Ӯ мегӯяд, дигар наметавонад, ба хонаи худ, ба деҳаи Қавоқ биравад, зеро моҳе пеш кормандони мақомоти интизомӣ ва масъулони ҷамоати Саричашмаи ноҳия ӯро аз деҳа берун кардаанд ва барояш иҷозаи бозгашт намедиҳанд.
Берун кардани ин муйсафеди 72-сола бо ҳамроҳии ҳамсараш аз ин деҳа дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки чаҳор фарзандаш бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳабс шуда, яке аз онҳо дар маҳбас фавтидааст.
Аммо Ғоиб Қурбонов мегӣяд, ӯро ба он хотир аз деҳа бурун мекунанд, ки гӯё бо қочоқчиёни афғон ҳамкорӣ ва ба онҳо кӯмак мекунад.
Ӯ афзуд, ки воқеан ба қочоқчиёни афғон замоне, ки таҳдидаш кардаанд нон додааст, вале ин корро фақат аз тарси кушта нашудан кардааст: «Мегӯянд, ки ту барои афғонҳо хӯрок мебарӣ. Ба афғонҳо рости гап, гурусна мемонӣ, вале ба онҳо нон медиҳӣ, зеро онҳо яроқ доранд ва гапашонро нагирӣ тамом. Ҳо, аз тарси ҷон дигар чӣ кор мекунӣ. Ман як одами оддиям, на ба онҳо ҳамкорӣ дорам ва на маводи мухаддир мефурўшам. Барои ҳамин қадар кор мегӯянд, ки туро бадарға мекунем. Гуфтанд, ба Данғара рав, аммо рафтам, онҳо гуфтанд, ки дар ин ҷо замин нест, ҳоло. Хайр, дигар ин зану кӯдакро ба хонаи кӣ барам? Хешу табор як рӯз раҳ медиҳанд ё ду рӯз.»
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шўрообод, ки деҳаи Қавоқ шомили он аст, "бадарға" кардани Ғоиб Қурбоновро аз ин деҳа рад мекунанд. Саидҷаъфар Асроров, раиси ҷамоати Саричашма мегўяд: «Кормандони амният рафта фақат ӯро муҳокима карданд, вале касе ӯро пеш накардааст ва то ҳанўз ў дар қайди ҷамоат ҳаст.»
Масъулон мегўянд, воқеан миёни сокинони деҳоти наздимарзӣ барои ҳамкорӣ накардан ба қочоқчиён идома дорад. Аскаршо Наврӯзов, сардори шўъбаи амнияти ноҳияи Шӯрообод низ ҳолати пеш кардани як сокин аз деҳаи Қавоқро рад мекунад.
Ҷаноби Наврӯзов гуфт: «Ҳолати аз минтақа пеш кардани ҳамин шаҳрванд бо номи Бобои Ғоиб асос надорад. То ҳол дар ин бора маълумоте дастраси мо нашудааст.»
Аммо бобои Ғоиб мегӯяд, масъулини ҷамоати Саричашма аз ин ҳодиса хуб огаҳӣ доранд. Ӯ мегўяд, тасмими пеш кардани ў аз деҳа дар ҳоле гирифта шуд, ки барои озодии Мирзо Бобоев аз
гаравгонии афғонҳо талош кардааст ва шоҳиди раҳоии ў бар ивази маблағ гаштааст. Ғоиб Қурбонов мегўяд, дар ҳоле, ки гаравгони озодшуда ва наздиконашро чизе нагуфтаанд, ўро барои роҳ нишон додан барои озодии ў ба пурсиш даъват карданд ва масъалаи берун карданаш низ аз ин ҷо сар задааст.
Аксари сокинони деҳаи Кавоқ масъалаи аз деҳа пеш кардани Ғоиб Қурбоновро тасдиқ мекунанд. Як сокини ин деҳ, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, ба хориҷ шудани бобои Ғоиб аксари мардум низ ризо ҳастанд, зеро ў ҳамроҳи фарзандонаш бо маълумотҳои асосноку беасос, аксари сокинонро пушти панҷара кардаанд.
Ин шахс афзуд: «Дар вақташ бачаҳояш бо милисаву дигар мақомот ҳамкорӣ доштанд ва дар бораи ҳама маълумот медоданд. Вақте, ки маълумот доданд ва ҳама ҳабс шуд, навбати худашон ҳам расид. Барои ҳамин корҳояш бисёри мардум дигар намехоҳанд, дар миёни мардум бошад. Калонсолони деҳа низ ба хориҷ шудани ў розӣ ҳастанд.»
Аммо як сокини дигар гуфт, дар ин ҷо набояд ҳама бору гунаҳро дар сари як нафар бор кард. Ба гуфтаи ў, воқеан, фарзандони бобои Ғоиб дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст дошта, бо қочоқчиён ҳамкорӣ менамуданд. Вале ў мегўяд, бояд пеш аз ҳама нафари дигаре гунаҳкор бошад, ки ба марзшикании қочоқчиён ва то ба деҳоти наздисарҳадӣ мусоидат кардааст.
Ин нафар ҳам, ки нахост номашро ифшо шавад гуфт: «Дар баробари бобои Ғоиб ин ҷо дигаронро низ гунаҳкор мекунанд. Ҳоло нафаронеро, ки солҳои пеш гўё бо қочоқчиён робита доштаанд, мепурсанд. Охир мардум аз маводи мухаддир ҳеҷ фоида надидааст ва онҳо гуноҳ ҳам надоранд.»
Ба афғонҳо рости гап, гурусна мемонӣ, вале ба онҳо нон медиҳӣ, зеро онҳо яроқ доранд ва гапашонро нагирӣ тамом. Ҳо, аз тарси ҷон дигар чӣ кор мекунӣ...