мисли чойҷӯш, тутаи печ, асбоби хамиршӯрӣ омода мекардем. Ҳоло дигар гилза ҳам нест ва масолеҳ барои сохтани чойҷӯш фаровон шудааст”, - гуфт ӯ.

Бо ин ҳол, мардум мегӯянд, ҳамин зарфҳо нишон медиҳанд, ки метавон аслиҳаро на фақат барои куштан, балки барои зиндагӣ ҳам истифода кард.

Мухолифини мусаллаҳ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини ҳозира (Шӯроободи собиқ) то охири соли 1993 бо марзбонон даргириҳои алоҳида доштанд ва талоши ворид шудан ба шаҳри Кӯлобро мекарданд. Пас аз онки дар 13-уми июни соли 1993 ин гурӯҳ ба дидбонгоҳи 12-ум ҳамла карданд, амалиёти русҳо ҷиддитар шуд ва охири сол онҳоро пурра аз ҳудуди Шӯрообод ба Афғонистон ба ақиб заданд.