Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майор пас аз 9 соли фирор боздошт ва зиндонӣ шуд


Пас аз нӯҳ соли фирор Баҳриддин Иброҳимов, собиқ сардори дидбонгоҳи «Себандӣ» дар ноҳияи Шӯрообод боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои 13 сол равонаи зиндон гардид.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки майор Баҳриддин Иброҳимов ҳангоми фаъолият ҳамчун сардори дидбонгоҳи сарҳадии «Себандӣ», ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор даст задааст. Имрӯз, 21-уми июн аз ҳукми Додгоҳи ҳарбии Хатлон даҳ рӯз гузашт ва ҳамакнун он ба қувваи қонун даромад.

Баҳриддин Иброҳимов соли 2004 бо воситаи додарарӯсаш Қурбонов Маҳмудҷон, бо тахалуси «Миша» то деҳаи Қоқободи ноҳияи Восеъ беш аз 22 килограм афюнро меорад ва дар хонаи Нурмадов Муруватшоҳ пинҳон мекунанд. Маводи мухаддир аз хонаи Нурмадов пайдо мегардад ва ӯ пас аз боздошт «бори Иброҳимов» будани ин миқдор маводи мухаддирро тасдиқ мекунад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим

Пас аз боздошти додарарӯсаш ва Нурмадов Муруватшоҳ, Иброҳимов ба Русия фирор мекунад ва моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми дар ватан будан аз ҷониби кормандони умури дохилӣ боздошт мешавад.

Дидбонгоҳи «Себандӣ», ки Баҳриддин Иброҳимов дар он фаъолият дошт, наздики деҳаи Қавоқ, ки онро «деҳае дар чорроҳаи маводи мухаддир» низ ном мебаранд, ҷой гирифтааст.

Додараруси Иброҳимов бо тахалуси «Миша» пас аз зиндонӣ шудан дубора авф мешавад, вале ҳоло бинобар гумонбар донистани ӯ дар муомилоти маводи мухаддир, дубора дар пайгард қарор дорад.

Зиндони шудани сардори як дидбонгоҳ бо маводи мухаддир, ки худ бояд аз интиқоли маводи мухаддир ҷилавгирӣ кунад, баҳси даст доштани мақомот дар интиқолу фурӯши маводи мухаддирро сари забонҳо мекунад. Аксаран, дар баҳсҳои додгоҳӣ собит шудааст, ки кормандони мақомот талош мекунанд, то ин корро бо воситаи сокинони оддӣ анҷом бидиҳанд.

Саидраҳмон Назриев, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, дар ду соли ахир беш аз даҳ ҳолате расман сабт шудааст, ки мақомот дар интиқоли маводи мухаддир дар вилояти Хатлон даст доранд. Дар мурофиаҳои додгоҳӣ аксаран собит шудааст, ки маводи мухаддиро нафароне, ки дар мақомот кор мекунанд, мехоҳад, ба дасти сокинони оддӣ интиқол диҳанд.

Ҷаноби Назриев мегӯяд: «Дар вилояти Хатлон чанд тан аз мақомдорон бо далели даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир ҳабс шуданд. Агар бо онҳое, ки дар мақомот кор мекунанд ва даст ба ин кор мезананд, бо чунин шева муносибат шавад, фикр мекунам, интиқоли маводи мухаддир ба маротиб коҳиш меёбад.»

Ба гуфтаи ин рӯзноманигор чунин ба назар мерасад, ки дар чанд соли ахир дигар сокинони оддӣ бидуни ба интиқолу фурӯшӣ маводи мухаддир ба миқдори бузург даст намезананд. Танҳое ҳолатҳое истисност, ки ҳангоми боздошт иқрор мешаванд, ки нафаре аз мақомот ба мисли Иброҳимов онҳоро ба ин кор ҷалб кардааст.
XS
SM
MD
LG