Таҳқиқи куштори Сомону Иброҳим то як моҳи дигар дароз шуд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи занозании ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахтро, ки дар пайи он ду нафар кушта шуд, барои як моҳи дигар дароз кард.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор ҷинояти ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст.

Ба қавли мақомоти тафтишот, бо таваҷҷуҳ ба ноболиғ будани боздоштшудаҳо ва дархости падару модари онҳо, эҳтимол нисбат ба баъзеи ин ҷавонон моддаҳои сабуктар аз “куштор” татбиқ шавад. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи 20 ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "куштор" муттаҳам дониста мешаванд.

Як муфаттиши гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда бо пешниҳоди волидон ва вакилони мудофеи ҷавонон аз нав баррасӣ мешавад. Бар пояи пешниҳоди волидон ва вакилони дифоъ, парвандаи онҳое, ки дар куштор бевосита даст надоранд ва ё дар лаҳзаи занозанӣ ҳузур доштаанду қасди кушторро надоштанд, бозбинӣ сурат гирад.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, “бо назардошти ин, мӯҳлати тафтиши парванда то даҳаи аввали моҳи июл дароз шуд ва баъди баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол мешавад”.

Вакили мудофеъ Абдуқаюм Юсуфов, ки аз ҳаққи Саидҷон Ҳакимов ҳимоят мекунад, гуфт, тафтишоти парванда дар мавриди мушаххас кардани ҷурми аслии боздоштшудаҳо як дигаргунии ҷиддӣ дар ҷараёни тафтишот аст. Вай гуфт, “дар ин сурат, ҷавононе, ки дар ҳодиса ҳузур дошта, аммо даст ба куштор назадаанд, шояд бо ҷазои дигар маҳкум шаванд.”

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин занозанӣ соати даҳи шаби 2 январи имсол миёни ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-юми пойтахт рух дода, дар натиҷаи он Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич (1998) ва Шарифов Сомон Шарофиддинович (1999) аз захмҳои амиқ ҷон бохтаанд.

Абдуқаюм Юсуфӣ

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри хабарномаи расмӣ гуфтанд, ки муноқиша ҷанбаи “авбошӣ” дошт. Онҳо гуфтанд, “гурӯҳи ҷавонписарон бо ҳадафи ба якдигар расондани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ "корд", "оҳан" ва "битта" гирифта, дар шаҳраки 104-ум якдигарро задаанд. Онҳо муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”

Дар аввал гуфта мешуд, ин занозанӣ миёни хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст. Вале масъулони Вазорати маориф гуфтанд, баъзеи ин хонандагон пас аз хатми синфи нӯҳ аз мактаб баромада, занозаниашон ба таҳсилу мактаб ҳеҷ рабт надорад.

Сомон Шарифов, яке аз қурбониёни занозании моҳи январ дар пойтахт

Баъдан гуфта шуд, ки гӯё ин ҷавонҳо дар назди як маркази компютерӣ занозанӣ кардаанд. Ба дунболи ин, мақомот рафтани мактаббачагон ба марказҳои букмекерӣ ва бозиҳои компютериро манъ карда, танҳо дар моҳи феврал ба дари 72 марказ барои роҳ додани ноболиғон қуфл заданд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор ҷинояти ҷавонон ва ноболиғон сабт шудааст.